Сайид Иброҳими Раисӣ вориди Тоҷикистон шуд

"Сайид Иброҳими Раисӣ", раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон ба манзури анҷоми сафари расмӣ воридм "Душанбе" пойтахти Тоҷикистон шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Сайид Иброҳими Раисӣ”, раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон ба даъвати расмии “Эмомалӣ Раҳмон” раисҷумҳури Тоҷикистон дақоиқи пеш вориди пойтахти кишвар шуд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе “Муҳаммадтоҳир Зокирзода” раиси маҷлиси намояндагон ва соири мақомоти баландпояи Тоҷикистон, сафир ва ҳайати сафорати Эрон дар кишвар аз Сайид Иброҳими Раисӣ истиқбол карданд.

Маросими истиқболи расмӣ аз Оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ дар маҳалли “Қасри Миллат” тавассути Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Дидори хусусии сарони ду кишвар, музокироти ҳайатҳои расмӣ, имзои асноди ҷадиди ҳамкорӣ ва ширкат дар нишасти муштараки фаъолони иқтисодӣ ва бозаргонони Тоҷикистон ва Эрон аз меҳварҳои аслии ин сафар хоҳад буд.

Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон фардо субҳ ба даъвати расмии “Шавкат Мирзиёев” раисҷумҳури Узбакистон ва ба манзури ширкат дар шонздаҳумин иҷлоси сарони Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ озими “Тошканд” хоҳад шуд.

Оятуллоҳи Раисӣ зимни ҳузур ва суханронӣ дар ин иҷлос, ҳамчунин бо теъдоде аз сарон ва мақомоти олии ширкаткунанда низ дидор ва дар хусуси ҳамкориҳои дуҷониба, масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ ва ба вижа вазъияти буҳрони Ғазза гуфтугӯ ва табодули назар хоҳад кард.

ДушанбеСайид Иброҳими РаисӣТоҷикистонТошкандУзбакистонҶумҳурии Исломии ЭронЭрон
Comments (0)
Add Comment