Поп хостори оташбаси фаврӣ ва қатъи куштор дар Ғазза шуд

Раҳбари католикҳои ҷаҳон дар баёнияе ба барқарории оташбаси фаврӣ дар Ғазза барои поён додан ба ранҷ ва куштори миллати Фаластин даъват кард.

Ба гузориши “Русия Ал-Явм”, Поп Франсис рӯзи якшанбе бо ибрози таассуф аз поёни оташбас дар Навори Ғазза ибрози умедворӣ кард, ки тарафҳои даргир битавонанд ҳарчи зудтар ба тавофуқи оташбаси ҷадиде даст ёбанд.

Поп Франсис, ки дар даврони дармони бемории бронхит ба сар мебарад, дар баёнияе, ки дастёраш қироат кард, гуфт: «дар Исроил ва Фаластин, вазъият хатарнок аст… Дар Ғазза, ранҷ бузург ва камбуди колоҳои зарурӣ вуҷуд дорад».

Вай афзуд: нақзи оташбас дарднок аст. Ин ба маънои марг, вайронӣ ва бадбахтӣ аст.

Поп Франсис идома дод: бисёре аз гаравгонҳо озод шудаанд, аммо ҳанӯз бисёри дигар дар Ғазза ҳастанд. Биёед ба онҳо ва хонавода‎ҳояшон фикр кунем, ки бо ба оғӯш кашидани дубораи азизони худ умедро бубинанд.

Вай идома дод: умедворам ҳамаи афроди зирабт ҳарчи зудтар ба тавофуқи оташбаси ҷадиде бирсанд, роҳиҳалҳои ҷойгузини силоҳро пайдо карда ва роҳҳои шуҷоъонаи сулҳро ҷустуҷӯ кунанд.

Ватикан рӯзи шанбе эълом кард, ки вазъияти саломатии Поп Франсис рӯ ба беҳбуд аст.

Ғаззакалисои католикНавори ҒаззаПопПоп ФрансисФаластинФаластин ва Ғазза
Comments (0)
Add Comment