СММ: амалиёти башардӯстона дар Ғазза 48 соати оянда мутаваққиф мешавад

Раиси ожонси оворагони фаластинӣ Созмони Милал дар Ғазза ҳушдор дод, ки амалиёти башардӯстона ба далели итмоми сӯхт, давоми 48 соати оянда мутаваққиф мешавад.

Раиси ожонси оворагони фаластинӣ Созмони Милал дар Ғазза ҳушдор дод, ки амалиёти башардӯстона ба далели итмоми сӯхт, давоми 48 соати оянда мутаваққиф мешавад.

Ба нақл аз шабакаи телевизионии Еврониюз, раиси Ожонси оворагони фаластинии Созмони Милали Муттаҳид дар Ғазза рӯзи душанбе ҳушдор дод, ки амалиёти башардӯстона ба далели итмоми сӯхт, давоми 48 соати оянда мутаваққиф мешавад.

Бино бар эълони Томас Войт, 2 паймонкори аслии таъмин ва тавзеи об дар Ғазза аз имрӯз душанбе ва ба далели итмоми сӯхт кори худро мутаваққиф кардаанд, иқдоме, ки ҳудуди 200 ҳазор нафарро аз дастрасӣ ба об ошомидани солим маҳрум мекунад.

Ин ожонс, ки аз 780 ҳазор овора дар паноҳгоҳҳои худ мизбонӣ мекунад, мегӯяд то кунуни «ҳаддиақал 66 овораи фаластинӣ дар бомбаборонҳои Исроил кушта шудаанд.

ҒаззаСозмони МилалФаластин
Comments (0)
Add Comment