Нигоҳе ба сафари президенти Эрон ба Тоҷикистон ва фасли тозаи равобит

Дар сафари расмии Сайид Иброҳими Раисӣ ба Тоҷикистон, 18 санади ҷадиди ҳамкорӣ ва баёнияи муштараки сарони ду кишвар ба имзо расид, ки сабаби густариши равобит байни Душанбе ва Теҳрон дар арсаҳои мухталиф хоҳад шуд.  

Дар сафари расмии Сайид Иброҳими Раисӣ, президенти Эрон ба Тоҷикистон, 18 санади ҷадиди ҳамкорӣ ва баёнияи муштараки сарони ду кишвар ба имзо расид, ки сабаби густариши равобит байни Душанбе ва Теҳрон дар арсаҳои мухталиф хоҳад шуд. Пас дидори хусусии руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Эрон ва музокироти ҳайатҳои расмии ду кишвар, маросими имзои асноди ҷадиди ҳамкориҳои дуҷониба баргузор шуд ва баъд аз он сарони ду кишвар нишасти матбуотии муштарак доир карданд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни хушомдгӯии муҷаддад ба ҳамтои эронии худ, изҳор дошт: «давоми дидор ва музокироте, ки дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор шуд, мавзӯъҳои муҳими ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва таъкид шуд иштирокҳои таърихӣ ва фарҳангии фаровон миёни ду кишвари бародар заминаи мусоиде барои тақвияти эътимод ва эҳтироми мутақобилро фароҳам кардааст. Мо аз фазои созанда ва раванди мусбати равобити дуҷониба ва шаклгирии сатҳи мӯҳтавои он ибрози ризоят кардем.

Таъкид шуд, ки кишварҳои мо фурсатҳои фаровоне барои густариш ва тавсеаи ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталиф доранд. Мо бо таваҷҷуҳ ба аҳамият ва нақши гуфтугӯҳои сиёсии сатҳи олӣ барои густариши ҳамкориҳои чандҷониба, ҳимояти худро аз тадовуми муассир ва муназзами ин раванд эълон кардем. Барои дастёбӣ ба аҳдофи олӣ, ки таъмини манофеи мардуми Тоҷикистон ва Эрон ашт, иҷрои комили аснод ва тавофуқҳои дуҷонибаро шарти муҳим донистем. Ҳамчунин таҳкими ҳарчи бештари мабони ҳуқуқи ҳамкориҳо ва татбиқи он бо воқеиятҳои имрӯзро зарурӣ арзёбӣ кардем.

Президенти Тоҷикистон дар бахши дигаре аз сӯҳбатҳои худ, бо ишора ба имзои бастаи ҷадиди асноди ҳамкорӣ дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, энергетика, ҳамлу нақл, транзит, фановарӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, ибрози итминон кард, ки иқдом ба лағви раводид байни Тоҷикистон ва Эрон замина барои рафту омади шаҳрвандони ду кишвар ва тавсеаи бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷориро фароҳам хоҳад кард.

Раҳмон нақши комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, фаннӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Эронро дар густариши бештари равобити дуҷониба муҳим арзёбӣ кард ва аз баргузории нишасти ояндаи он то поёни соли ҷорӣ дар Душанбе хабар дод.

Вай бо ибрози ризоят аз раванди тавсеаи равобит миёни Тоҷикистон ва Эрон тайи чанд соли ахир, бар лузуми талошҳои муштарак барои иҷрои барномаи баландмуддати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории дуҷобна то соли 2030 таъкид кард.

Дар ин росто таҳаққуқи проектҳо дар бахшҳои саноеъ, энергетика, ҳамлу нақл, фароварии маводи маъданӣ, кишоварзӣ ва гардишгарӣ муҳим арзёбӣ шуд.

Раҳмон дар бахши дигаре аз суханони худ изҳор дошт, ки Тоҷикистон нисбат ба ҷалби сармояи Эрон дар манотиқи озоди иқтисодии кишвар ва иҷрои проектҳои муштарак алоқаманд аст. Ҳамчунин бар таваҷҷуҳи давлати Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳо дар бахши энергетика ва ба хусус сохти неругоҳҳои барқи обӣ ва хуршедӣ дар қаламрави кишвар ба унвони яке аз заминаҳои дорои зарфиятҳои матлуб ишора шуд.

Президенти Тоҷикистон бо баёни инки сарони ду кишвар ҳамчунин дар мавриди масоили муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ, ба вижа вазъият Афғонистон, масъалаи Фаластин ва мушкилоти дигар манотиқи даргири ҷаҳон табодули назар карданд, изҳор дошт: Тоҷикистон ба унвони кишваре, ки ҷанги дохилиро пушти сар гузоштааст, ҳимояти худро аз ҳаллу фасли мунозиаҳо аз тариқи абзорҳои дипломатик эълон мекунад.

Равобит миёни Эрон ва Тоҷикистон рӯ ба рушд аст

Дар ин нишасти матбуотӣ, Сайид Иброҳими Раисӣ низ бо ибрози ризоят аз натоиҷи сафари расмии худ ба кишвари дӯст, бародар ва ҳамзбони Тоҷикистон, изҳор дошт: бидуни тардид рафту омадҳо байни ду кишвари дӯст, метавонад дар ҷиҳати тавсеаи равобити дуҷониба муассир бошад.

Раисӣ бар ин нукта таъкид кард, ки ду кишвари ҳамзбон аз зарфиятҳои муносибе барои густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷорӣ, энергетика, ҳамлу нақл ва ғайра бархурдор ҳастанд, ки ҳанӯз аз ин мавқеиятҳо истифодаи хуб анҷом нагирифтааст.

Вай бо баёни инки «Ҷумҳурии Исломии Эрон тавонистааст таҳдидҳо ва таҳримҳоро ба фурсатҳо табдил диҳад», пешрафтҳои кишвар дар ҳавзаҳои энергетика, кишоварзӣ, санъат, маодин ва ғайраро қобили таваҷҷуҳ донист ва барои ба иштирок гузоштани онҳо бо мардуми азизи Тоҷикистон ибрози омодагӣ кард.

Президенти Эрон аз пешрафтҳое, ки пас аз сафари ду соли қабли худ ба Тоҷикистон ва сафари президенти Тоҷикистон ба Эрон дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ ва фарҳангӣ ба даст омадааст, изҳори хушҳолӣ кард ва гуфт: имрӯз ҳеҷ монеъ барои тавсеаи муносибот миёни Эрон ва Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Раисӣ вуҷуди собиқаи таърихӣ, тамаддунӣ ва забонии муштарак ва муҳимтар аз ҳамаи боварҳои муштаракро барои Эрон ва Тоҷикистон заминасози пайвандҳои ногусастанӣ тавсиф кард.

Президенти Эрон дар бахши дигаре аз суханони худ иштирокот фарҳангӣ миёни ду кишварро омили муҳиме барои наздикии беш аз пеш донист ва тасреҳ кард: қарор шуд бо фаъол шудани бахшҳои марбута дар ду кишвар гомҳое дар ҷиҳати тавсеаи забони форсӣ дар ростои тавсеаи фарҳангӣ ва муқобила бо таҳоҷуми фарҳангӣ бардорем, то битавонем аз доштаҳои фарҳангии худ, ки сармояи муҳим ва мондагори Эрон ва Тоҷикистон ҳастанд, сиёнат кунем.

Вай бо ишора бар вуҷуди дидгоҳҳои муштараки Эрон ва Тоҷикистон нисбат ба масоили минтақаӣ, табйин кард: ҳар ду кишвар нисбат ба мардуми азизи Афғонистон дағдаға доранд ва мӯътақидем амрикоиҳо баъд аз 2 даҳа ишғоли ин кишвар чизе ҷуз вайронӣ, қатл, куштор ва ақиб нигаҳ доштан барои Афғонистон боқӣ нагузоштанд. Ин ҳаққи мардуми Афғонистон аст, ки рушд ва пешрафт дошта бошанд, мардуми бисёр хубе, ки мӯътақидем ояндаи бисёр дурахшоне дар интизори онҳост. Эрон ва Тоҷикистон ба унвони ду ҳамсояи Афғонистон беш аз дигарон нисбат ба мардуми азизи ин кишвар эҳсоси масъулият мекунанд. Мӯътақидем давлате бояд дар Афғонистон ташкил шавад, ки аз ҳамаи ақвом, мазҳабҳо ва мардуми Афғонистон намояндагӣ кунад ва битавонад дар ҷиҳати пешрафти ин кишвар гомҳои мондагоре бардорад.

Раисӣ дар идомаи суханони худ дидгоҳҳои Теҳрон ва Душанбе дар мавриди вазъияти Фаластин ва дифоъ аз мардуми мазлуми онро муштарак унвон кард ва гуфт, ки ончи дар сарзаминҳои ишғолӣ мегузарад доғе бар дили ҳамаи мардуми мусалмон ҷаҳон ва тамоми инсонҳои бовиҷдони олам гузоштааст ва наметавон аз мавзӯи Фаластин гузашт, зеро Фаластин натанҳо масъалаи ҷаҳони Ислом, балки кулли башарият аст.

Вай бо ишора ба шаҳодати 4 ҳазор кӯдак ва беш аз 10 ҳазор нафар аз мардуми Фаластин аз сӯи режими саҳюнистӣ бо ҳимояти Амрико ва ғарб, хостори қатъи фаврии ҳамлаҳо ва поёни наслкушӣ ва кӯдаккушӣ ва шикастани муҳосираи мардуми Ғазза ва имдодрасонӣ ба онҳо шуд.

Барои тавсеаи таомулоти иқтисодӣ ва тиҷорӣ тасҳилоти лозим фароҳам аст.

Пас аз нишасти матбуотӣ, руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Эрон бо ҳузур дар нишасти муштараки анҷумани тиҷории ду кишвар, суханронӣ ва бар ҳимоятҳои худ аз иқдомоти тоҷирон ва корофаринони тоҷик ва эронӣ таъкид карданд.

Президенти Тоҷикистон бо истиқбол аз афзоиши сатҳи таомулоти ду кишвар дар заминаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, нақши бахши хусусиро муҳим донист ва гуфт, ки дар қонунгузории кишвараш барои ҳифзи манофеи сармоягузорон ва корофаринон замонатҳо ва музоидаҳои зиёди молиётӣ ва гумрукӣ дар назар гирифта шудааст.

Раҳмон аз сармоягузорон ва корофаринони ду кишвар хост, то ба баҳрабардории муносиб аз зарфиятҳои Тоҷикистон, ба хусус сарватҳои табиӣ ва манобеи обӣ ва маъдании ин кишвар таваҷҷуҳ кунанд.

Вай ҳамкориҳои бахшҳои давлатӣ ва хусусии ду кишвар дар заминаҳои иқтисоди сабз, саноеъ, маодин, тавлиди масолеҳи сохтмонӣ, маводи ғизоӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ, ҳамлу нақл ва гардишгариро муҳим ва дар ростои манофеи мутақобил тавсиф кард.

Пешрафти Тоҷикистон, пешрафти Эрон аст

Сайид Иброҳими Раисӣ зимни суханроӣ дар ҷамъи тоҷирон ва соҳибони саноеи ду кишвар эълон кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон пешрафти Тоҷикистонро пешрафти худ ва амнияти ин кишварро амнияти Эрон медонад.

Президенти Эрон, собиқаи равобити таърихӣ, тамаддунӣ ва фарҳангӣ ва пайванди амиқ ва ногусастании ақоид ва боварҳои ду кишварро заминасози тавсеа ва таъмиқи равобити мутақобил донист ва бар вуҷуди иродаи қотеи мақомоти Эрон ва Тоҷикистон нисбат ба тавсеаи ҳамкориҳо таъкид кард.

Вай бо ишора ба аҳамияти нақши тоҷирон ва бозаргонони ду кишвар дар амалиётисозии тавофуқҳои дуҷониба, шинохти комил аз тавонмандиҳои мутақобил дар заминаҳои муҳим донист ва баргузории намоишгоҳҳои тавлидотиро «яке аз ҷилваҳои ошноӣ бо тавонмандиҳо ва зарфиятҳои мутақобил» унвон кард.

Раисӣ бо таъкид ба онки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба рағми таҳдидҳо ва таҳримҳо ба дастовардҳои қобили таваҷҷуҳе дар ҳавзаҳои мухталифи санъатӣ, кишоварзӣ, илмӣ, фановарӣ ва пизишки ноил шудааст ва барои дар ихтиёр қарор додани ин дастовардҳо барои мардуми Тоҷикистон эълони омодагӣ кард.

Президенти Эрон бо таъкид бар аҳамияти равобит миёни ду кишвари дӯст ва бародар изҳор дошт: инки дигарон тавсеаи равобити Эрон ва Тоҷикистонро написандад, аҳамияте надорад, барои мо муҳим манофеи ду кишвар ва ду миллат аст. Мо пешрафти Тоҷикистонро пешрафти худ ва амнияти ин кишварро амнияти Эрон медонем ва ҳатман дар расидан ба ин аҳдоф аз ҳеҷ ҳамкорӣ дареғ нахоҳем кард.

Мақомоти олирутбаи Эрону Тоҷикистон дар ҳузури раисони ҷумҳурии ду кишвар 18 санаду тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Имзои баёнияи муштарак ва 18 санади ҳамкорӣ

Дар ҷараёни ташири Сайид Иброҳими Раисӣ ба кишварамон, баёнияи муштарак ва 18 санади ҳамкорӣ имзо шудааст.

Баёнияи мушатарки президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи таҳкиму густариши равобити роҳбурдӣ ва баландмуддати дуҷониба.

Ёддошти тафоҳуми нақшаи роҳи ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодии баландмуддат барои солҳои 2023 то 2030, лағви раводид (виза), мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, ҳамлу нақлу транзит, мудирияти буҳрон, эҷоди минтақаи озоди муштарак, фарҳангу ҳунар, омӯзиши олӣ, таҳқиқоти фанновариву навоварӣ, хадамоти почта, умури варзишӣ ва бародархондагӣ миёни шаҳрҳои Язди Эрону Хуҷанди Тоҷикистон, аз ҷумлаи асноду тафоҳумномаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки тавассути мақомоти ду кишвар ба имзо расид.

Ин асноди ҳамкорӣ миёни вазирони умури хориҷа, неру ва фарҳангу иршоди Ҷумҳурии исломии Эрон бо вазирони рушди иқтисод, фарҳанг, маориф, нақлиёт ва саноати Тоҷикистон имзо шуд.

Мавриди зикр аст, ки ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои минтақаӣ назири Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ( ЭКО) ва Созмони Ҳакории Шанхай низ ҳамкории хубе доранд ва аз мавозеъи якдигар дар ин созмонҳо пуштибонӣ мекунанд. Намунаи ахири он ҳимояти Тоҷикистон аз дархости пазириши узвияти Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай аст,  ки мунҷар ба тасвиби ин дархост ва шурӯъи фарояндаи узвият дар ин Созмон дар бистуякумин иҷлоси Шӯрои сарони Шанхай дар  декабри соли 2021 дар шаҳри Душанбе шуд.

ДушанбеСайид Иброҳими РаисӣТоҷикистонҶИЭЭмомалӣ РаҳмонЭрон
Comments (0)
Add Comment