Гирифториҳои Байден – шарики аслии ҷиноятҳои режими наслкуш

Байден ҳоло дар сардаргумии навбатӣ қарор дорад ва ин бор ҷиддитар аз гузашта аст, ҳимоят аз ҷиноятҳои Исроил ё дӯстии хаёлӣ бо ҳуқуқи башар!

Байден фишори зиёде аз тарафи ҳизб худ барои эъмоли фишор рӯи Исроил ва таваққуфи ҷанг ҳис мекунад. Ин дар ҳолест, ки дар ду ҳафтаи нахусти шурӯи ҷанги Ғазза Байден таъкид мекард, Исроил ҳақ дорад аз худ дифоъ кунад.

Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико дар талош барои мутаодилсозии сиёсати давлаташ дар қиболи ҷанг миёни режими саҳюнистӣ ва Ҳамос аст, зеро ӯ аз яксӯ акнун таҳти интиқодҳои шадид ба воситаи иқдомоти Исроил дар куштори ғайринизомиёни Ғазза қарор дорад ва аз сӯи дигар ночор аст, ки аз муҳимтарин муттаҳиди худ дар Ховари Миёна низ ҳимоят кунад.

Дар ҳамин робита тибқи гузорише, ки ба тозагӣ Нию вейк мунташир кардааст, ҳафтаи гузашта вақте аз Байден хоста шуд, то бо оташбас дар Ғазза мувофиқат кунад, Ӯ муддаӣ шуд, ки аз як вақфаи кӯтоҳмуддати башардӯстона ҳимоят мекунад, зеро вазъияти феълӣ бисёр печида аст.

Бархе ин мавзӯъро талоше аз сӯи Байден барои таъдили ҳимояти умумии худ аз Исроил медонанд; режиме, ки дар тӯли як моҳи гузашта ҳамлаҳои беамонеро ба Ғазза анҷом дода ва ҷони беш аз 9500 нафар аз фаластиниёни сокин дар ин минтақаро гирифтааст; пас Ӯ акнун дар остонаи як соли монда ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ, натанҳо бо эътироз ва тазоҳуроти тарафдорони Фаластин дар дохили Амрико мувоҷеҳ шуда, балки бархе аз демократҳо низ аз вай барои сукут дар қиболи куштори мардуми Ғазза ба шиддат интиқод мекунанд.

 Дуроҳии ҳимоят ё адами ҳимоят аз Нетянёҳу

Дар ҳамин робита Макс Оброҳомз, устоди улуми сиёсӣ дар донишгоҳи Норс Истерн мӯътақид аст: Байден фишори зиёде аз тарафи ҳизби худ барои эъмоли фишор рӯи Исроил ва таваққуфи ҷанг ҳис мекунад. Ин дар ҳолест, ки дар ду ҳафтаи нахусти шурӯи ҷанги Ғазза Байден таъкид мекард, Исроил ҳақ дорад аз худ дифоъ кунад, аммо акнун ҳимояти Ӯ аз режими саҳюнистӣ ба девори маҳкаме бархурд кардааст, зеро сӯҳбатҳои Ӯ ба ин маъност, ки Исроил барои дифоъ аз худ метавонад ҳар навъ ваҳшигариро анҷом диҳад. Дар воқеъ аз ҳамин замон аст, ки гурӯҳе аз намояндагони демократ монанди Рашида Тлайб, ки табори фаластинӣ дорад, Илҳон Умар ва Александрия Увкосио Куретз ба сароҳат аз Байден хостаанд, то бо эҷоди як оташбас, сатҳи буҳронро маҳор кунад.

Ин масъала замоне аҳамияташ равшантар мешавад, ки бидонем пойгоҳи раъйи демократҳои ҷавон монанди Рашида Тлайб ва Илҳон Умар дар миёни тарафдорони ҳизби демократ бисёр аҳамият дорад. Дар натиҷа акнун шоҳид ҳастем, ки сафсатаҳои Байден камтар аз гузашта шуда ва ҳоло мақомоти давлаташ рӯи ирояи кумакҳои башардӯстона ба мардуми Ғазза таъкиди бештаре доранд. Дар ҳамин росто буд, ки Ӯ чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта гуфт: аз даст додани зиндагии ҳар бегуноҳе як трагедия аст. Мо барои ин маргҳо ғамгин ҳастем.

Бо ин ҳол нуктаи муҳими дигаре низ вуҷуд дорад; инки Байден дар сурати коҳиши ҳимояти худ аз Исроил пойгоҳи раъйи худро дар миёни яҳудиён аз даст хоҳад дод. Ба хусус инки ҷумҳурихоҳон, ки ба сурати суннатӣ тарафдори Исроил ҳастанд, метавонанд дар соли интихоботӣ аз чунин аҳруме дар ҷиҳати ҳамла ба Байден ва ҷалби раъйҳои бештар дар сабади раъйи худ истифода кунанд.

Дар ин бора Ҷули Нурман, устоди улуми сиёсӣ ва равобити байналмилал дар донишгоҳи Лондон ба Ниюз вейк мегӯяд: Байден эҳтимолан медонад, ки ҳаргиз бо мавзӯе ба ин печидагӣ бархурд накардааст. Дар натиҷа аз онҷо, ки наметавонад тамоми аъзои ҳизби худро розӣ нигаҳ дорад, эҳтимолан ба думболи ин аст, ки назари демократҳои суннатиро, ки тарафдори ҳимоят аз Исроил ҳастанд ба даст оварда ва то ҳудуде ҳам муваффақ ба маҳори ҷумҳурихоҳон шавад.

Дар воқеъ акнун вазъият ба гунае рақам хӯрдааст, ки қобили муқоиса бо қабл нест. Имрӯз исроилиҳо тамоми қонунҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башариро дар Ғазза зери по гузошта ва муддаӣ ҳастанд, ки қасд доранд Ҳамосро аз байн баранд. Аз сӯи дигар Амрико низ токунун бо ҳаргуна оташбас дар Ғазза мухолифат карда, зеро, ки коршиносон ва бархе мақомоти амрикоӣ мӯътақиданд, ки ҳар гуна оташбас ба тақвият ва имкони созмондеҳии бештари Ҳамос мунҷар хоҳад шуд. Бинобарин идомаи ҷанг ба маънои афзоиши талафоти ғайринизомиён аст, ки ба таври қатъ барои Амрико ба унвони ҳомии Исроил веҷҳаи байналмилалии баде бар ҷой хоҳад гузошт.

Нурман мӯътақид аст, ки давлати Байден аз ибтидо барои хуруҷи шаҳрвандони амрикоӣ аз Ғазза бо фишор мувоҷеҳ буд; ҳамчунин Ӯ бояд нишон медод, ки байни аъзои ҷунбиши Ҳамос ва ғайринизомиён тафовут қоил мешавад, то битавонад аз сатҳи вокунишҳои минтақаӣ ҷилавгирӣ кунад.

Бо ин ҳол сирфи назар аз ниятҳои Байден, Ӯ дар мавқеияти ҳавлноке қарор гирифтааст, зеро агар бихоҳад ҷониби фаластиниёнро бигирад бо фишор ва хашми ҷиноҳи муқобил мувоҷеҳ мешавад. Ҳамчунин Ӯ агар қасд дошта бошад ҳамчунон аз Исроил ҳимоят кунад, вазъияташ дар миёни афкори умумӣ ва бархе ҳамҳизбиҳояш бо чолиши ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. Ҳатто дар ин миён талош барои гирифтани миёнаи моҷаро ҳам ба таври қатъ хашми ҳар ду тарафро алайҳи Ӯ бармеангезад.

АмрикоБайденҒаззаинтихоботи президентӣИсроилРежими саҳюнистӣФаластинҲамос
Comments (0)
Add Comment