Бомбаборони шадиди масҷидҳо ва хонаҳои истиқоматӣ дар Ғазза

Ҳамалоти ҷангандаҳои артиши режими кӯдаккуши саҳюнистӣ алайҳи манотиқи мухталифи Навори Ғазза дар ҳоле идома дорад, ки ин ҷангандаҳо мушаххасан манотиқи истиқоматӣ ва масҷидҳо, ки маҳалли ҳузури оворагони фаластинӣ аст бомбаборон мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории “Алҷазира”, ҳамалоти ҷангандаҳои артиши режими кӯдаккуши саҳюнистӣ алайҳи манотиқи мухталифи Навори Ғазза ҳамчунон идома дорад ба тавре ки ин ҷангандаҳо манотиқи маскунӣ дар Дайрул-Балаҳ воқеъ дар маркази Навори Ғаззаро бомбаборон карданд. Дар ҷараёни бомбаборони бархе манотиқи маскунӣ дар наздикии бемористони Ал-Наҷҷор воқеъ дар Рафаҳ дар ҷануби Навори Ғазза теъдоде аз Фаластиниҳои бегуноҳ ба шаҳодат расиданд.

Шабакаи Ал-Маёдин гузориш дод, ки ҷангандаҳои артиши режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ шаби гузашта даҳҳо ҳамлаи ҳавоӣ алайҳи манотиқи мухталифи Навори Ғазза ба вижа атрофи бемористони Индонез дар ин борика анҷом доданд.

Ҳамчунин теъдоде аз шуҳадо ва захмиҳои ҳамалоти ҷангандаҳои артиши режими кӯдаккуш ва хуношоми саҳюнистӣ ба манотиқи маскунӣ дар шимоли Навори Ғаззаро ба бемористони Индонезия мунтақил карданд. Ҷангандаҳои режими кӯдаккуши саҳюнистӣ як масҷиди бузург дар урдугоҳи Ал-Мағозӣ воқеъ дар маркази Навори Ғаззаро низ бомбаборон карданд. Минтақаи Ат-Тавба воқеъ дар урдугоҳи Ҷиболиё низ дар маърази ҳамалоти ҷангандаҳои артиши режими кӯдаккуши саҳюнистӣ қарор гирифт.

Соате пас аз ҳамлаи ҷангандаҳои режими кӯдаккуш ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба ҷануби Навори Ғазза, теъдоди шуҳадои куштори минтақаи Ҳамд дар Хонюнус дар ҷануби ин борика ба 28 шаҳид расид. Дар ҳамалоти бомдодии режими кӯдаккуши саҳюнистӣ, ки як маркази фарҳангӣ дар шаҳри Рафаҳ ва як хона дар Хонюнус дар ҷануби Навори Ғаззаро ҳадаф қарор дода буд, даҳҳо нафари дигар низ захмӣ шуданд.

Дар айни ҳол хабарнигори Ал-Маёдин дар Ғазза гузориш додааст, ки эҳтимоли афзоиши теъдоди шуҳадои бомбаборони Хонюнус тавассути режими кӯдаккуши саҳюнистӣ вуҷуд дорад ва ба назар мерасад, ки бо як куштори бузург рӯбарӯ ҳастем. Гуфта шудааст бештари шуҳадо ва қурбониёни бомбаборони минтақаи Ҳамд, кӯдакон ва занони бегуноҳ будаанд.

Ал-МаёдинБомбборонҒаззадар Ғаззарежими кӯдаккуши саҳюнистӣРежими саҳюнистӣТӯфони Ал-АқсоФаластин
Comments (0)
Add Comment