Ҳамдон: Ғазза гӯристони таҷовузгарону ишғолгарон хоҳад буд

Усома Ҳамдон аз раҳбарони Ҳамос эълон кард, ки Ғазза гӯристони мутаҷовизон ва ишғолгарон буда ва хоҳад буд.

Усома Ҳамдон аз раҳбарони Ҳамос эълон кард, ки Ғазза гӯристони мутаҷовизон ва ишғолгарон буда ва хоҳад буд.

Ҳамдон таъкид кард, ки душмани саҳюнистӣ ҳамлаҳо ва ҷиноятҳо алайҳи сокинони Ғазза, Каронаи Бохтарӣ ва Қудсро шиддат бахшидааст, аммо дар ниҳоят шикаст хоҳад хӯрд.

Ҳамдон афзуд, ки Ғазза ҳамвора гӯристони мутаҷовизон ва ишғолгарон буда ва хоҳад буд.

Вай изофа кард, ки Амрико шарики наслкушӣ ва поксозии нижодии режими саҳюнистӣ дар Ғазза аст.

Ҳамдон баён кард, ки шеваи таомули Амрико бо қазияи Фаластин, сабаби таниш ва инфиҷори вазъият дар минтақа шудааст.

Вай бо ишора ба инки душман ончиро, ки пас аз 50 рӯз ҷанг натавонист, ҳатто бо тӯлонӣ шудани ҷанг низ ба ҳеҷ ҳадафаш намерасад, афзуд: Қассом ва муқовимат ба посух ба ҷиноятҳои душман, дифоъ аз мардуми худ ва ҳадаф қарор додани низомиён ва афсарони исроилӣ идома медиҳанд.

ҒаззаҚассомФаластинҲамос
Comments (0)
Add Comment