Даъват аз САҲА барои таъмини амнияти марзҳои муштарак бо Афғонистон

Муовини вазири хориҷаи кишвар дар нишасти Шӯрои вазирони хориҷаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) гуфт: умедворем аъзои ин созмон ба таъмини амнияти бештар дар марзҳои муштараки мову Афғонистон кумак кунанд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Садиқ Имомӣ, муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои вазирони хориҷаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар изҳордошт: “Вазъияти низомӣ-сиёсии Афғонистон бар амнияти Осиёи Марказӣ таъсир мегузорад”.

Имомӣ афзуд: “Дар манотиқи шимолии Афғонистон фаъолияти гуруҳҳои террористӣ, қочоқи ғайриқонунии силоҳу маводи мухаддир вуҷуд дорад бинобар ин чолишҳо дар ояндаи наздик мумкин аст ба манбаи аслии нигаронӣ дар минтақаи кишварҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо табдил ёбад”.

Муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин тасреҳ кард, ки Тоҷикистон ҳифозат аз марзҳои муштарак бо Афғонистон ва афзоиши тавон мудирияти марзро дар авлавият қарор хоҳад дод.

Имомӣ хотирнишон кард, ки дар панҷ соли гузашта Тоҷикистон бо ҳамкории СММ, САҲА ва ИА, маҷмуае аз конфаронсҳои байналмилалиро баргузор карда ва тавваҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба раванди зидди терроризми “Душанбе” ҷалб кардааст.

Вай гуфт: “Мо интизор дорем, ки раванди Тоҷикистон ҳамчунон ба як бистари муҳим барои гуфтугӯ ва табодули таҷриба барои ҳамаи соҳибнафъон табдил шавад”.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистони пеш аз ин дар нишасти машваратии Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар “Душанбе” гуфта буд: “Мо нигарони афзоиши таҳдидҳои террористие ҳастем, ки аз Афғонистон сарчашма мегирад”.

Тоҷикистон беш аз 1.3 ҳазор километр марзи муштарак бо Афғонистон дорад ва мақомоти кишвар борҳо ба эҷоди давлати фарогир ва кумак ба афғонҳо таъкид кардаанд.

АфғонистонСАҲАТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment