Шикасти бузурги режими саҳюнистӣ дар Ғазза ба ривояти таҳлигарони исроилӣ

Ба гуфтани коршиносону таҳлилгарони саҳюнист, режими Исроил дар ин ҷанг ҳеҷ ҳосилу дастоварде надоштааст.

Коршиносони саҳюнист ба арзёбии чолишҳои пеши рӯи ин режим баъд аз оташбаси муваққат дар Ғазза пардохта ва эълон карданд, ки Исроил бидуни касби ҳатто як дастовард маҷбур ба қабули хостаҳои Ҳамос шуд ва озодии асирони қадимии Фаластини монанди Ҳасан Салома, кобӯси бузурге барои сарони исроилӣ аст.

Бо вуҷуди иттифоқи назари ҳамаи саҳюнистҳо дар бораи лузуми озодсозии ҳамаи асирони исроилие, ки дар дасти муқовимати Фаластин ҳастанд, назари таҳлилгарони низомии режими саҳюнистӣ дар хусуси созукорҳои ин масъала ва раванду таҳаввулоти ҷанг мутафовит буда ва ағлаби онҳо мӯътақиданд, ки оташбас, паёмадҳои зиёде барои Исроил ба вижа дар заминаи аҳдофи он дар ҷанг дорад.

Таҳлилгарони саҳюнист мӯътақиданд, ки оташбаси кунунӣ, ки дар Ғазза барқарор шуда, нишондиҳандаи пирӯзии Ҳамос ва ақибнишинии Исроил буда ва дар натиҷа шикасти кобинаи Бенёмин Нетаняҳу дар озодии асирони исроилӣ ҳосил шуд. Бар ҳамин асос аст, ки мебинем Исроил бо эҳсоси шодӣ ва пирӯзӣ аз асирони худ истиқбол намекунад; балки онҳоро дар сукут таҳвил мегирад ва ин баёнгари мизони шикасте аст, ки сарони сиёсии Исроил аз Ҳамос хӯрдаанд ва маҷбур шуданд баъд аз шикаст дар амалиёти заминӣ барои озодсозии асирон, муомилаи табодули асиронро бипазиранд.

 Исроил ҳатто як дастовард ҳам касб накард

Ноҳум Борния, таҳлилгари сиёсӣ дар рӯзномаи ибрии Ядиоут Оҳорнут дар мақолае таҳти унвони “мо онҳоро бесадо мепазирем” эълон кард, ки ҷанг бо вуруд ба ҳафтаи ҳаштуми худ ва иҷроӣ шудани оташбаси муваққат ба авҷи худ расидааст. Артиши Исроил ҷанги номаҳдудеро алайҳи Ғазза оғоз кард, аммо замоне, ки оташбас барқарор шуда саволҳои зиёде матраҳ мегардад, монанди инки ба кадом сӯ меравем? Инҷо чӣ мекунем, ин вазъият то чӣ замоне идома дорад ва ғайра.

Ин коршиноси саҳюнист бо ишора ба инки аъзои кобинаи ҷанги Исроил бар хилофи чизе, ки аз худ нишон медиҳанд ва дар баёнияҳои матбуотии худ мегӯянд, ихтилофоти амиқ ва талхе бо ҳам доранд таъкид кард, муомилаи табодули асирон аз сӯи исроилиҳо маҷбурӣ пазируфта шуд ; зеро мо амалан дар амалиёти низомӣ ба ҳеҷ як аз аҳдофи эълоншуда нарасидем ва ҳатто як дастовард ҳам надоштем. Бинобарин баъд аз марҳалаи аввали табодули асирон Исроил наметавонад бар табли пирӯзӣ бикӯбад.

Вай афзуд, паёмҳое, ки Нетаняҳу ба думболи таблиғи он буд, ин аст, ки Исроил ба дастоварди бузурге дар музокирот расида; иддаое, ки дур аз воқеият аст. Нетаняҳу тарҷеҳ медиҳад сарашро дар китфаш фурӯ кунад; чароки ҳар баҳсе дар бораи мавзуи оташбас, кобинаи ӯро дар маъраз ифурӯпошӣ ва суқут қарор медиҳад.

 Исроил маҷбур ба пазириши хостаҳои Ҳамос шуд

Тасви Бръил, таҳлилгари умури арабӣ дар рӯзномаи ибрии Ҳооретс низ бо таъйиди назари Ноҳум Борния эълом кард, ки муомилаи табодули асирон дар ҳақиқат яки «санади бима» барои раҳбарони Ҳамос дар баробари амалиётҳои терроре аст, ки Нетаняҳу таблиғ мекард.

Вай бо ишора ба инки ниҳоди сиёсии Исроил маҷбур ба пазириши хостаҳои Ҳамос ва додани имтиёз шуд гуфт, муҳимтарин имтиёзе, ки Исроил дар ин тавофуқ дод, мувофиқат бо ақибнишинии неруҳои артиш аз хиёбони Салоҳуддин буд, ки меҳвари марказӣ дар нуқтаи иртиботӣ шимоли Ғазза ба ҷануби он маҳсуб мешавад ва ин танҳо роҳи убури ҳазорон овора аз шимоли Ғазза аст. Бар ин асос Исроил мутааҳҳид шуд, ки ба оворагон ва ҳамаи касоне, ки аз ин ҷода убур мекунанд наздик нашавад, ҳатто агар онҳо дар ҳоли ҳаракат ба самти шимол бошанд.

Ин коршиноси саҳюнист афзуд, ин нигаронии бузурге вуҷуд дорад, ки аъзои Ҳамос дар давраи оташбас битавонанд озодона рафтуомад кунанд. Тавофуқномаи оташбас мушкилҳои душворе пеши рӯи Исроил ба вижа бо таваҷҷуҳ ба моҳият ва муддати оташбас қарор медиҳад ва ба Ҳамос фурсати бештаре барои созмондеҳии неруҳои худ хоҳад дод. Ҳамчунин оташбас дар вазъияте барқарор шуда, ки ҳеҷ сӯҳбате дар бораи бозгардондани ҷасадҳои асирони исроилӣ анҷом нагирифтааст.

 Исроил рӯзҳои сахте пеши рӯ дорад

Омус Ҳаръил, коршиноси низомии барҷастаи режими саҳюнистӣ дар рӯзномаи Ҳооретс низ дар навбати худ гуфтааст, ки бозгашти теъдоди каме аз асирони исроилӣ сабаби шодӣ дар ҷомеаи Исроил нахоҳад шуд ва рӯзҳои сахте дар робита бо идомаи музокирот дар интизори мост то битавонем теъдоди бештаре аз асиронро озод кунем. Ҳамчунин таклифи идомаи ҷанг ҳанӯз равшан нашудааст ва намедонем тавофуқи оташбас чӣ таъсире бар ояндаи амалиёти заминӣ дар Ғазза хоҳад дошт.

Вай тасреҳ кард, бо вуҷуди тавофуқи оташбас ва анҷоми марҳалаи аввали табодули асирон ҳанӯз чолишҳои зиёде дар робита бо аҳдофи эълоншудаи Исроил дар ҷанг, яъне нобудии Ҳамос ва қудрати низомии он ва озодии ҳамаи асирони исроилӣ вуҷуд дорад. Ҳамчунон теъдоди зиёде аз исроилиҳо аз ҷумла низомиён, асири Ҳамос ҳастанд ва Ҳамос ва гурӯҳҳои фаластинӣ ба дигар мановрҳои ҷангии худ идома дода ва ҷанги равонӣ алайҳи исроилиҳоро ташдид хоҳанд кард, то ба як тавофуқи ҷомеӣ барои табодули асирон ва поён додан ба ҷанг бирасанд.

 Озодии асирони қадимии фаластинӣ, кобӯси бузурги мақомоти исроилӣ

Аммо дар сатҳи низомӣ, Юоу Лимур, таҳлилгари низомии саҳюнист дар рӯзномаи Исроил Ҳиум мӯътақид аст, ки ҷунбиши Ҳамос сиёсати “танобкашӣ то поён”-ро иттихоз хоҳад кард, то барои расидан ба аҳдофи худ замон бихарад ва оташбасро тӯлонӣ кунад.

Вай бо ишора ба шикасти Исроил дар таҳаққуқи аҳдофи эълоншудаи худ дар ҷанги Ғазза гуфт, мутассифона дар ҳоли ҳозир имкони дастёбӣ ба тавофуқи беҳтар барои бозгашти асирони исроилӣ вуҷуд надорад ва бо пешрафти музокирот, хостаҳои Ҳамос низ афзоиш хоҳад ёфт ва ба мувозоти он муъзали Исроил низ амиқтар мешавад.

Ин таҳлилгари саҳюнист таъкид кард, мо акнун дар бораи муомилаҳои эҳтимолӣ барои табодули асирон ва шояд як тавофуқи ҷомеъ суҳбат мекунем. Афкори умумии Исроил бояд дарк кунанд, ки мо бо вазъияти талхе рӯбарӯ ҳастем, ки дар он дар бораи озодии қадимитарин асирони фаластинӣ аз ҷумла Ҳасан Салома, Муҳаннад Шрим, Аббос Сайид, Иброҳим Ҳомид ва Абдуллоҳ Бурғуси суҳбат мешавад ва ин як кобӯси бузург барои мақомоти Исроил аст.

Вай дар поён гуфт, тӯлонӣ шудани оташбас ва тамдиди он барои озодии теъдоди бештаре аз асирони исроилӣ ва хориҷӣ, ба Ҳамос ин имконро медиҳад, ки замони оташбасро тӯлонӣ кунад ва ба мувозъҳои он, Исроил дар баробари чолиши бузургтаре қарор мегирад, ки вобаста ба таваққуфи ҷанг аст.

Бенёмин НетаняҳуИсроилРежими саҳюнистӣФаластинҲамос
Comments (0)
Add Comment