Ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ густариш меёбад

 Вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ ба тавсеаи равобит дар арсаҳои мухталиф таъкид карданд.

Вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ ба тавсеаи равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмӣ ва фаннӣ байни ду кишвар таъкид карданд.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷа дар чорчуби сафари корӣ ба Туркманистон бо Пок Чин, вазири умури хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ дидор кард.

Дар ин дидор мавзӯъҳои марбут ба густариши равобити дуҷониба дар заминаҳои мухталиф ва ҳамчунин тақвияти чорчуби ҳуқуқӣ мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.

Ду тараф бар алоқаи худ барои беҳбуди бештари равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмӣ ва фаннӣ, густариши равобити бийипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар заминаҳои санъат ва энергетика, фарҳанг ва гардишгарӣ, муҳоҷирати неруи корӣ ва тақвияти таомул дар чорчуби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ таъкид карданд.

Вазири умури хориҷа бо ҳадафи ширкат дар ҳамоиши дабири кулли Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва вазирони хориҷаи Осиёи Марказӣ ва шонздаҳумин Маҷмаъи ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ ба Ишқобод сафар кардааст.

Кореяи ҶанубӣравобитТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment