Даҳҳо шаҳид дар ҷиноятҳои нави саҳюнистҳо дар Ғазза

Артиши режими ҷинояткори саҳюнистӣ бо иртикоби чандин ҷинояти ҷадид дар Навори Ғазза даҳҳо Фаластиниро ба шаҳодат расонд ва чандин нафари дигарро захмӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории Ал-Маёдин, артиши режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар ҷадидтарин ҷинояти худ як маҳаллаи маскуниро дар шаҳри Ҷибилиё воқеъ дар шимоли Навори Ғазза бомбаборон ва онро ба сурати комил вайрон кард.

Манобеи хабарӣ гузориш доданд, ки дар ин ҷиноят, даҳҳо фаластинӣ ба шаҳодат расидаанд ва даҳҳо нафари дигар низ захмӣ шудаанд.

Дар ҷинояти дигари артиши режими хабиси саҳюнистӣ, шаби гузашта 2 хонаи маскуни дар Рафаҳ воқеъ дар ҷануби Навори Ғазза аз сӯи артиши режими саҳюнистӣ бомбаборон шуданд, ки дар натиҷаи он дасти кам 27 фаластинӣ ба шаҳодат расиданд ва чандин нафари дигар низ захмӣ шуданд.

Тактирандозони артиши ҷинояткори режими саҳюнистӣ 2 кӯдаки фаластиниро, ки бештар аз 6 сол надоштанд ҳадаф қарор доданд.

Минтақаҳои шарқӣ ва ҷанубии шаҳри Дайр-ул-Балаҳ дар маркази Навори Ғазза низ ба шиддат тавассути тӯпхонаи артиши режими саҳюнистӣ гулӯлаборон мешавад.

Чандин хона дар урдугоҳи Чибилиё низ зери рагбори гулӯлаҳои тӯпхонаи артиши палиди режими саҳюнистӣ ҳастанд.

Илова бар ин тӯпхонаи артиши режими ғосиби саҳюнистӣ минтақаи Ал-Сафатовӣ дар шимоли Навори Ғаззаро ба сурати кӯр ва бидуни ҳадаф гулӯлаборон кард.

Шарқи Хонюнис низ аз сӯи ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ бомбаборон ва аз сӯи тӯпхонаи артиши ин режим гулӯлаборон мешавад.

Ҳамчунин пайкари даҳҳо шаҳиди фаластинӣ аз зери овор як хонаи маскунӣ дар маҳаллаи «Ад-дарҷ» шаҳри Ғазза берун овардашудааст.

Аз сӯи дигар сухангӯи созмонҳои имдодии Ғазза эълом кард, ки тӯпхонаи артиши режими ҷинояткори саҳюнистӣ ба сурати кӯркӯрона минтақаҳои мухталифи Ғазза аз ҷумлаи «Аз-Зайтун», «Аш-Шуҷоия» ва «Ад-дарҷ»-ро зери гулӯлаборони кӯр гирифтааст.

Вай таъкид кард: чандини фаластинӣ дар натиҷаи гулӯлаборони минтақаҳои Аз-Зайтун, Аш-Шуҷоия ва Ад-дарҷ аз сӯи тӯпхонаи артиши режими ҷинояткор кӯдаккуши саҳюнистӣ ба шаҳодат расида ё захмӣ шудаанд.

ҒаззаНавори ҒаззаРежими саҳюнистӣрежими ҷинояткори саҳюнистӣсаҳюнистҳоФаластинФаластини
Comments (0)
Add Comment