Ошуфтагии Нетаняҳу аз кудатои дарунҳизбӣ

Рӯзномаи ибрии "Way Net" рӯзи душанбе фош кард, ки Бенёмин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил барои пешгирӣ аз кудатои ҳамҳизбиҳо бар зидди худ бо аъзои ҳизби Ликуд барои тасбити қудраташ дидор кардааст.

Ба гузориши хабаргузории вебгоҳи “Ал-арабӣ ал-ҷадид”, пойгоҳи ибрии “Way Net” ба муноқишаҳое дар бораи имкони ҷойгузин кардани Нетаняҳу бо як номзади дигар дар раъйгирӣ, раъйи адами эътимод ба кобинаи вай ишора кард.

Бар пояи ин гузориш, Нетаняҳу бо аъзои парлумони Исроил аз ҳизби Ликуд ба манзури ҳифзи қудраташ дар ин ҳизб дидор кард.

Ин сайт ба нақл аз як масъул дар ҳизби Ликуд, ки номи вайро зикр накард, гузориш дод, ки ӯ (Нетаняҳу) аз сӯҳбат дар мавриди ҷойгузинии вай ҳарос дорад ва мехоҳад аз адами вуҷуди фраксиявӣ алайҳи ӯ дар (ин ҳизб) итминон ҳосил кунад.

Сайти Way Net, ки нусхаи электронии рӯзномаи Едиот Аҳаронот аст, ба ин амр ишора кард, ки вай аз барномаи кории худ барои баргузории нишастҳои мустақим бо аъзои Кнессет аз ҳизби Ликуд бо ҳадафи «тасбити ҷойгоҳи худ дар дохили ҳизб» сӯиистифода мекунад.

Ин сайт идома дод: дар пайи ҷанг алайҳи Ғазза ва дархостҳо аз Нетаняҳу барои онки масъулияти фоҷиаи ҳафтуми октябр (Амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо ба Исроил)-ро бар уҳда бигирад, Нетаняҳу мехоҳад назари воқеӣ ҳизби худро ҷуё шавад.

Way Net навишт: Нетаняҳу аз тариқи ин нишастҳо ду паёми аслиро мефиристад, ки баёнгари кампайн интихоботи отии вай аст, ки ин ду паём иборат аз тааҳҳуд ба идомаи набард то поён аст ва инки вай танҳо касе аст, ки монеъ аз ташкили як кишвари фаластинӣ хоҳад шуд.

Дар ҳаминросто, ин сайт гузориш дод, ки тайи рӯзҳои ахир, муноқишаи маҳрамонае дар Ликуд дар хусуси ҷузъиёти рӯзи баъд аз канор задани Нетаняҳу аз қудрат дар ҷараён аст.

Way Net аз як масъули барҷастаи дигар дар Ликуд, ки номи вайро зикр накард, гузориш дод, ки ин ҳизб имкони ҷойгузин кардани Нетаняҳу дар раъйгирӣ, раъйи адами эътимод аз кобинаро аз тариқи як номзади дигар баррасӣ кард.

Way Net дар мавриди ин талошҳо эълом кард, ки яке аз асомии матраҳ барои ҷойгузинии Нетаняҳу, Юли Эделштейн раиси комиссияи умури хориҷа ва амнияти парлумон ва узви Кнессет аст, ки ба сурати муваққат ба унвони нахуствазир таъйин хоҳад шуд то раиси ҷадиде барои Ликуд дар интихоботи муқаддамотӣ таъйин шавад.

Дар ҳамин росто, як манбаъи севум дар ҳизби Ликуд, ки номшаро фош накард, унвон дошт, ки ин эҳсос вуҷуд дорад, ки Нетаняҳу ба думболи интихобот (барои риёсати ҳизб) билофосила баъд аз ҷанг будааст.

Way NetБенёмин НетаняҳуИсроилкудатоиЛикудТӯфони Ал-АқсоФаластин
Comments (0)
Add Comment