Қирғизистон ҳаққи истиқлоли Фаластинро ба расмият мешиносад

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Содир Ҷабборов” раисҷумҳури Қирғизистон бо ибрози нигаронии амиқ аз ҳаводиси фоҷиабор дар Ғазза гуфт: мо ҳаққи истиқлоли Фаластинро ба расмият мешиносем.

Вай гуфт: мардуми Қирғизистон дар ғами хонаводҳҳое, ки азизони худро дар ин даргириҳо аз даст додаанд ва ҳамаи шаҳрвандони фаластиние, ки дар натиҷаи хушунатҳое, ки аз як моҳ пеш ташдид шуда, мутаҳаммили хисорот ва ранҷҳои азим шудаанд, шарик ҳастанд. Ҳар зиндагии аз даст рафта як фоҷеаи бузург аст. Қирғизистон омодаи ироаи кумакҳои башардӯстона барои коҳиши дард ва ранҷи ғайринизомиён дар Навори Ғазза аст. Мо бар ин боварем, ки ҳимоят аз бародарони фаластинӣ дар поён додан ба таҷовузоти хориҷӣ ва аз даст додани ҷони бегуноҳон ва ироаи кумакҳои башардӯстона масъулияти муштараки мост.

Ба гуфтаи Содир Ҷабборов, ҷанг дар Навори Ғазза мунҷар ба талафот ва ранҷҳои фаровоне барои мардуми мазлуми Фаластин шуда, ки як фоҷиаи инсонии бесобиқа аст. Марги ғайринизомиёни бегуноҳ, аз ҷумла навзодон ва занон, ғайриқобили қабул аст ва бояд ба таври густурда тавассути ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум шавад.

Раисҷумҳури Қирғизистон таъкид кард: ҳамла ба зерсохтҳои ғайринизомӣ, мадорис, бемористонҳо ва хонаҳо натанҳо нақзи ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ аст, балки нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар аст.

Вай таъкид кард, ки Қирғизистон ҳуқуқи машрӯъи мардуми Фаластин дар истиқлол ва эҷоди як кишвари мустақилро ба расмият мешиносад.

Мақоми аршади Қирғизистон афзуд: танҳо роҳи ҳалли саҳеҳе, ки манофеъ ва хостаҳои фаластиниҳоро бароварда мекунад, иҷрои қатъномаҳои марбутаи Шӯрои Амният ва маҷмаъи умумии Созмони Милал аст.

Содир Ҷабборов гуфт: дар айни ҳол, лозим аст уммати исломии мо ҷомеаи ҷаҳониро мутақоид кунад, ки дар баробари ин таҷовуз мавзеъи муттаҳид ва якпорчае иттихоз кунад ва талошҳои байналмилалиро барои мушорикати тарафҳои даргир дар музокирот ташдид кунад. Зарурӣ аст, ки тарафҳои даргир, ҳифозат аз ҷони шаҳрвандони худро дар аввалавият қарор диҳанд ва ба қавонини ҷаҳонии ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ ҳамонтавр, ки дар асноди аслии Созмони Милал омадааст, эҳтиром бигузоранд. Усули адолат, баробарӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи башар бояд иқдомоти моро барои ҳалли муноқишаи Исроил ва Фаластин ҳидоят кунад.

Вай дар поён таъкид кард Қирғизистон мутааҳҳид ба ҳимоят аз ҳамаи талошҳо барои дастёбӣ ба сулҳи одилона ва пойдор дар саросари Ховари Миёна аст.

ҒаззаҚирғизистонСодир ҶабборовСозмони МилалФаластинФаластинроХовари Миёна
Comments (0)
Add Comment