Сандерс хостори машрут кардани кумакҳои Амрико ба Телавив

Сенатори амрикоӣ хостори машрут кардани кумакҳои ин кишвар ба режими саҳюнистӣ дар моҷарои ҷанги Ғазза шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Берни Сандерс” сенатори амрикоӣ дар пешниҳодоти ҷадид барои давлати Амрико унвон карда, ки ин кишвар бояд аз ироаи кумакҳои бештар ба Телавив худдорӣ кунад магар инки тағйири асосӣ дар мавозеи сиёсӣ ва низомии ин режими ҷинояткор нисбат ба мавзӯъи Фаластин эҷод шавад.

Беш аз як моҳ аз ҳамалоти густурдаи режими ҷинояткори саҳюнистӣ алайҳи мардуми мазлуми Фаластин дар Ғазза мегузарад ва давлати Байден ҳамчунон ба ҳимояти худ аз мавозеъ ин режим идома дода, бо ин ҳол бисёре аз намояндагони демократи амрикоӣ дар Сенат ва маҷлиси намояндагон мухолифи сиёсати Байден дар ҷанги Ғазза ҳастанд.

Ба гузориши “Политик”, сенатор Берни Сандерс шанбе хостори иҷроӣ шудани ин пешниҳод шуд, ки ба мӯҷиби он кумакҳои Амрико ба Телавив машрут ба тағйир дар «мавозеъи сёсӣ ва низомии» ин режим бошад.

Ин сенатори иёлати Вермонти Амрико дар баёнияе унвон кард: шояд Исроил ҳаққи ҷанг бо Ҳамосро дошта бошад, аммо давлати ростгарои ифротии Нетаняҳу ҳақ надорад, ки ҷанги тамомаёрро алайҳи мардуми мазлум ва бедифои Фаластин ба роҳ бияндозад.

Сандерс ҳамчунин ба ин мавзӯъ ишора кард, ки идомаи кумакҳои Амрико ба режими кӯдаккуши саҳюнистӣ бояд машрут ба тааҳҳуди ин режими палитд барои пазириши музокироти сулҳ дар ростои расидан ба роҳи ҳалли ду кишварӣ ва поёни муҳосира ва ишғоли Ғазза аз сӯи мақомоти исроилӣ бошад.

Тибқи пешниҳоди Берни Сандерс, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз кумакҳои бештар ба Телавив худдорӣ мекунад, магар онки режими саҳюнистӣ мавозеъи сёсӣ ва низомии худро дар мавзӯъи Фаластин тағйир диҳад.

Изҳороти вай дар шароите матраҳ мешавад, ки ба гуфтаи манобеи огоҳ, қонунгузорон дар маҷлиси намояндагон ва Сенат дар ҳоли баррасӣ ва баҳс дар мавриди чигунагии эҷоди шароит барои ироаи кумакҳои низомӣ ба режими саҳюнистӣ дар оянда ҳастанд.

Ҷо Байден раисҷумҳури Амрико бо ишора ба ончи ҳаққи муттаҳиди калидии Иёлоти Муттаҳида яъне Телавив барои «дифоъ аз худ» дар баробари Ҳамос хонда, токунун дар ҷараёни ҷанг миёни Ҳамос ва режими саҳюнистӣ ба шиддат аз ин режим ҳимоят кардааст.

Бо вуҷуд афзоиши мухолифатҳои ҷаҳонӣ нисбат ба мавозеиТелавив дар ҷанги бо Ҳамос, давлати Ҷо Байден шумори талафоти болои ғайринизомиён дар Навори Ғаззаро бидуни ҳеҷ эътирозе нисбат ба иқдомоти режими ҷинояткор ва ғосиби саҳюнистӣ пазируфта ва борҳо бо барқарории оташбас мухолифат карда ва ба ҳамкорӣ бо мақомоти саҳюнистӣ дар ҷараёни ҷанг идома додааст.

АмрикоАмрикоиҒаззамавозеиТелавивсаҳюнистӣҲамос
Comments (0)
Add Comment