Афзоиши омори шуҳадои пизишк, парастор ва хабарнигор дар ҷанги Ғазза

Беш аз 300 нафар аз коркунони пизишкӣ ва дармонӣ ва беш аз 92 нафар хабарнигор аз оғози ҷанг дар Навори Ғазза ба шаҳодат расидаанд.

Ба гузориши хабаргузории маркази итилоъ расоонии “Фаластин”, сухангӯи ҳилоли Аҳмари Фаластин эълом кард, ки аз оғози ҷанг дар Навори Ғазза дар ҳафтуми октябр токунӯн беш аз 300 нафар аз коркунони пизишкӣ ва дармонӣ ва беш аз 92 нафар хабарнигор дар Навори Ғазза ба шаҳодат расидаанд.

Низомиёни ишғолгар ва ҷинояткори Исроил коркунони пизишкро дар бемористони Камол Удвон ҳам ҳадафи ҳамла қарор доданд. Саҳюнистҳои ҷинояткор ва кӯдаккуш токунӯн теъдоди зиёде пизишк аз ҷумла раиси бемористони Шифоро ҳам ба асорат гирифтанд ва теъдоди зиёде аз хабарнигоронро низ ба шаҳодат расонданд.

Соате пеш, раиси Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар суханоне бо эъломи нигаронӣ аз ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба марокизи дармонии Ғазза гуфт: «аз тахриби бемористони Камол Удвон дар шимоли Ғаззаи тайи ҳамалоти рӯзҳои гузашта бисёр ваҳшатзада ва нигарон ҳастем».

Раиси Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфт: «мо ба шиддати нигарони амнияти оворагоне ҳастем, ки дар сохтумони бемористони Камол Удвон паноҳ гирифта буданд ва ҳамалоте алайҳи ин оворагон бархилофи протоколҳои ҳуқуқӣ аст».

Ба гуфтаи раиси Созмони ҷаҳонии беҳдошт, системаи беҳдоштии Ғазза дар ҳолати фурӯпошии комил қарор дорад ва аз даст додани як бемористони дигари зарбаи сахте ба низоми дармонии ин минтақаи ҷанг задааст.

Соате пеш низ эълом шуд, ки тӯпхонаи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ бо ҳадаф қарор додани бемористони кӯдакон ва зоймон дар муҷтамаъи пизишкии Носир дар Хонюнус дар ҷануби Навори Ғазза боиси шаҳодати як нафар ва захмӣ шудани теъдоди дигар аз беморон ва афроди ҳозир дар бемористон шуд.

Сухангӯи вазорати беҳдошти Ғазза низ эълом кард, ки мо хостори мудохилаи фаврии неҳодҳои Созмони Милал барои ҳифозат аз бемористон Ал-Авда ва коркунони он ҳастем.

Ба гуфтаи сухангӯи вазорати беҳдошти Ғазза, неруҳои ишғолгар, мудири бемористони Ал-Авда, Аҳмад Маҳноро боздошт карда ва ӯро ба мақсади номаълуме бурданд.

Рӯзи гузашта низ, низомиёни ишғолгари режими кӯдаккуши саҳюнистӣ нишасти хабарии масъӯлони вазорати беҳдошти Навори Ғазза дар муҳавватаи бемористони вайрон шудаи “Камол Удвон” дар шимоли Навори Ғаззаро гулӯла борон карданд.

Саҳюнистҳо рӯзи гузашта ҳам дар ҷинояти ваҳшиёна ва муғоир бо қавонини байналмилалӣ ва маншурҳои ҳуқуқи башарӣ, даҳҳо маҷрӯҳи фаластиниро дар бемористони Камол Удвон дар шимоли Навори Ғазза бо булдузер вайрон карда ва онҳоро зинда зинда дафн карданд.

Афзоиши омори шуҳадои хабарнигори ҷанги Ғазза ба 92 нафар

Бо шаҳодати хабарнигори дигар дар Ғазза теъдоди шуҳадои хабарнигор дар ҷанги Ғазза ба 92 нафар афзоиш ёфт.

Ба гузориши манобеи хабарӣ дар Фаластини ишғолӣ, “Ҳанин Алӣ Ал-Қаштон”, хабарнигори фаластинӣ ҳамроҳ бо теъдоде аз аъзои хонаводааш дар бомбаборони урдӯгоҳи Ан-Насирот дар маркази Навори Ғазза ба шаҳодат расид.

Бо шаҳодати ин хабарнигор, шумори шуҳадои хабарнигор дар Ғазза аз оғози ҷанг ба 92 нафар афзоиш ёфт.

Соате пеш низ, раиси Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар суханоне бо эъломи нигаронӣ аз ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба марокизи дармонии Ғазза гуфт: «Аз тахриби бемористонҳо марокизи дармонӣ ва умумӣ дар шимоли Ғазза тайи ҳамалоти рӯзҳои гузашта бисёр ваҳшат зада ва нигарон ҳастем».

Раиси созмони ҷаҳонӣ беҳдошт гуфт: «Мо ба шиддати нигарони амнияти оворагоне ҳастем, ки дар сохтумонҳои бемористон паноҳ гирифта буданд ва ҳамалоте алайҳи ин оворагони бархилофи протоколҳо ҳуқуқӣ аст».

Ба гуфта раиси Созмони ҷаҳонии беҳдошт, системаи беҳдошти Ғазза дар ҳолати фурӯпошии комил қарор дорад ва аз даст додани як бемористони дигари зарбаи сахте ба низоми дармонии ин минтақаи ҷанг задааст.

Дируз низ вазорати беҳдошти Ғазза эълом кард, ки дар куштори ҷадиди режими хуношоми саҳюнистӣ дар Ҷабалиё дар шимоли Ғазза 19 нафар ба шаҳодат расиданд ва даҳҳо нафар ҳам маҷрӯҳ шуданд. Коршиносони ҳуқуқӣ эълом кардаанд, ки ончии режими ҷинояткори саҳюнистӣ дар Ғазза муртакиб шудааст, ҷинояти ҷангӣ алайҳи ғайринизомиён ва коркунони дармонӣ дар Ғазза аст.

Ҳамчунин манобеи фаластинӣ эълом карданд, ки се бемористони дигар дар шимоли Навори Ғазза аз кор афтод. Ин манобе эълом карданд, ки артиши режими ғосиби саҳюнистӣ атрофи бемористони Камол Удвонро вайрон кардааст.

 

Артиши режими саҳюнистӣ илова бар ин, манотиқи атроф мадориси оворагонро дар шарқи урдӯгоҳи Ҷабалиё ҳадаф қарор додааст ва тайи шаби гузашта 12 шаҳид ва шуморе захмӣ ба бемористони шуҳадои Ал-Ақсо мунтақил шуданд.

Ал-АқсоҒаззаНавори Ғаззапизишк ва хабарнигорРежими саҳюнистӣФаластитнхабарнигорҶабалиё
Comments (0)
Add Comment