Вазорат: Вуҷуди навъи нави коронавирус дар кишвар беасос аст

Вазорати тандурустӣ тавсия додааст, ки аз хостаи мутахассисони соҳа истифода карда ба маълумоти ҳангомасоз ва иғвоангез бовар накунанд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Вазорати тандурустии кишвар бо таъйид бемориҳои шадиди роҳҳои нафас дар миёни аҳолӣ, вуҷуди ҳар намуд вируси хатарнокро рад кард.

Дафтари матбуоти ин ниҳод маълумотҳое, ки ҳоло тариқи паёмрасонҳо паҳн мешавад, ки гӯё дар кишвар навъи нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар гардиш аст, беасос ва бидуни воқеият хонд.

Вазорат зикр кардааст: “Имрӯзҳо нафароне, ки бо нишонаҳои бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат мекунанд, аз онҳо ташхиси бемории COVID-19 гирифта мешавад. Хушбахтона, натиҷаи ташхисҳо нишон медиҳанд, ки то кунун дар мамлакат ягон нафар ба ин вирус гирифтор нест”.

Вазорат аз шаҳрвандон дархост кардааст, ки ба чунин маълумоти ҳангомасоз ва иғвоангез бовар накунанд балки бо истифода аз тавсияи мутахассисони соҳа худ ва наздиконашро аз бемориҳои шадиди роҳҳои нафас эмин нигоҳ доранд.

Гуфта мешавад, ки ҳамасола бо омадани мавсими сармо гирифторони бемориҳои шадиди роҳҳои нафас дар кишвар меафзояд, ки ин як ҳолати маъмулист.

Ба таъкиди мутахассисони соҳаи тиб, зуком бемории шадиди сироятии роҳҳои нафас ба шумор меравад ва ин беморӣ ашхоси тамоми синну сол, алалхусус, кӯдакону пиронсолон, ки масуният (иммунитет)- и заиф доранд, гирифтор мешаванд.

Мутахассисони соҳа табларза, ҳарорати баланд, дарди мушаку буғумҳо, сулфаи хушк ё балғамдор, зиёдшавии оби бини, маҳкамшавии димоғ, дарди гулӯ ва сустию беҳолиро нишоннаҳои ин беморӣ меноманд.

Дар баъзе ҳолатҳо бемор аз дарди гӯш шиква карда, аз иштиҳо мемонад. Баъзе кӯдакон зимни гирифторӣ ба зуком қай мекунанд, сусту беҳол мешаванд.

Таъкид шудааст, ки бемориҳои шадиди роҳҳои нафас дар натиҷаи шамолкашӣ сар мезананд. Зуком бо роҳи ҳавоӣ- қатраӣ дар натиҷаи муошират бо бемор сироят мекунад. Нахустин нишонаҳои зуком баъди 3-4 рӯзи сироятёбӣ маълум мешавад.

Табибон тавсия додаанд, ки дар сурати гирифторӣ лавозимоти истифодакунандаи беморро алоҳида бояд кард то ба дигарон нагузарад ва ба худдатбобаткунӣ набояд машғул шуду ба пизишкон муроҷиат кард.

Пеш аз ҳама, сачоқу зарфҳои чою ғизохӯрӣ ва бистари беморро алоҳида бояд кард, то ба дигарон сироят накунад. Худсарона истеъмол кардани ҳар гуна доруҳо, махсусан, антибиотикҳо, дуруст нест. Зеро зуком бемории вирусӣ аст ва истеъмоли антибиотикҳо нафъ намерасонад. Духтур ҳолати беморро дида, дору тавсия медиҳад.

Бемор бояд дар як шабонарӯз 8 соат хобад, истироҳат кунад. Дар давоми рӯз нӯшидани чойи сабзи гарм, чойи бобуна, настаран (хулул, хуч), мармарак, пудина, нозбӯ бо иловаи асал муфид аст. Барои мустаҳкам намудани масуният (иммунитет) чойи занҷабил (имбир) бо як қошуқча асал фоида дорад.

Истифодаи машруботи спиртию тамоку масуниятро заиф карда, хавфи гирифторшавии ҳар гуна бемориро меафзояд.

COVID-Omicron XBBкоронавирусТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment