Кумаки 10 миллиард долларии Амрико ба Исроил ғайри масъулона аст

Сенатори маъруфи иёлати Вермонти Амрико имрӯз эълом кард: кумаки низомии 10 миллиард долларии Амрико ба режими Исроил ғайри масъулона аст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Берни Сандерс” сенатори маъруфи иёлати Вермонти Амрико бо интишори матлабе дар шабакаи иҷтимоӣ «Х» навишт: мӯътақидам, ки ироаи 10.1 миллиард доллар кумаки низомии бидуни қайд ва шарт, ки ба давлати Бенёмин Нетаняҳу иҷоза медиҳад ба рӯйкарди низомӣ таҳоҷумии кунунии худ идома диҳад, ғайри масъулона хоҳад буд.

Вай чанд рӯзи пеш ҳам аз саргирии ҳамалоти ишғолгарони Қудс ба мардуми мазлум дар Навори Ғаззаро ғайри қобили қабул хонда буд.

Ин сенатори амрикоӣ  гуфта буд: аз саргирии ҳамалот тавассути Нетаняҳу ба Навори Ғазза пазируфтнӣ нест. Ҳамакнун 2 миллион инсон дар ҷануби Ғазза зиндагӣ мекунанд. Бештари онҳо ба далели даргириҳо дар шимоли Ғазза оворашудаанд. Вақфаи башардӯстона бояд тамдид шавад.

Берни Сандерс дар бахши дигаре аз матлаби худ бо ишора ба кумакҳои билоивази солона 3.8 миллиард доллари Амрико ба режими ҷинояткори саҳюнистӣ ва дархости Ҷо Байден, раисҷумҳури ин кишвар аз Конгресс барои тасвиби як кумаки 14.3 миллиард долларии дигар, афзуда буд: рӯйкарди сиёсати чеки сафед (барои ишғолгарони Қудс) бояд поён ёбад.

АмрикоБенёмин НетаняҳуБерни СандерсҒазззаИсроилҚудсФаластин
Comments (0)
Add Comment