“Душанбе” мизбони нишасти машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Швейтсария

Нишасти ҷадиди ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратхонаҳои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Швейтсария дар Душанбе баргузор ва тайи он дар мавриди вазъияти кунунӣ ва чашмандози ҳамкории байни ду кишвар, табодули назар шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, нишасти ҷадиди ройзаниҳои сиёсии байни вазоратхонаҳои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Швейтсария дар Душанбе баргузор шуд.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб гуфт, ки тайи ин музокирот дар хусуси вазъияти кунунӣ ва чашмандози ҳамкорӣ байни ду кишвар дар солҳои отӣ, баҳс ва табодули назар сурат гирифт.

Ду тараф ҳамзамон зимни табодули назар дар мавриди масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ, беҳбуди чорчуби ҳуқуқи равобит, мавзӯъоти марбути иҷро тарҳҳо ва барномаҳои мушорикат дар заминаи тавсеа бо Швейтсария ва ҳамчунин фурсатҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва байни порлумонӣ ва иҷрои пружаҳо ва барномаҳои минтақаиро баррасӣ карданд.

Илоова бар ройзаниҳои сиёсӣ ва комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Швейтсария ҳамчунин ҳамкории созандаеро дар чорчуби муассисоти молии Бреттон-Вудс, тасҳилоти ҷаҳонии муҳити зист, Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо эҷод кардаанд.

амниятДушанбеСозмони Милали МуттаҳидТоҷикистонШвейтсария
Comments (0)
Add Comment