Эътирозоти ҷаҳонӣ алайҳи ҷиноёти саҳюнистҳои кӯдаккуш

Илова бар эътирозоти яҳудиён дар Вашингтон ва Ню-Йорк дар соири шаҳрҳои Амрико монанди Сан-Франсиско ва Лос-Анҷлес ва ҳамчунин дар дигар шаҳрҳои ҷаҳон аз ҷумла Англис, Фаронса, Австралия, Олмон, Юнон ва ҳатто Базели Швейтсария ҳам эътирозоти густурдаи зидди режими саҳюнистӣ ва дар ҳимоят аз мардуми Фаластин дар рӯзҳои гузашта баргузор шуд.

Эътироз ба ҷиноятҳои саҳюнистҳои кӯдаккуш дар кишварҳои минтақа, монанди Покистон, Ироқ, Яман, Туркия, Урдун, Миср ва Сурия ҳам баргузор гардид ва ҳатто дар чанд рӯзи гузашта ҳимоят аз Фаластин бисёр фаротар аз минтақа дар шаҳри Кито пойтахти Эквадор воқеъ дар Амрикои Лотин ё Ҷакартаи Индонезия дар ҷануби Шарқи Осиё ва ё Африқои Ҷанубӣ низ баргузор шудааст.

Густурдагии ҷаҳонии эътироз ба ҷиноёти саҳюнистҳои кӯдаккуш ва дар ҳимоят аз Фаластин дар панҷ қораи ҷаҳон беш аз ҳарчизе ҷаҳоншумули ормони озодии Фаластинро нишон медиҳад.

Бо вуҷуди онки сензураи шадиде дар бораи вақойеъи Ғазза вуҷуд дорад ва дар ҳоли ҳозир бисёре аз шабакаҳои маҷозӣ монанди Инстаграм, Твитар ва Фейсбук иҷозаи интишори тасовир ва гузоришҳои марбут ба бомбаборони Ғаззаро намедиҳанд, аммо ҳимоят аз Фаластин тавониста аз сади сензураи шадид дар фазои маҷозӣ убур кунад ва фарогирии худро дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба намоиш гузорад. Аз сӯи дигар, фарогирии ҷаҳонии ҳимоят аз Фаластин аз шарқ ва ғарби олам боризтарин нишонаи шикасти дастгоҳи таблиғотии Телавив аст ва нишон медиҳад, ки саҳюнистҳо бо бомбаборони манозили маскунӣ натанҳо қофияро дар майдони ҷанг бохтаанд, балки фаротар аз он ишғолгарон дар таблиғоти ҷанг низ бо як шикасти бузург рӯбару ҳастанд.

Ин шикаст то онҷо бузург аст, ки фақат дар ду рӯзи гузашта дар беш аз 22 кишвари мухталиф дар ҷаҳон тазоҳурот ва роҳпаймоӣ ҳимоят аз Фаластин баргузор шуда, аммо ҳеҷ гузориш ва хабаре аз барпоӣ роҳпаймоӣ ҳимоят аз Исроил ҳатто дар Аврупо ва Амрико ба унвони муҳиммтарин муттаҳидони Телавив нест. Дар воқеъ алорағми ҳамроҳӣ давлатҳои аврупоӣ ва Амрико бо Телавив дар бомбаборони Ғазза, аммо афкори умумии ҷомеаи ғарбӣ масири ҷудоӣ аз сиёсатмадорон ва раҳбарони ғарбро думбол мекунад ва пушти Фаластин истодааст.

Ҷиноёти саҳюнистҳои алайҳи Фаластиниҳо ба вижа сокинони Навори Ғазза беш аз як моҳи гузашта абъоди ҷадиде пайдо кардааст. Бо ин ҳол муқовимати мардуми Фаластин дар борикаи Ғазза таҳсин ва ҳамдилии ҷаҳониро ба ҳамроҳ дошта ва имрӯза на фақат дар кишварҳои исломӣ, балки дар кишварҳои аврупоӣ ва Амрико низ ҳазорон таҷаммӯъ ва тазоҳурот дар ҳимоят аз мардуми Ғазза баргузор мешавад.

Ин рӯзҳо Ғазза соат ба соат зери оташ ва бомбаборони саҳюнистҳои ҷинояткор аст, аммо агар касе фикр мекунад, ки ҷанги Фаластин аз як моҳи гузашта дар натиҷаи амалиёти “Тӯфони Ал-Ақсо” тавассути шохаи низомии Ҳамос оғоз шудааст, сахт дар иштибоҳ аст, ҷанг дар Фаластин 75 сол аст, ки оғоз шудааст. Фаластин аз ҳамон соли 1948 ки ишғолаш ба сурати расмӣ дар Созмони Милал таҳти унвони таъсиси Исроил эълом шуд то ба имрӯз дар ҷанг будааст, ҷанг барои озодии сарзамине, ки 75 сол аст дар ишғол ба сар мебарад.

Амалиёти муваффақи “Тӯфони Ал-Ақсо” алайҳи ишғолгарони саҳюнист маълули беш аз 7 даҳа ишғолгарӣ, ҷиноят, наслкушӣ, оворагӣ, поймол кардани ҳуқуқи Фаластиниҳо, муҳосира ва терроризми созмонёфтаи Исроил аст. Ҷанг аз як моҳи гузашта дар Фаластин оғоз нашуд, балки ҷанг дар Фаластин аз як моҳ пеш вориди марҳилаи ҷадиде шуд. Марҳилае, ки дар он саҳюнистҳо чунон зарбаи корӣ мутаҳаммил шуданд, ки ҳеҷгоҳ онро фаромӯш нахоҳанд кард.

 

Кушташудани 10 неруи дастгоҳи амниятии саҳюнистҳо мавсум ба Шабак “Shabak”, талафоти 286 неруи артиш ва дар маҷмӯъ кушта шудани 1500 сокини манотиқи ишғолӣ ба ҳамроҳи захмӣ шудани 3400 нафар танҳо бахши кӯчаке аз хисороти “Тӯфони Ал-Ақсо” алайҳи ишғолгарон аст.

Ҷинояти исроилиҳо ва ҳамзамон муқовимати мардуми Фаластин дар борикаи Ғазза таҳсин ва ҳамдилии ҷаҳониро бо фаластиниҳо ба ҳамроҳ доштааст. То онҷо, ки имрӯза на фақат дар кишварҳои исломӣ, балки дар кишварҳои аврупоӣ ва Амрико низ ҳазорон таҷаммӯъ ва тазоҳурот дар ҳимоят аз мардуми Ғазза баргузор мешавад.

Ин дар ҳоле аст, ки алорағми таблиғоти васеи расонаҳои ғарбӣ, аммо токунун шоҳиди тазоҳуроти пурҷамъият ва густурдаи мардумӣ дар ҳимоят аз режими саҳюнистӣ дар Ғарб набудаем.

Вале дар муқобил тазоҳуроти ҳомиёни Фаластин дар кишварҳои ғарбӣ ва амрикоӣ ба сурати густурда ва дар гурӯҳҳои чандин ҳазор нафарӣ баргузор мешавад.

Тазоҳуроти густурдаи мардумӣ дар Швейтсария алайҳи ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин низ маҳалли таваҷҷуҳи расонаҳо буд. Иттифоқи қобили таваҷҷуҳи дигар, ҳузури густурдаи ҳомиёни мардуми Ғазза дар Парижи Фаронса буд, ки ба рағми мамнуъияти тазоҳурот ва бо вуҷуди хушунати полис ба вуқӯъи пайваст.

Кӯдакони Лондон ҳам ба нишонаи ҳамдардӣ бо кӯдакони Ғазза ва дар эътироз ба ҳимояти беқайдушарти Англис аз куштори занон ва кӯдакони фаластинӣ, дар қисмати вурудии вазорати хориҷаи Англис арӯсак ва навиштаҳое дар ҳимоят аз Фаластин овезон карданд ва мардум даст ба тазоҳурот заданд то аз мардуми мазлуми Фаластин ҳимоят ва ҳимояти давлати худ аз режими кӯдаккуш ва наҷодпарасти Исроилро маҳкум кунанд.

Канадаиҳо низ дар ҳимоят аз мардуми Фаластин тазоҳурот баргузор карданд. Дар тасовири мунташир шуда аз ин тазоҳурот, шаҳрванди канадаӣ ба як хабарнигори ғарбӣ мегӯяд: «Ҳамос террорист нест ва ҳамаи аъмоли он қобили тавҷеҳ аст. Ҳамос кӯдаконро намекушад, аммо шумо мекушед.»

Таҷаммӯъи ҳамбстагӣ бо мардуми Ғазза ва Фаластин дар шаҳри Чикагои Амрико низ барпо шуд.

Дар Швейтсария низ чандумин рӯзи ҳимоят аз мардуми Ғазза идома ёфт ва шаҳрвандон дар тазоҳуроте, ки то пас аз ғуруб идома дошт, аз майдони “Place de Neuve” Женева ба самти дафтари марказии радио ва телевизиони “RTS” ҳаракат ва бо таҷаммӯъи бузурге дар баробари ин марказ ва сар додани шиорҳои мутафовит монанди “Ҳамаи мо фаластинӣ ҳастем” ва “Зинда бод Фаластин” ба ҳамдаст будани ин созмон бо Телавив эътироз карданд.

Эътирози Урдуниҳо ба ҷиноёти ишғолгарон дар Ғазза барое чандумин рӯзи паёпай идома ёфт ва мардуми Урдун шиор доданд: “Ҳамаи мо ҳамосӣ ҳастем” дар донишгоҳи Ҳарварди Амрико низ дар ҳимоят аз Фаластин таҷаммӯъи бузурге баргузор шуд.

Дар Олмон, ҳазорон нафар барои ҳимоят аз мардуми Ғазза ба хиёбонҳо омаданд; Ҳазорон нафар дар Берлин, бо барпоӣ тазоҳуроте зимни эъломи ҳамбстагӣ бо мардуми Ғазза, хостори таваққуфи фаврии ҷанг шуданд, ки ин тазоҳурот бо бархурди ваҳшёнаи полиси ин кишвар рӯбару шуд.

Бо вуҷуди мумониатҳои бархе давлатҳо ва ҳушдор нисбат ба роҳпаймоӣ ва тазоҳурот ба нафъи Фаластин ва дар эътироз ба ҷиноёти саҳюнистҳои кӯдаккуш, ҳамчунон пойтахтҳои аврупоӣ ва донишгоҳҳо саҳнаи эътирози шадид, нисбат ба ҷиноёти саҳюнистҳои ғосиб будааст.

Дар рӯзҳои гузашта тазоҳурот ва эътирозот дар ҳамбстагӣ бо Ғазза ва ҷиноёти саҳюнистҳои кӯдаккуш дар Амстердами Ҳолланд баргузор шуд. Ҳамзамон даҳҳо ҳазор нафар дар шаҳрҳои Лоҳур ва Исломободи Покистон барои эъломи ҳимоят аз Фаластин ба хиёбонҳо омаданд.

Тазоҳуроти Марокашиҳо дар ҳимоят аз Ғазза ва Фаластин низ миллионӣ буд. Ин дар ҳоле аст, ки бо вуҷуди оддисозии равобити бархе ҳукуматҳои арабӣ бо режими ишғолгар, миллатҳои арабӣ монанди Марокаш бо ҳузури миллионии худ дар хиёбон пушти Фаластин истодаанд. Ҳамчунин тазоҳуроти густурда дар шаҳри Белфаст, Ирландияи Шимолӣ барои ҳамбстагӣ бо Фаластин ва Ғазза ва маҳкумияти ҳамалоти ҷинояткоронаи режими ғосиби саҳюнистӣ баргузор шуд.

Дар Алҷазоир низ мардуми ин кишвар дар ҳимоят аз Ғазза ва маҳкумияти ҳамалоти режими кӯдаккуши саҳюнистӣ даст ба тазоҳурот заданд. Тазоҳуроти бисёр бузурге дар Истамбули Туркия дар ҳимоят аз Ғазза низ баргузор шуд.

Дар Малайзия низ барномаҳо ва фаъолитҳои мухталифе аз сӯи мардум дар ҳимоят аз Фаластин ва мардуми мазлуми Ғазза тадорук дида шуд ва ҳимояти тарафдорони тими миллии Малайзия аз Фаластин дар ҷараёни бозӣ муқобили Ҳинд бисёр дидни буд.

Тазоҳуроти ҳимоят аз мардуми мазлум ва бедифои Ғазза дар шаҳри Нови-Сади Сербистон ҳам баргузор шуд ва сербистониҳо хостори ҳимояти ҷаҳонӣ аз мардуми  мазлуми Фаластин шуданд.

Роҳпаймоӣ густурда дар Сидней ҳам дар ҳимоят аз мардуми Ғазза ва маҳкумияти ҷиноёт алайҳи мардуми ин борика пуршӯр баргузор шуд.

Ҳамчунин тазоҳуроти даҳҳо ҳазор нафарӣ дар Ҳинд дар ҳимоят аз Ғазза ва Фаластин ва маҳкумияти ҷиноёти ваҳшиёнаи саҳюнистҳои кӯдаккуш ба сурати чашмгир баргузор шуд, ки тасовири расида аз он бисёр қобили таваҷҷуҳ аст.

Дар шаҳри Рум, пойтахти Италия, ҳазорон нафар бо тазоҳурот ва поин кашидани парчами режими ғосиби саҳюнистӣ дар мақарри Созмони ғизо ва кишоварзии Милали Муттаҳид (ФАО) эътирози худро нишон доданд.

Бар асоси назарсанҷиҳои афкори умумӣ ва таҳлили додаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳокӣ аз навъе нафрати кишварҳои ғарбӣ ба вижа дар насли ҷадид нисбат ба режими ҷинояткори саҳюнистӣ ва ҷиноёти ин режим дар Ғазза аст.

Бар пояи назарсанҷиҳои кишварҳои ғарбӣ ( Аврупо, Амрико ва Канада) афкори умумӣ нисбат ба гузашта мухолифати бештаре бо Исроил доштааст: ин мавзӯъ ба вижа дар миёни ҷавонон шадидтар аст. Ҳудуди 10 рӯз пеш донишгоҳи Ҳарвард, натоиҷи як назарсанҷиро мунташир кард. Тибқи ин назарсанҷӣ, афрод дар синини байни 18 то 24 сол ҳудуди 51 дарсад ва дар давраи синнии 24 то 35 сол ҳудуди 48 дарсад, амалиёти “Тӯфони Ал-Ақсо” дар Фаластинро машрӯъ медонистанд. Ин нисбат дар афроде, ки дар синини болотар буданд, мутафовит буд ва як ихтилофи ҷиддиеро нишон медод. Бар ҳамин асос гуфта шуда нигариши ҷавонон нисбат ба Исроил тағйир карда ва нафрати шадиде аз режими ҷинояткор ва хуношоми саҳюнистӣ шудааст.

АвстралияАмрикоАнглисВашингтонкӯдаккушЛОС АНҶЛЕСНю-ЙоркОлмонРежими саҳюнистӣТӯфони АқсоТӯфони Ал-АқсоФаластинФаронсаҷиноёти саҳюнистҳоиҷиноёти саҳюнистҳои кӯдаккушЮнон
Comments (0)
Add Comment