Таъкиди мақомоти аршади Узбекистону Иморот бар тавсеаи ҳамкориҳо

Раисҷумҳури Узбекистон ва раиси давлати Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар шаҳри Дубай дидору хостори тавсеа беш аз пеши широкати ҳама ҷониба байни ду кишвар шуданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон ва Шайх Муҳаммад Бен Зоид, раиси давлати Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар шаҳри Дубай дидору хостори тавсеаи беш аз пеши широкати ҳама ҷониба байни ду кишвар шуданд.

Раисҷумҳури Узбекистон дар ибтидои ин дидор Рӯзи миллӣ ва ҳамчунин баргузории муваффақиятомези Нишасти ҷаҳонии тағироти иқлимиро ба раис ва мардуми дӯсти Иморот табрик гуфт.

Дар ин дидор дастури кори дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт, ҳамчунин бо ризоятмандӣ бар тавсеаи бо суръати равобити чанд ҷонибаи Узбекистону Иморот таъкид шуд.

Дар ин дидор унвон шуд: “Аз ибтидои соли ҷорӣ ҳаҷми мубодилоти бозаргонӣ байни ду кишвар 30 дарсад рушд доштааст, теъдоди ширкатҳои муштарак ва теъдоди парвозҳои мустақим дар ҳоли афзоиш аст, сабади саҳҳоми прожеҳои муштарак бо мушорикати ширкатҳои пешрави ду кишвар дар сатҳи 4 миллиард доллар қарор гирифтааст”.

Ҳамчунин бар аҳамияти тадовум гуфтугӯи фаъол ва тамҳидоти маросимҳои қарибулвуқуъ дар сатҳи олӣ таъкид шуд.

Тарафайн алоқаи мутақобили худро барои густариши беш аз пеши ҳамкориҳои амалӣ ва расондани он ба сатҳи як мушорикати роҳбурдии комил иброз доштанд.

ИморотУзбекистон
Comments (0)
Add Comment