Оё куштори кӯдакон дар Навори Ғазза ҳайратовар нест?

Раисҷумҳури Русия рӯзи чаҳоршанбе дар суханроние дар иҷлоси сарони G-20 гуфт, кушташудани мардум дар Ғазза ба андозаи Украина барои ӯ ҳайратовар ва такондиҳандааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Владимир Путин” раисҷмҳури Русия рӯзи чаҳоршанбе бо интиқод аз бетаваҷҷуҳии Ғарб ба моҷарои Ғазза ва тамаркуз бар Украина гуфт, кушташудани мардум дар Ғазза ба андозаи Украина такондиҳанда ва ҳайратовар аст.

Владимир Путин, дар суханронӣ дар иҷлоси маҷозии сарони G-20 изҳор дошт: «Оё кудитои хунини Украина дар соли 2014 ва ба думболи он ҷанги режими Киев алайҳи мардуми худ дар “Донбосс”, такондиҳанда набуд? Оё кушташудани ғайринизомиён дар Фаластин ва Навори Ғазза такондиҳанда нест?»

Раисҷумҳури Русия чанде қабл низ вазъияти Ғазза дар пайи ҳамалоти ҷинояткорона ва мудовими режими ғосиби саҳюнистиро «фоҷиаи инсонӣ» тавсиф карда буд.

Путин дар ин бора гуфта буд: «мардуми бегуноҳ набояд товони ҷароими дигариро бипардозанд».

Путин дар иҷлоси сарони G-20 гуфт ончи дар Украина иттифоқ меафтад як фоҷиа аст ва онҳо бояд ба думболи роҳҳое барои таваққуфи он бошанд.

Русия аз 24 феврали 2022 баъд аз ба расмият шинохтани истиқлоли ду ҷумҳурии Луганск ва Донетск аз Украина, ба ин минтақа неру эъзом кард ва аз оғози «амалиёти вижаи низомӣ дар Украина» хабар дод. Русия ҳадафи худро аз ин иқдом, нозизудоӣ аз Украина, халъи силоҳи ин кишвар, рафъи нигарониҳои амниятии худ ва иҷобати дархости кумаки Луганск ва Донетск эълом кардааст.

Давлати Украина аммо истиқлоли Луганск ва Донетскро ба расмият нашинохта ва ҳузури низомии Русияро «таҷовуз ва ҳамла ба тамомияти арзии» худ хондааст.

Ба думболи оғози даргирии Русия бо Украина, кишварҳои ғарбӣ зимни маҳкум кардан Маскав ва ташдиди фишорҳои иқтисодӣ, ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи сиёсӣ, молӣ, таслиҳотӣ аз Киевро дар дастури кор қарор додаанд.

Владимир Путин идома дод:«албатта, иқдоми низомӣ ҳамеша як фоҷиа аст ва албатта бояд ба ин фикр кунем, ки чигуна ҷилави ин фоҷиаро бигирем.»

Ӯ гуфт ин Украина буд, ки аз музокира имтиноъ кард ва роҳро барои гуфтугӯ баст, дар ҳоле, ки Маскав ҳамеша омодаи бардоштани чунин иқдоме аст.

G-20Владимир ПутинЛуганск ва ДонетскНавори ҒаззаРусияУкраинаҳайратовар
Comments (0)
Add Comment