Украина фосилаи зиёде бо шикаст надорад!

Таътилиҳои поёни сол наздик аст ва Конгресси ИМА фурсате то тасвиби кумакҳои нав ба Украина надорад ва Русия ҳам тамоми кумакҳоро беасар медонад.

Мақомоти аврупоӣ ва амрикоӣ арзёбӣ кардаанд, ки идомаи бунбасти Конгреси ИМА барои кумак ба Украина дар моҳҳои оянда ба фоҷеаое барои Киев табдил хоҳад шуд.

“Ҳеҷ тазмине дар хусуси муваффақият дар канори мо вуҷуд надорад, аммо қатъан онҳо бидуни мо шикаст мехӯранд”; яке аз мақомоти аршади низомии Амрико дар мусоҳиба бо шабакаи «CNN» ин суханонро дар тавсифи вазъияти Украина дар набард бо артиши Русия баён кард.

Дар шароите, ки кумакҳои нави низомӣ ба Украина ҳамчунон дар Конгресси Иёлоти Муттаҳида Амрико мутаваққиф шудааст, чандин тан аз мақомоти амрикоӣ ва аврупоӣ таъкид карданд, ки таваққуфи ин кумакҳо, таъсири тазъифкунандае бар дифои Украина хоҳад дошт ва дар идома чашмандози баландмуддати шикаст дар ҷангро барои ин кишвари аврупоӣ мутасаввир шуданд.

Яке аз дипломатҳои аврупоӣ дар бораи таъсири коҳиши кумакҳои низомӣ бар зидд ҳамлаҳои Киев дар шарқу ҷануби Украина гуфт: «агар ба думболи тасарруф ва ҳифзи қаламрави бештар ҳастед, анҷом шудани ин масъала бидуни ҳимояти Амрико душвор аст».

Аз тараф дигар, мақомоти ғарбӣ нигарон ҳастанд, ки камкорӣ ё таъхири бештар дар ҳимояти Иёлоти Муттаҳида бар кумакҳои дигари муттаҳидони Украина низ таъсири манфӣ бигузорад. Чанд рӯзи пеш Украина зарбаи дигареро аз сӯи Иттиҳоди Аврупо хӯрд, зеро Венгрия бо ирсоли кумакҳои бештари ин иттиҳодия ба Киев мухолифат кард.

Бино ба гузориши CNN, бисёре нигарон ҳастанд, ки агар Амрико ҳозир ба идомаи ҳимояти Украина набошад, кишварҳои аврупоӣ низ аз Вашингтон пайравӣ мекунанд. «агар ба ҷануб биравем, ҳампаймонони мо низ ҳамин корро хоҳанд дод», инҳо ҷумлаҳои раиси ҷумҳурихоҳи Анҷумани ҳизби Украина дар Конгресси Амрико аст.

Дар ҳоли ҳозир, созмонҳои иттилоотии ғарб дар ҳоли муҳосиба ҳастанд, ки Украина то чӣ замоне метавонад бидуни кумаки Амрико ва НАТО давом биоварад. Яке аз мақомоти аршади низомии Иёлоти Муттаҳида ҳисоб кардааст, ки Украина танҳо чандин моҳ давом хоҳад овард ва гуфт, ки бадтарин сенария аз як шикасти қобили таваҷҷуҳ ё ҳатто шикасти ин кишвар то тобистон вуҷуд дорад.

Нахуствазири Эстония Коё Колос аз Брюссел ба CNN гуфт: «мо дар ҳоли ҳозир наметавонем аз фарсудагӣ дар ҷанг сӯҳбат ба миён биоварем, зеро агар ин корро кунем ва таслим шавем, Путин пирӯз мешавад ва ин ба мафҳуми як фоҷеа барои ҳама аст ва ба мафҳуми ҷангҳо ва набардҳои бештар ва камбуди бештари маводи ғизоӣ аст».

Мақомоти амрикоӣ ва украинӣ ба CNN гуфтаанд, ки Киев дар ҳоли ҷирабандӣ ва захираи муҳиммот аст ва бино ба гуфтаи як мақоми аршади амрикоӣ, фармондеҳони украинӣ бар ин боваранд, ки коҳиши тавонмандии артиши Украина ба воситаи коҳиши муҳиммот ба афзоиши талафоти украиниҳо дар майдони набард меанҷомад.

Мақомоти ғарбӣ тибқи гузориши CNN ба ин натиҷа расидаанд, ки бидуни кумакҳои бештари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар қадами аввал мушакҳои дурбурди Киеви тамом мешавад ва сипас навбат ба мушакҳои падофанди ҳавоӣ ва пас аз он муҳиммоти тӯпхонаӣ ва мушакҳои кӯтоҳбурде чун мушакҳои зиддтонки «Ҷовлин» ва мушаки замин ба ҳавои «Истингер» мерасад; таҷҳизоте, ки барои бахши дифоии Украина ҳаётӣ ба ҳисоб меоянд.

Ҳушдори Пентагон

Вазорати дифои Амрико нисбат ба чашмандози ба хатар афтодани омодагии размии артиши Амрико дар сурате, ки Конгресси ин кишвар кумакҳои ҷадид барои Украинаро тасвиб накунад, ҳушдор дод.

Пентагон аз Конгресси Амрико хост, будҷаи мукаммили ҷадиди дархостшуда аз ҷониби Ҷо Байден, раисҷумҳури ин кишвар барои Украинаро «дар сареътарин замони мумкин» тасвиб кунад ва ҳушдор дод, ки ҳисобҳои Пентагон дар ҳоли холӣ шудан ҳастанд ва ба зудӣ маҷбур хоҳад шуд, барои идома додан ба пуштибонӣ аз Украина, омодагии размии артиши Амрикоро қурбонӣ кунад.

Ба навиштаи пойгоҳи «RT International», дар ҳафтаҳои ахир қонунгузорони амрикоӣ бар сари тасвиби кумаки 60 миллиард долларии пешниҳодии Ҷо Байден барои Украина ба бунбаст расидааст. Ҷумҳурихоҳони Конгрес мувофиқати худ бо тасвиби ин кумакро вобаста ба ташдиди тадобири контроли муҳоҷират дар марзи Амрико ва Мексика кардаанд.

Генерал Патрик Райдер, сухангӯи Вазорати дифои Амрико дар конфронси матбуотӣ дар Пентагон изҳор кард, ки тасвиби кумакҳои ҷадиди дархостшуда аз ҷониби Ҷо Байден барои Украина барои идома додани Вашингтон ба ҳимоят ва пуштибонӣ аз Киев дар соли оянда бисёр муҳим аст ва зарурат ҳам дорад.

Райдер бо ҳисоботи худ ба ин натиҷа расидааст, ки будҷае ки тибқи ихтиёри раёсатҷумҳурӣ барои бардошти таслиҳот дар ихтиёри Пентагон будааст, то бо истифода аз он таслиҳотро бидуни таъйиди Конгрес аз анборҳои артиши Амрико бардошта ва ба Украина бифиристад, танҳо ҳудуди 4.4 миллиард доллар аст. Ҳамчунин илова бар он як миллиард доллари дигар низ барои пурсозии дубораи анборҳо будҷа дорад.

Райдер изҳор кард: «ба яқин мо гузинаи худ барои харҷ кардани 4.4 миллиард долларро ҳифз мекунем; аммо интихоботи мо сахт шудааст, чун дар ниҳоят маҷбур хоҳем шуд, тасмимҳое бигирем, ки ё ба зарари омодагии размии мо ё ба зарари тавоноии мо барои идома додан ба пуштибонии зарурӣ аз Украина тамом хоҳад шуд.»

Ҷо Байден чанд рӯзи қабл ҳушдор дод, Вашингтон ба поёни тавонмандии худ барои ироаи кумаки низомӣ ба Киев наздик мешавад ва ба дархосташ аз Конгрес барои тасвиби кумакҳои бештар дар сареътарин замони мумкин таъкид кард.

Зеленский дар Конгресси Амрико

Рисҷумҳури Украина ба Конгресси Амрика рафт ва дар пушти дарҳои баста бо сенаторҳо гуфтугӯ кард.

Чанд соат қабл аз ҳузури Зеленский дар Конгресси Амрико, Димитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфт, ки афзоиши кумакҳои Вашингтон ҳеҷ таъсире дар ҷанг нахоҳад дошт. Песков гуфт: «тазриқи даҳҳо миллиард доллар кумак натавонист Украинаро дар саҳнаи набард наҷот диҳад. Даҳҳо миллиарди дигар ҳам, ки Украина талаб кардааст, боз бо шикаст ҳамроҳ хоҳад буд.»

Хабаргузории Фаронса, ки талоши Зеленский дар Вашингтонро «охирин шанс» барои дарёфти кумакҳои амрикоӣ тавсиф карда, менависад: «дар ҳоле, ки Русия боз ҳам бар шиддати ҷанг афзуда ва иддаои пешравиҳои тоза дорад, вақт барои Украина танг шудааст.»

Мушкил инҷост, ки Конгресси Амрико барои тасвиби кумакҳои ҷадид фақат се рӯз фурсат дорад, зеро баъд аз он таътилиҳои охири сол шурӯъ хоҳад шуд.

Артиши Украина таъйид кардааст, ки Русия ҳамлаҳои худро дар тамоми ҷабҳаҳо шиддат додааст. Тайи рӯзҳои ахир Владимир Путин чанд бор аз пешрафтҳои нируҳои Русия ибрози хурсандӣ кард. Ин дар ҳоле аст, ки бо расидани фасли сармо, душвориҳои ҷанг чандбаробар мешавад. Артиши Украина, ки ба зидди ҳамлаи бузургаш дар тобистони гузашта дилбаста буд, дар ин ҳаракат ноком монд ва натиҷаи матлуберо ҳам ҳосил накардааст.

Дар ин вазъият, Зеленский барои севумин бор дар давоми як соли ахир ба Вашингтон рафт, то талаби кумак кунад. Чок Шумер, раҳбари демократҳо дар маҷлиси Санои Амрико гуфтааст: «ин муҳимтарин сафари Зеленский аст.»

Мувофиқон дар интизори раъйпурсӣ дар Сано

Санои Амрико эълон кард, ки ҳафта оянда дар бораи кумакҳои низомӣ ба Украина ва Исроил ва сиёсати амнияти марзӣ раъйгирӣ баргузор мекунад.

Чок Шмер, раҳбари аксарияти Санои Амрико эълон кардааст, ки ин маҷлис ҳафтаи оянда дар бораи кумакҳои низомӣ ба Украина ва ҳачунин ба Исроил раъйгирб хоҳад кард дар ҳоле, ки музокирот дар бораи тағйири сиёсати амнияти марзҳои Амрико, ки ба ихтисоси будҷа марбут аст, ҳамчунон идома дорад.

Шумер афзуд: Сано таътилиҳои поёни соли худро, ки қарор буд рӯзи ҷумъа оғоз шавад, то рӯзи душанбе ба таъхир андохтааст, то барои расидан ба тавофуқ замони кофӣ вуҷуд дошта бошад.

Ин дар ҳоле аст, ки Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико аз қонунгузорони ин кишвар хостааст, то як кумакҳои нав ба арзиши 50 миллиард долларро ба Украина ва 14 миллиард долларро ба режими саҳюнистӣ тасвиб кунанд.

Паёмадҳои коҳиши кумакҳои ғарб ба Украина мавҷе аз нигарониро дар байни аврупоиҳо ва амиркоиҳо ба роҳ андохтааст. Як дипломати Аврупоӣ мегӯяд: «фикр намекунам мардум ба таври комил мутаваҷҷеҳ шаванд, ки суқути Украина воқеан чӣ маъное хоҳад дошт. Шоҳиди рухдодҳои ваҳшатноке хоҳем буд…..агар битавонем аз чунин чизе ҷилавгирӣ кунем, як пирӯзӣ ба ҳисоб меояд ва ба ҳамин далел бояд идома диҳем».

АврупоАмрикоИёлоти Муттаҳидаи АмрикоКиевКоргресси Амрикокумакҳои низомӣМаскавРусияУкраинаҶо Байден
Comments (0)
Add Comment