Нақш ва ҷойгоҳи зан дар хонавода ва ҷомеа аз нигоҳи Оятуллоҳ Хоманаӣ

Раҳбари инқилоб дар дидори ҳазорон нафар аз занону духтарони ҶИЭ фармуд: рӯйкарди тамаддуни ғарбӣ барои ҳаёти зан, дар ду омили судҷӯӣ ва лаззатҷӯӣ хулоса мешавад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори ҳазорон нафар аз занону духтарони ҶИЭ фармуд: ғарб, занро дар ду омили судҷӯӣ ва лаззатҷӯӣ хулоса мекунад.

Раҳбари инқилоби исломии ҶИЭ дар дидори ҳазорон нафар аз занону духтарон, ба табйини дидгоҳи мантиқӣ ва ақлонии Ислом дар бораи абъоди мухталифи ҳузури занон дар хонавода ва фаъолияти номаҳдуди онон дар ҷомеа, сиёсат ва мудириятҳои сатҳҳои гуногун пардохтанд ва таъкид карданд: дар Ислом роҳи ҳар навъ фаъолияти иҷтимоӣ барои занон ҳамчун мардон боз аст, ба шарти риояти ду ҳассосияти муҳим, яъне мавзуи хонавода ва муроқибат аз хатари ҷозибаҳои ҷинсӣ.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор, ки дар остонаи валодати ҳазрати Фотимаи Заҳро(с) анҷом шуд, азамати шахсияти бонуи ду оламро ғайриқобили дарк хонд ва афзуд: бар асоси ҳадиси мӯътабар, Худованд аз хашми Ҳазрати Фотима(с) ба хашм меояд ва аз хушнудии Ӯ хушнуд мешавад, ки болотар аз ин, ҳеҷ фазилате барои инсон қобили тасаввур нест; бинобарин ҳаркас ризояти Парвардигорро мехоҳад, бояд ба тавсияҳо, дарсҳо ва ҷиҳатгириҳои он ҳазрат дар хонавода ва дар ҷойгоҳ духтарӣ, модарӣ, ҳамсарӣ, ва дар арсаи иҷтимоъ ва сиёсат амал кунад.

Ишон ҳувияти зан, арзишҳо, ҳуқуқ, таклифҳо, озодиҳо ва маҳдудиятҳои ӯро масъалаи ҳаётӣ ва бисёр таъйинкунанда донистанд ва гуфтанд дар қиболи ин масъала бисёр муҳим, ду рӯйкарди куллии ғарбӣ ва исломӣ дар ҷаҳон вуҷуд дорад, ки муқобили ҳам ҳастанд.

Раҳбари инқилоби исломӣ бо ишора ба гурези низоми тамаддунӣ ва фарҳангии ғарб аз мубоҳиса дар бораи масоили муҳими занон афзуд: ғарбиҳо чун дар бораи занон мантиқе надоранд, дар қиболи ҳар савол ва мавзуъ, талош мекунанд ҳарфи худро бо ҷанҷол, харидани шахсиятҳои сиёсӣ ва ғайрисёсӣ истифодаи абзорӣ аз ҳунар ва адабиёт ва фазои маҷозӣ, ва тасаллут бар марказҳои байналмилалӣ марбут ба занон ба пеш баранд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба омори расмии ваҳшатофарини фасоди ахлоқӣ дар ғарб гуфт: чаро ҳар масъала, ки хонаводаро нобуд мекунад, рӯз ба рӯз дар ғарб барҷастатар мешавад ва дар муқобил, ҳеҷ тақбеҳ ва бархурди ҷиддӣ бо эътирозгарон ба занони боҳиҷоб сурат намегирад.

Ишон мувоҷеҳаи Ислом бо масъалаи занро дуруст баръакс бархурд ғарб, мантиқӣ ва истидлолӣ хонда ва афзуд: масъалаи зан яке аз нуқтаҳои қуввати Ислом аст ва набояд тасаввур шавад, ки мо бояд дар масъалаи зан посухгӯ бошем.

Раҳбари инқилоби исломии ҶИЭ баробарии зан ва мард дар масъалаи каромат ва арзишҳои инсониро аз муаллифаҳои мантиқи қавӣ ва ақлонии Ислом донист ва гуфт: дар арзишҳои инсонӣ ва уруҷи маънавӣ, зан ва мард мутлақан бар якдигар тарҷеҳ надоранд ва ҳар ду бо истеъдоди мушобеҳ ва ба мизони ҳиммати худ қодир ба тай кардани маротиби уруҷи маънавӣ ҳастанд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: дар заминаҳои маънавӣ, Худованд дар Қуръон ҳатто гоҳе занро бар мард тарҷеҳ дода ва заноне монанди ҳамсари Фиръавн ва ҳазрат Марям(а)-ро ба унвони улгӯ барои ҳамаи инсонҳои муъмин муаррифӣ кардааст, ки ин рӯйкард барои нафйи ҳолати бартариталабии мардон ба далели шароити моддӣ ва ҷисмонии онҳо аст.

Ишон ҳузур дар ҷомеа ва масъулиятҳои иҷтимоиро аз дигар арсаҳои нақшофарини яксони зан ва мард хонд ва афзуд: ба таъбири Имом Хумайнӣ, дахолат дар сиёсат ва муқаддароти асосии кишвар ҳаққ ва таклифи занон аст, зимн инки бар асоси ривоятҳо, пардохтан ба умури ҷомеа аз ҷумла аҳамият додан ба умури мусулмонон, монанди масъалаи имрӯзи Ғазза, вазифаи ҳамагон аст, бинобарин дар эҳсоси вазифа ва масъулияти умумӣ, тафовуте байни зан ва мард вуҷуд надорад.

Раҳбари инқилоби исломии ҶИЭ вазоифи хонаводагиро масъалае донист, ки зан ва мард бо таваҷҷуҳ ба имконот ва зарфиятҳои ҷисмӣ ва рӯҳии худ вазоифи мутафовите доранд ва афзуд: бар ин асос шиори «баробарии ҷинсиятӣ» , ки бархе ба шакли мутлақ баён мекунанд ғалат, ва ончи саҳеҳ аст «адолати ҷинсиятӣ» аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба мафҳуми адолат яъне қарор додани ҳар чиз дар ҷойи худ, вазоифи ихтисосии зан, монанд фарзандоварӣ ва парвариши фарзандро мутаносиб бо сохти рӯҳӣ, ҷисмӣ ва отифии зан хонд ва гуфт: агарчи вазоифи хонаводагии зан ва мард мутафовит аст, аммо ҳуқуқи хонаводагии онҳо бино бар тасреҳи Қуръони Карим яксон аст.

Ишон хонаро маҳалли оромиш ва осоиши зан хонд ва таъкид кард: рафторҳои бади шавҳар монанд баддаҳонӣ ё осеб задани ҷисмӣ ҳаргиз қобили қабул нест.

Оятуллоҳ Хоманаӣ роҳи мувоҷеҳа бо ингуна осебҳои даруни хонаводаро тасвиби қавонини муҷозотии сахт донист ва бо ишора ба дар ҷараёни тасвиб будани қонуне дар маҷлис, гуфт: ин қонун бояд думбол шавад ва мо ҳам супориш мекунем, то муҷозоти сахте барои мардоне, ки муҳити хонаро барои зан ноамн мекунанд, дар назар гирифта шавад.

Ишон бо ишора ба вуҷуди саволҳое дар бораи ҳузури занон дар машғалаҳои гуногун ва мудириятҳои иҷтимоӣ ва давлатӣ, таъкид карданд: дар ин арса низ масъалаи ҷинсият матраҳ нест ва ҳеҷ маҳдудияте барои ҳузури занон вуҷуд надорад.

Раҳбар инқилоби ҶИЭ шоистасолориро танҳо милоки вогузории масъулиятҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба занон ва мардон донист ва гуфтанд: дар ҷое монанди вазорат ё намояндагии маҷлис агар бонуи ботаҷриба ва корбалади беҳтар ва шоистатаре вуҷуд дорад, аз назари Ислом ҳеҷ маҳдудияте барои мансабдор шудани ӯ вуҷуд надорад.

Ишон шарти ҳузури занон дар машоғилро маҳрум нашудани онҳо аз машғалаи асосии занона яъне хонадорӣ ва фарзандоварӣ ва модарӣ хонд ва гуфт: ҳатто бархе машоғил монанди пизишкӣ ва муаллимӣ барои занон ва духтарон воҷиби кафоӣ аст ва агар гоҳе иштиғоли зан бо хонадорӣ, фарзандоварӣ ва лавозими он, таоруз пайдо мекунад, масъулони кишвар бояд роҳи ҳалле пайдо кунанд, ки ҳеҷ як аз ин ду вазифа замин намонад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: албатта ин вазоиф қобили ҷамъ аст ҳамчунин ки занони нухба ва муваффақеро дар бахшҳои илмӣ ва иҷроӣ мешиносем, ки фарзандони хубе низ тарбият кардаанд.

Ишон пас аз таъкид бар ифои вазоифи хонаводагии зан, дувумин ҳассосияти Ислом дар масъалаи ҳузури иҷтимоии занро хатар ва лағзишгоҳи ҷозибаҳои ҷинсӣ донист ва гуфт: яке аз ҷанбаҳои таъкиди Ислом бар рӯи ҳиҷоб эҷоди маҳдудият барои хатари ҷозибаи ҷинсӣ аст, ки ин ҳассосият бояд риоят шавад. Бинобарин ҳиҷоб маҳрумият нест, балки навъе бархурдорӣ ва боиси ҳифзи амнияти зан аст.

Раҳбари инқилоби ҶИЭ, нақши модариро муҳимтарин ва бартарини нақшҳо дар хилқати башар ба иллати тазмини идомаи насл ва ҳаёти инсон баён кард ва афзуд: ин тасаввур, ки кори хона аз қабили пухту паз ва шустушӯ вазифаи зан аст, комилан ғалат аст ва дар хонавода корҳо бояд бо тафоҳум анҷом шавад, ҳамчунон ки бархе мардҳо ҳастанд, ки дар кори хона ба занон кумак мекунанд.

Масъалаи синни издивоҷ мавзуи дигаре буд, ки Оятуллоҳ Хоманаӣ, назари Ислом дар бораи онро парҳез аз ба таъхир андохтан ба синҳои болотар хонд ва гуфт: албатта ин ба маънои издивоҷ кардани кӯдакон нест, балки яъне духтар ва писар ҳарчи зудтар издивоҷ кунанд, беҳтар аст.

Ишон пешрафтҳои занон дар бахшҳои мухталифи илмӣ, адабӣ, варзишӣ ва ҳунарӣ дар давраи исломи шудани Эронро беш аз даҳ баробар қабл аз инқилоби исломӣ хонд ва гуфт: бо вуҷуде, ки мо ҳанӯз натавонистаем кишварро ба маънои воқеӣ исломӣ кунем ва кишвар, исломии нимакора аст, ин муваффақиятҳо ҳосил шудааст ва дар сурати иҷрои комили Ислом ин тавфиқҳо чанд баробар хоҳад шуд.

Раҳбари инқилоби исломии ҶИЭ дар поёни суханонашон бо ишора ба дар пеш будани интихоботи муҳим дар ин кишвар, нақшофаринии занон дар ин арсаро дар ҷомеа ва хонавода зарурӣ хонд ва гуфт: муҳимтарин нақши шумо дар дохили хона ва тарғиб кардани ҳамсар ва фарзандон ба фаъол будан дар масъалаи интихобот ва таҳқиқи дуруст аст, бахусус, ки занон дар бархе масоил аз ҷумла шинохти ашхос ва роҳбурдҳо ва ҷараёнҳо, дақиқтар ва зарифтар аз мардҳо ба саҳна нигоҳ мекунанд, бинобарин метавонед дар шинохти номзадҳои интихоботӣ ва ташвиқ ба ҳузур дар пеши сандуқҳои раъй, нақши муҳиме ифо кунед.

Занзани мусулмонзанониздивоҷИнқилоби Исломии ЭронинтихоботМардмардонОятуллоҳ Хоманаӣҳамсаронҳиҷоб
Comments (0)
Add Comment