Гутерриш: оташбаси муваққат дар Ғазза бояд ба оташбаси доимӣ табдил шавад

Дабири кулли Созмони Милал эълон кард: оташбаси муваққат дар Ғазза бояд ба оташбаси доимӣ табдил шавад.

Дабири кулли Созмони Милал эълон кард: оташбаси муваққат дар Ғазза бояд ба оташбаси доимӣ табдил шавад.

Ба нақл аз хабаргузории АнАтолӣ, Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милал эълон кард, ки хостори табдили оташбаси муваққат дар Ғазза ба оташбаси доимӣ аст.

Бар асоси эълони ин расона, Гутерриш дар баёнияе, ки аз сӯи Стифан Дуҷорик, сухангӯи вай мунташир шуд, иддао кард, ки таваққуфе, ки Исроил ва Ҳамос бо он мувофиқат карданд, иҷозаи вуруди кумакҳои башардӯстона ба Ғазза аз ҷумла бахши шимолии онро медиҳад.

Вай гуфт, ки ин кумакҳо наметавонанд дар баробари ниёзҳои азими 1.7 миллион овора муносиб бошад ва танҳо ба сурати лафзӣ ҳушдор дод, ки “фоҷиаи инсонӣ” рӯз ба рӯз бадтар мешавад.

Дар баёнияи содира аз сӯи Антниу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милал дар ин бора омадааст: гуфтугӯҳое, ки сабаби тавофуқ шуд, бояд идома ёбад ва сабаби оташбаси комили башардӯстона ба нафъи мардуми Ғазза ва кулли минтақа шавад.

Гутерриш изофа кард, ки кишварҳо барои поён додан ба ин даргирии ваҳшатнок бояд аз нуфузи худ истифода кунанд.

Дар ҳоле, ки оташбаси Ғазза вориди охирин рӯзи худ шудааст, ишғолгарони саҳюнист монанди се рӯзи гузашта ба манотиқи мухталифи Каронаи Бохтарӣ юриш бурда ва теъдоди зиёде аз ҷавонони фаластиниро бедалел боздошт карданд.

ҒаззаИсроилСозмони МилалФаластин
Comments (0)
Add Comment