Сабабҳои афзоиши ихроҷи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ аз Аврупо

Фаъолони ҳуқуқи башар тасмими Фаронса ва Олмонро дар бораи ихроҷи чанд паноҳҷӯ ба Узбекистон ва Тоҷикистон танқид карданд.

Фаъолони ҳуқуқи башар тасмими Фаронса ва Олмонро дар бораи ихроҷи чанд паноҳҷӯ ба Узбекистон ва Тоҷикистон танқид карданд. Аз қаламрави Иттиҳоди Аврупо рондани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар солҳои охир афзудааст. Чаро?

Моҳи апрели соли 2020. Дар шаҳри Монтерои Фаронса як хона оташ гирифт. Чанд нафар ба ошёнаи сеюми бино баромада, пирамардеро наҷот доданд. Яке аз онҳо Мӯҳсинҷон Аҳмадов, шаҳрванди Узбекистон, буд.

Фаронса рӯзи 14-уми ноябри 2023 ӯро ба Узбекистон ронд. Ҷое, ки ба иттиҳоми ифротгароӣ дастгир шудааст ва эҳтимол бист сол зиндонӣ шавад. Худаш парвандаро сохта медонад.

Додгоҳи Фаронса рӯзи 7-уми декабри имсол ихроҷи паноҷҳӯи узбекистониро ғайриқонунӣ донист. Бар асоси он, Мӯҳсинҷон Аҳмадов ҳақ дорад, ки аз давлати Фаронса ҷуброн бигирад. Ҳукумат дар навбати худ вазифадор шудааст, ки барои баргардондани ӯ аз Узбекистон чора биандешад.

Надежда Атаева, раиси Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ, қароргоҳаш дар Фаронса, мегӯяд: “Мо шоҳиди афзоиши ин гуна “депортатсия”-ҳо ҳастем.” “Маълумот дорем, ки танҳо Шветсия дар моҳи августи имсол 83 узбекро ихроҷ кардааст. Шаҳрвандони Қирғизистонро низ. Ин бемасъулиятии комили кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аст”.

Созмони зери раҳбарии Атаева ҳамроҳи Кумитаи Норвежии Ҳелсинкӣ ва Ҳамкории Байнулмилалии Ҳуқуқи Башар рӯзи 13-уми декабр дар баёнияе ихроҷи Мӯҳсинҷон Аҳмадовро хилофи Конвенсияи Аврупо дар мавриди ҳуқуқи башар донистан, тасмими Парижро маҳкум карданд. Дар изҳорот ба кушта шудани дастикам 12 нафар аз шиканҷа дар боздоштгоҳҳои Узбекистон дар се соли охир ишора шудааст.

Мӯҳсинҷон Аҳмадов тақрибан ҳашт сол пеш аз кишвараш берун шуд. Пас аз ҳодисае, ки зиндагии дуредгари собиқро тағйир дод ва ӯро аз зану ду фарзандаш ҷудо кард.

Маъмурони милисаи Узбекистон дар моҳи Рамазони соли 2015 ба хонаи Аҳмадов даромада, ӯро дастгир ва бо шиканҷа бозпурсӣ карданд. Аз Аҳмадов хостаанд, ки узвияташро дар гурӯҳи исломии “Ҳизби Таҳрир” (мақомоти Узбекистон ифротӣ медонанд ва дар Тоҷикистон ҳам мамнуъст) эътироф кунад.

Дар замони раҳбарии президенти нахустини Узбекистон Ислом Каримов (соли 2016 даргузашт) пайваста ба зидди рӯҳониён амалиёт сурат мегирифт. Он замон Департаменти давлатии Амрико Узбекистонро дар робита ба озодиҳои динӣ дар қатори кишварҳои марвиди нигаронии хос ҷой дода буд. Ин мақом танҳо баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев бардошта шуд.

Мӯҳсинҷон Аҳмадов ба гуноҳ эътироф накард. Маъмурони милиса ӯро бо захмҳои баданаш ба хона ҷавоб доданд. Вақте модараш ҷароҳатҳоро дид, исрор кард, ки алайҳи шиканҷагарон ба додситонӣ ариза нависад. Эҳтимол пас аз ин кор маъмурони милиса алайҳи Аҳмадов парвандаи ифротгароӣ кушоданд.

Далели мақомот, ба гуфтаи Надежда Атаева, наворе будааст, ки ҳангоми бозпурсӣ гуё аз дохили телефони ӯ ёфтаанд. Аҳмадов иддао дорад, ки наворро маъмурони милиса дар хотираи телефонаш ҷой додаанд. Дар видео Тоҳир Юлдошев тасвир ёфтааст, ки на ба “Ҳизби Таҳрир”, балки ба Ҳаракати Исломии Узбекистон рабт дорад. Ин гурӯҳи ифротӣ қасди сарнагун кардани Каримов ва таъсиси давлати исломиро дар Узбекистон дошт. Бино ба гузоришҳо, Юлдошев дар соли 2009 мурдааст.

Вакили мудофеи Мӯҳсинҷон Аҳмадов бо дидани чунин иттиҳом ба ӯ маслиҳат додааст, ки аз кишвар равад. Вай аввал ба Санкт-Петербург рафт ва сипас ба Эстония фирор кард. Мақомоти ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо ба ӯ иҷозаи кор доданд, аммо ҳаққи паноҳандагӣ надоданд.

Аз ин рӯ, дар соли 2019 тасмим гирифт, ки ба Олмон ва Фаронса равад. Дар Монтерои Фаронса, як шаҳри наздикии Париж, кор ёфт ва дар як ҳуҷра бо чанд муҳоҷири чечен мезист. Қаҳрамонии Мӯҳсинҷон Аҳмадов ҳангоми наҷоти як пирамард аз байни оташ ба ӯ ва ҳамсоягонаш шӯҳрат овард.

Расонаҳои фаронсавӣ дар бораи муҳоҷирон навиштанд; шаҳрдори Монтеро медал дод; муроҷиатнома дар бораи ба онҳо додани иҷозаи доимии кору зиндагӣ дар Фаронса 30 ҳазор имзо ҷамъ овард. Аммо Аҳмадов аз паноҳандагӣ маҳрум ва, баръакс, ба рӯйхати шахсоне дохил шуд, ки ба амнияти Фаронса таҳдид мекунанд. Вай се моҳро дар ҳабс гузаронд, сипас муддати дароз зери назорати пулис буд. Дертар ба зодгоҳаш ронда шуд.

Баъзе аз шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, ки дар ватани худ “душман” эълон шудаанд, барои қонунӣ кардани ҳузури худ дар кишварҳои аврупоӣ ба душвории зиёд дучор мешаванд. Ҳуқуқдон Лайло Нозгул-Сайитбек, раиси созмони “Озодӣ барои АвруОсиё” дар Вена мегӯяд, “дар кишварҳои ғарбӣ тамоюле вуҷуд дорад, ки иттиҳомоти эълоншударо алайҳи паноҳҷӯён амиқ намеомӯзанд.”

“Онҳо ҷиноятҳои ифротгароӣ ё террористиро мебинанд ва дарҳол мошини истирдод ё “депортатсия” ба кор медарояд,” – афзуд ӯ. Аммо, ба қавли Лайло Нозгул-Сайитбек, он чи дар Осиёи Марказӣ ба он ифротгароӣ меноманд, бо таърифе, ки кишварҳои аврупоӣ истифода мебаранд, мувофиқат намекунад.

Ин ҳомии ҳуқуқ ба унвони мисол аз қазияи як шаҳрванди Тоҷикистон ёд овард, ки ҳоло масъалаи ихроҷаш аз Словакия матраҳ аст.

Лайло Нозгул-Сайитбек шарҳ дод:

“Парвандаи зидди ӯ қисман бар пояи навиштае дар Фейсбук омода шудааст. Гуё муаллиф навиштааст, “Бигзор мақомоти Тоҷикистон дар дӯзах бисӯзанд”. Чунин изҳорот, ҳарчанд нохушоянд аст, ифротгароӣ ё терроризм нест”.

Аммо маҳз барои ҳамин навъи “ифротгароӣ” (танқиди ҳукумат дар Интернет) дар солҳои охир бисёре аз тоҷикон баъди истирдод аз Аврупо ба муҳлатҳои дароз зиндонӣ шудаанд. Ду ҳафта пеш гурӯҳи мухолифи “Гурӯҳи 24” гуфт, ки Олмон яке аз фаъолонаш Билол Қурбоналиевро ба далели нақзи қонуни муҳоҷират аз ин кишвар ронд.

Қурбоналиев фаъоли дувуми мухолифон аст, ки имсол Берлин ба Душанбе фиристод. Олмон моҳи январ Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддин Саидов, яке аз намояндагони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ихроҷ карда буд. Вай дар Душанбе ба зиндон маҳкум шудааст.

Греди Вон, пажӯҳишгари Freedom House, мегӯяд, иштироки Қурбоналиев дар эътирозҳо алайҳи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Берлин ӯро дар шароити бад гузошта.

Тақрибан як моҳ пас аз ихроҷи Мӯҳсинҷон Аҳмадов, додгоҳи Фаронса қарори ихроҷи ӯро бекор кард. Илова бар ин, додгоҳ вазирони корҳои дохилӣ ва хориҷии Фаронсаро вазифадор кард, ки ҳарчи зудтар барои бозгардондани ӯ аз ҳисоби давлат тамоми чораҳои заруриро андешанд.

Надежда Атаева мегӯяд:

“Ин қарор қобилияти эътироф кардани Фаронсаро нишон медиҳад. Эътирофи хатоҳои давлатро, новобаста аз онки ба шаҳрвандони Фаронса дахл дорад ё ба хориҷиҳо… Тасаввур кардан душвор аст, ки ӯро аз Узбекистон чӣ гуна бармегардонанд. Ҳоло танҳо як роҳ маълум аст – музокирот байни дипломатҳои ду кишвар”.

Аҳмадов ҳоло дар вилояти Фарғонаи Узбекистон паси панҷара қарор дорад. Вай зодаи нахустини Осиёи Марказӣ нест, ки баъди ихроҷ шуданаш ба ватан додгоҳ тасмимро ғайриқонунӣ меномад.

Додгоҳи Австрия дар соли 2020 қарори мақомоти Венаро дар бораи ихроҷи фаъоли мухолифон Ҳизбулло Шовализодаро ба Тоҷикистон беэътибор донист. Ин дар ҳолест, ки ӯ дар Тоҷикистон ба гуноҳи ифротгароӣ ба 20 сол зиндон маҳкум шудааст.

 

АврупоМуҳоҷиронОсиёи марказӣ
Comments (0)
Add Comment