Ҷонибдории Лавров аз наздикшавии Амрикои Лотинӣ ва ИИАО

Дар фазои гарму дӯстона, тавре вазорати корҳои хориҷии Русия қайд кард, ҷонибҳо ба рушди муносибатҳои Русия ва Венесуэла дар бисёр соҳаҳо баҳои баланд доданд.

Дар фазои гарму дӯстона, тавре вазорати корҳои хориҷии Русия қайд кард, ҷонибҳо ба рушди муносибатҳои Русия ва Венесуэла дар бисёр соҳаҳо баҳои баланд доданд.

Ба гузориши манюаъ:

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ҷонибдори наздикшавии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ва Амрикои Лотинӣ аст.

Дар ин бора дар ҷараёни музокироти вазири умури хориҷии Русия ва раҳбари вазорати корҳои хориҷии Венесуэла Иван Гил Пинто маълум шуд.

Лавров гуфт:

“Дар сатҳи минтақавӣ мо аз таваҷҷӯҳи Венесуэла ба таҳкими механизмҳои ҳамгироӣ, бахусус ALBA ва CELAC (Иттиҳоди Боливариан барои мардумони Амрико ва Ҷомеаи кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи Кариб) истиқбол кардем”.

Дар фазои гарму дӯстона, тавре вазорати корҳои хориҷии Русия қайд кард, ҷонибҳо ба рушди муносибатҳои Русияву Венесуэла дар бисёр соҳаҳо баҳои баланд доданд.

Илова бар ин, вазирон қадамҳои таҳкими шарикии стратегии Маскав ва Каракасро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ муайян карданд.

Ёдовар мешавем, ки муомилоти молии давлатҳо дар доираи ИИАО дар натиҷаи ҳамагӣ 8 моҳи соли ҷорӣ 2 баробар афзоиш ёфтааст, гуфт муовини вазири рушди иқтисод.

Ҳамин тариқ гуфта мешавад, ки 17 ноябр системаи “Мир” дар Венесуэла ба кор шуруъ кардааст. Шаҳрвандони Венесуэла имкон доранд, ки тавассути платформаи Русия дар саросари кишвар пардохт кунанд.

Моҳи октябр Карлос Рон, муовини раиси Вазорати корҳои хориҷии Венесуэла дар умури Амрикои Шимолӣ гуфт, ки кишвар қасд дорад ба БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ) дар мавҷи дуввуми тавсеаи ин иттиҳодия шомил шавад.

Вазири умури хориҷии Русия бошад, ин тасмимро истиқбол кард.

 

Comments (0)
Add Comment