Афзоиши ноамниҳои мусулмонони Аврупо пас аз ҷанг дар Ғазза

Дар пайи амалиёти Тӯфони Ақсо ва таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Ғазза, мусулмонони Аврупо беш аз пеш нисбат ба афзоиши иқдомоти душманона алайҳи худ нигарон ҳастанд.

Дар пайи амалиёти Тӯфони Ақсо ва таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Ғазза, мусулмонони Аврупо беш аз пеш нисбат ба афзоиши иқдомоти душманона алайҳи худ нигарон ҳастанд.

Жиён Умар, яке аз аъзои парлумони Берлин, ки суритбор аст, пас аз ҳадаф қарор гирифтан бо эъломияҳои пур аз нафрат омехта бо шиша ва фузулот, эҳсос мекунад, ки тавассути полис муҳофизат намешавад.

Беш аз 30 тан аз раҳбарони маҳаллӣ эълон карданд, ки се ҳодиса дар дафтари интихоботии Жиён Умар бахше аз хусумати физоянда зидди мусулмонон дар Аврупо буд, ки аз замони ҳамлаи Ҳамос гоҳе сиёсатмадорон ба он доман заданд. Ҳарчанд, ки ин ҳаводис ба полис гузориш нашудааст ва иллати он ҳам адами эътимоди ин афрод ба ташкилоти полиси Берлин аст.

Ин намояндаи суритбор дар суханоне перомуни иттифоқоте, ки дар рӯзҳои ахир барои Ӯ рӯй додааст, гуфт: ман воқеан эҳсоси танҳоӣ мекунам ва агар касе, ки як мақоми мунтахаб аст наметавонад муҳофизат шавад, дигарон чӣ эҳсосе бояд дошта бошанд?

Вай афзуд, ки полис дар ҳоли баррасии ин мавзӯъ аст, аммо ба Ӯ гуфтааст, ки наметавонад амнияти бештареро дар дафтари Ӯ таъмин кунад.

Вай идома дод: тасаввур кунед як сиёсатмадори сафедпӯсти олмонӣ мавриди ҳамлаи як муҳоҷир ё паноҳанда қарор гирад. Комилан мушаххас аст, ки неруҳои амниятӣ дар чунин мавориде иқдомоти бештаре анҷом медиҳанд.

Аз замони ҳамлаи 7 октябр, ки Исроил мегӯяд ҳудуди ҳазору 200 кушта бар ҷой гузошт ва дар пайи он ҳам, ҳамлаи Исроил ва бомбаборони Ғазза, ки сабаби шаҳид шудани беш аз 15 ҳазор фаластинӣ шудааст, ҷурмҳое аз ҷумла нафратпароканӣ дар Аврупо афзоиши чашмгире дар Аврупо доштааст.

АврупоҒаззамусалмононТӯфони Ақсо
Comments (0)
Add Comment