Тазоҳуроти густарда дар Австралия барои ҳимоят аз Фаластин

Ҳазорон ҳимоятгари Фаластин дар шаҳрҳои мухталифи Австралия дар ҳимоят аз мазлумони Ғазза роҳпаймоии густурдае баргузор карданд.

Ҳазорон ҳимоятгари Фаластин дар шаҳрҳои мухталифи Австралия дар ҳимоят аз мазлумони Ғазза роҳпаймоии густурдае баргузор карданд.

Ба нақл аз Гордиян, ҳазорон мӯътаризи ҳомии Фаластин дар шаҳрҳои Сайиднӣ, Мелбурн ва Брезбун таҷаммӯъ карда ва хостори барқарории оташбаси фаврӣ ва доимӣ дар Ғазза шуданд.

Тазоҳуркунандагони ҳомии мардуми мазлуми Фаластин ваъда доданд, ки тазоҳурот то замоне, ки “озодӣ ва адолат ҳоким нашавад” мутаваққиф нахоҳад шуд.

Ба гузориши Гордиян, барои ҳаштумин ҳафтаи мутаволӣ, ҳомиёни Фаластин дар минтақаи тиҷории маркази Сиднӣ, Мелбурн ва дар Луган- дар ҷануб Брезбун- роҳпаймоӣ карданд.

Асало Сиоро, яке аз ин ҳозорон нафар дар миён ҷамъияте, ки парчамҳо ва шиорҳо ба нишонаи ҳимоят аз Фаластинро дар даст доштанд дар Сиднӣ гуфт: ин мавзуъ ҳудуди 75 сол ишғол аст. Ин масъала 75 сол дард ва мотам ва андӯҳ аст.

Тазоҳуркунандагон бо ҳамли парчамҳои Фаластин ва Лубнон шиорҳое дар ҳимоят аз лузуми барқарории оташбас ва ҳимоят аз мазлумон дар Фаластин сар доданд.

Дар ин маросим ҳамчунин шиорҳое алайҳи Амрико ва Австралия ба далели ҳимоят аз таҷовузи низомии ишғолгарони саҳюнист дар Навори Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ рӯди Урдун сар дода шуд.

Тазоҳуроти шаҳри Сиднӣ тавассути созмони иҷтимоии “гурӯҳи иқдоми Фаластин” созмондеҳӣ шуда буд.

АвстралияРежими саҳюнистӣроҳпаймоӣТазоҳуротФаластинҲамос
Comments (0)
Add Comment