Иқдомоти саҳюнистҳо алайҳи мардуми Фаластин ҷинояти ҷангӣ аст

Шӯрои уламои идораи мусулмонони Қирғизистон иқдомоти низомии режими кӯдаккуш ва ҷинояткори саҳюнист алайҳи мардуми ғайринизомии Фаластинро ҷиноят алайҳи башарият эълом кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ дар Бишкек, Шӯрои уламои идораи мусулмонони Қирғизистон иқдомоти низомии режими хунрез ва хуношоми саҳюнистӣ алайҳи мардуми ғайринизомии Фаластинро ҷиноят алайҳи башарият эълом кард.

Дар ин маврид ҳамчунин бо баёни инки кумакҳои маънавӣ ва моддӣ ба осеб дидагон муносиб аст, аз мӯъмнон хоста шуда дар намози ҷумъа дар масоҷид барои мардуми Фаластин дуо кунанд.

Гуфтнӣ аст пеш аз ин кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ба шаҳрвандони ин кишвар дар мавриди масъулияти кайфарӣ барои ширкат дар даргириҳои мусаллаҳона дар қаламрави кишварҳои дигар ё гузарондани омӯзиши террористӣ ҳушдор дод.

Аз ҳафтуми моҳи октябри соли ҷорӣ, артиши режими саҳюнистӣ ба пуштибонӣ ва ташвиқи сарони кишварҳои ғарбӣ ба вижа Амрико ба сурати пайваста манотиқи маскуниро дар Навори Ғаззаро бомбаборон мекунд ва аз чанд рӯз бадинсу таҳоҷуми заминиро низ дар пеш гирифтааст.

Ба таври куллӣ метавон гуфт пас аз ҳафтуми октябр дар Навори Ғазза наслкушӣ ва ҷиноёти ҷангӣ ба таври ваҳшёна тавассути режими ғосиб ва ҷинояткори саҳюнистӣ бо пуштибонии кишварҳои ғарбӣ ва дар раъси он Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, идома дорад.

Амрикоғосиб ва ҷинояткори саҳюнистӣИёлоти Муттаҳидаи АмрикоҚирғизистонНавори ҒаззасаҳюнистҳоФаластин
Comments (0)
Add Comment