Коҳиши бекорӣ дар кишварҳои ИИАО 

Шумори бекорон дар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ба 10,7% коҳиш ёфта, ҳоло 0,9% қувваи корӣ дар сатҳи созмонро ташкил медиҳад.

Шумори бекорон дар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ба 10,7% коҳиш ёфта, ҳоло 0,9% қувваи корӣ дар сатҳи созмонро ташкил медиҳад.

Ба гузориши манбаъ:

Шумораи афроди бекор дар кишварҳои Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё коҳиш ёфтааст.

Дар ин бора сомонаи расмии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар хадамоти шуғли аҳолии кишварҳои узви созмон ба қайд гирифта шудаанд, то оғози моҳи ноябри соли равон 827,2 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 11,9% кам шудааст.

Хамин тавр ба иттилои манбаъ, шумораи бекорон 0,9% қувваи кориро ташкил медиҳад.

Манбаъ ёдрас шудааст, ки дар соли гузашта ин нишондод 1%-ро ташкил медод.

Дар муқоиса бо се моҳи қаблӣ бошад, 89,6 ҳазор тан камтар аст, ки он вақт шумори бекорон 916,8 гуфта мешуд.

Қаблан дар созмон гуфта буданд, ки музди миёнаи моҳонаи номиналӣ ва воқеӣ (бо назардошти индекси нархҳои истеъмолии молҳо ва хизматрасониҳо) дар моҳҳои январ-сентябри соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё зиёд шудааст.

Ба иттилои Кумиссиюни иқтисодии созмон, суръати баландтарини афзоиши музди миёнаи моҳонаи воқеӣ дар Арманистон (13,4%), Қирғизистон (10,7%) ва Беларус (10,1%) ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, музди миёнаи меҳнати номиналӣ дар Қирғизистон 32 ҳазор сом (30 ҳазор рубли русӣ) ва дар Русия 70 ҳазор рублро ташкил додааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Тоҷикистон барои қабули қарор дар бораи пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад.

Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин баён дошт. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба омӯзиши таҷрибаю шароити пайвастани Арманистон ва Қирғизистон ба ин иттиҳоди иқтисодӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад.

Вазир дар ин бора шарҳ дод: “Зеро ин кишварҳо бо Тоҷикистон нишондиҳандаҳои иқтисодии шабеҳ доранд.”

Ҳамчунин, Сироҷиддин Муҳриддин таъкид дошт, ки ниҳодҳои дахлдори кишвар то ҳол ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро мавриди омӯзиш қарор дода истодаанд.

Ӯ илова кард: “Тасмими шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳадди аксар ҳазмшудаю омӯхта хоҳад буд.”

 

бекорӣИИАО
Comments (0)
Add Comment