Парлумони Дания мамнуъ будани қуръонсӯзиро тасвиб кард

Дания пас аз чандин маврид сӯзондани китоби муқаддаси мусулмонон дар моҳҳои гузашта, иҳонат ба Қуръон ва матнҳои мазҳабиро мамнуъ эълон кард.

Дания пас аз чандин маврид сӯзондани китоби муқаддаси мусулмонон дар моҳҳои гузашта, иҳонат ба Қуръон ва матнҳои мазҳабиро мамнуъ эълон кард.

Ба нақл аз Еврониюз, парлумони Дания қонунеро тасвиб кардааст, ки “рафтори номуносиб” бо китобҳо ё матнҳои дорои аҳамияти мазҳабиро ҷурм донист. Ин маънои онро дорад, ки онҳо сӯзондани Қуръонро мамнуъ кардаанд.

Ин иқдоми Дания пас аз чанд намуна беҳурматии бархе аз афрод ба китоби муқаддаси Ислом анҷом гирифт.

Пас аз баҳсу гуфтугӯ дар мавриди ин тарҳ, ки тақрибан чаҳор соат ба тӯл анҷомид, дар севумин қироат бо раъйи мусбати 94 намоянда аз 179 намоянда парлумони Дания ба тасвиб расид.

Акнун сӯзондан ё лагадмол кардани матнҳои мазҳабӣ бо ҳадафи интишори густардаи тасовири он мамнуъ хоҳад буд. Ҳамчунин порра кардан, буридан ё зарба задан ба китобҳо мамнуъ хоҳад буд. Ҳар шахсе, ки муртакиби ин ҷурм шавад ба ду соли ҳабс маҳкум хоҳад шуд.

Данияиҳонат ба ҚуръонҚуръони Карим
Comments (0)
Add Comment