Шаҳодати 66 хабарнигор дар ҳамалоти саҳюнистӣ ба Навори Ғазза

Иттиҳодияи гуруҳи расонаҳои Фаластин аз шаҳодати 66 хабарнигор дар тайи ҳамалоти ваҳшиёнаи артиши режими ҷинояткори саҳюнистӣ ба Навори Ғазза хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Фаластин Ал-Явм”, иттиҳодияи гуруҳи расона дар Фаластин эълом кард, ки аз оғози ҳамалоти ваҳшиёнаи режими кӯдаккуш ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба Навори Ғазза токунун 66 хабарнигор аз ҷумла шаш хабарнигори зан ба шаҳодат расидаанд.

Ба тозагӣ низ “Фараҳ Умар”, хабарнигор ва “Рабеъ Ал-Меъморӣ”, филмбардори шабакаи Ал-Маёдин дар ҳамлаи паҳподии режими ҷинояткори саҳюнистӣ ба гурӯҳи хабарии ин шабака дар ҷануби Лубнон ба шаҳодат расиданд.

Ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос бо судури баёнияе эълом кард, ки ҳамлаи ваҳшиёна ва бераҳмонаи режими ишғолгари саҳюнистиро ба хабарнигорони шабакаи Ал-Маёдин дар ҷануби Лубнон, ки ба шаҳодати “Фараҳ Умар”, хабарнигор ва “Рабеъ Ал-Меъморӣ”, аккоси ин шабака мунҷар шуд, шадидан маҳкум мекунем.

Ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос баён кард, ки ин ҷиноят дар идомаи ҷиноёти занҷиравори душмани саҳюнистӣ алайҳи хабарнигорон анҷом гирифт, ки охирини мавриди он шаҳодати доктор Мустафо Ас-Савоф, Билол Ҷодуллоҳ, Олоул – Ҳасанот ва Оят – Ал-Хазура буд.

Дар ин баёния омадааст, ки сиёсати қатл ва куштори хабарнигорон ҳаргиз наметавонад ба махфӣ нигаҳ доштани ҳақиқати ҷиноёти нажодпарастонаи саҳюнистҳо дар ҳаққи кӯдакон ва занон ва наслкшии ин режими ҷинояткор таҳти ҳимояти мустақими Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико ва давлати ғосиби саҳюнистӣ биянҷомад.

Чанд рӯз қабл, Оят – Ал-Хазура, хабарнигори фаластинӣ дар хонае дар Байтул Лаҳия дар шимоли Навори Ғазза бар асари бомбаборонҳои артиши ҷинояткори режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расида буд.

ҒаззаНавори ҒаззасаҳюнистӣФаластинФаластини
Comments (0)
Add Comment