Тӯфони Ақсо ва гирифтории дубораи Амрико дар минтақа

Амалиёти Тӯфони Алқсо муодилот дар ғарби Осиёро ба шакли бунёдин тағйир дод ва роҳбурди Амрико барои оддисозии равобити арабҳо ва режими саҳюнистиро ба маслах бурд.

Марвон Коболон, мудири таҳлили сиёсат дар маркази арабӣ барои таҳқиқот ва мутолиоти сиёсат бо интишори гузориши таҳлилӣ дар веб-сайти шабакаи Алҷазира бо ишора ба амалиёти бузург ва ғофилгиронаи Тӯфони Ақсо муқовимати Фаластин алайҳи режими саҳюнистӣ навишта, ки баъд аз мунсариф шудани Амрико аз тарҳи “Ховари Миёнаи бузург”, фишори зиёде рӯи Чин ва Русия омад чаро, ки боиси тамаркузи Амрико бар сиёсати осиёмеҳварӣ ва тақвияти иттиҳоди НАТО шуд, аммо акнун ва пас аз амалиёти Тӯфони Ақсо вазъият комилан тағйир карда, чароки пойи Вашингтон дубора ба минтақа кашида шудааст, ба гунае, ки наметавонд аз он раҳоӣ ёбад.

Рӯзи 7-уми октябри неруҳои мусаллаҳи гурӯҳи муқовимати Ҳамос, ҳамлаеро оғоз карданд, ки Исроилро ғофилгир кард. Муборизони Ҳамос аз пойгоҳҳо ва таҷҳизоти низомии Исроил убур карданд, ки сабаби кушта шудани 1400 исроилӣ шуд. Исроил дар посух, ҷанги дигареро алайҳи Ғазза оғоз кард ва бо муҳосираи комили ин минтақа, бераҳмона ба бомбаборони ғайринизомиён ва зерсохтҳо пардохт. То кунун беш аз 8 ҳазор фаластинӣ ба шаҳодат расидаанд, ки дар миёни онҳо 3457 кӯдак ҳастанд.

Амалиёти Ҳамос натанҳо шеваи ҷанги Фаластин ва Исроилро тағйир додааст, балки таҳаррукоти Ховари Миёнаро низ дастхуши тағйир ва таҳаввул намудааст. Ин ҳамла роҳбурди Амрико барои танишзудоӣ ва оддисозии равобити аъроб ва Исроилро ба маслах бурд ва давлатҳои арабӣ ва Эронро дар мавқеият сахте қарор дод ва ҳамчунин роҳро барои дахолати бештари Чин ва Русия дар минтақа ҳамвор кард.

 Роҳбурди Амрико тазъиф шуд

Тайи се соли гузашта, давлати Байден талош кард, ки дар ростои сиёсати чархиш ба шарқ, дахолат дар Ховари Миёнаро коҳиш диҳад ва бар Чин тамаркуз кунад. Ба ҳамин далел, Иёлоти Муттаҳида умедвор буд, ки бо ҳамвор кардани масири оддисозии равобити Арабистон ва Исроил ва танишзудоӣ бо Эрон, танишҳоро дар минтақа коҳиш диҳад. Ҳамчунин умедвор буд, ки бо эҷоди кридури Ҳинд-Ховари Миёна- Аврупо нақши Ҳинд дар минтақаро афзоиш дода ва нуфузи Чин дар минтақаро коҳиш диҳад.

Проекти амрикоиҳо ду бахш дошт; кридури шарқӣ, ки Ҳиндро ба кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс муттасил мекард ва кридури шимоле, ки кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форсро аз тариқи Урдун ва Исроил ба Аврупо муттасил мекард. Проекте, ки ба назар мерасид дар посух ба ибтикори як камарбанд-як роҳи Чин буд.

Ҳамлаи Ҳамос поёни сареъ ба ин тарҳҳо буд. Дар ибтидо ин ҳамла раванди оддисозии равобити Арабистон ва Исроилро ба инҷимод бурд ва муносиботи амниятии минтақаро ақим гузорд.

Дувум онки ҳамлаи Ҳамос, Иёлоти Муттаҳидаро водор кард, ки дар сиёсати коҳиши ҳузури низомии худ дар минтақа таҷдиди назар кунад ва дастури бештарин ҳузури неруҳоро аз замони мубориза бо ДИИШ бидиҳад. Пентагон як нови ҷангӣ ба Мидитаронаи шарқӣ ва як нови дигар ба Халиҷи Форс эъзом кард. Амрикоиҳо маҷмӯан 100 фарванди ҷети ҷангӣ ба ҳамроҳи киштиҳои ҷангӣ ва зердарёиҳои муҷаҳҳаз ба мушакҳои Том Ҳоук ба минтақа эъзом карданд. Вашингтон эълон кард, ки ин афзоиши ниеуҳо ва таҷҳизот барои ҷилавгирӣ аз боз шудани ҷабҳаи севум алайҳи Исроил будааст.

Севум онки ин моҳ поёне бар талошҳои Амрико барои танишзудоӣ бо Эрон буд. Як моҳи пеш ду кишвар барои мубодилаи зиндониён ва озодсозии 6 миллиард доллар аз дороиҳои блокашудаи Эрон, ба тавофуқ расиданд. Умед мерафт, ки ин тавофуқ Эронро ба маҳдуд кардани шебҳи низомиёни худ дар Сурия ва Ироқ барои иқдом алайҳи неруҳои амрикоӣ, ташвеқ кунад.

Таҳаввулоти ҳафтаи гузашта нишон дод, ки ин тартибот ҳаргиз сурат нагирифтааст. Гурӯҳҳои мусаллаҳ тарафдори Эрон дар Сурия ва Ироқ ҳамалотеро ба пойгоҳҳои низомии Амрико оғоз карданд ва теъдоде аз неруҳои амрикоиро захмӣ карданд. Мақомоти Амрико ҳамчунин иддао карданд, ки неруҳои онҳо дар шимоли Дарёи Сурх, паҳподҳо ва мушакҳои шилликшуда тавассути ҳавсиҳои Яман (Ансоруллоҳи Яман)-ро мунҳадим кардаанд. Ҳамаи инҳо ба ин маъно аст, ки Иёлоти Муттаҳида дар маърази кашида шудан ба ҷанги дигаре дар минтақа аст.

 Муаммои Эрон ва аъроб

Ҳамлаи Ҳамос ва ҷанги Исроил алайҳи Ғазза ҳамчунин давлатҳои минтақаро дар мавқеияти душворе қарор дод. Аз як сӯ Иёлоти Муттаҳида ба муттаҳидони араби худ ва ба вижа кишварҳое, ки равобити худ бо Исроилро оддӣ карданд, фишор меоварад, ки Ҳамосро маҳкум кунанд, ки танҳо Амороти Муттаҳидаи Араб ва Баҳрайн чунин баёнияҳои содир карданд. Аз тарафи дигар куштори ғайринизомиёни фаластинӣ тавассути Исроил, хашми умумии аъробро барангехт ва аз давлатҳои худ хостанд, ки дар ҳимоят аз фаластиниён иқдом кунанд. Нишонаҳое вуҷуд дорад, ки вазни хости умумӣ бар дархостҳои Амрико мечарбад ва раҳбарони арабро водор кардааст, ки дар муқобили хости Амрико беистанд.

Фоҷеаи бемористони Ал-Аҳлӣ, ки дар 17-уми октябр рух дод, маҳкумияти давлатҳои арабӣ ва ҳатто Аморот ва Баҳрайнро ба думбол дошт. Дар нишасти сулҳи Қоҳира дар 21-уми октябр, малик Абдуллоҳ дувум подшоҳи Урдун, ки кишвараш дар соли 1994 бо Исроил муоҳидаи сулҳ имзо кардааст, тундтарин суханрониро алайҳи сиёсатҳои Исроил дошт.

Дар ҷаласаи Шӯрои умумии Созмони Милали Муттаҳид барои баҳс дар хусуси вазъияти Ғазза, вазирони хориҷаи Миср, Урдун ва Арабистони Саудӣ, ки ҳамагӣ муттаҳиди Амрико ҳастанд, ба шиддати Исроилро маҳкум карданд ва хостори оташбаси фаврӣ шуданд. Як рӯз баъд Амороти Муттаҳидаи Араб ба ҳамроҳи Чин ва Русия ба қатъномаи Амрико, ки дар он ба таваққуфи даргириҳо ишора нашуда буд, раъй доданд.

То кунун, давлатҳои араб тарафдори Амрико маҷбур ба тундтарин изҳорот барои фурӯ нишондани хашми умумӣ ҳастанд. Аммо агар Исроил ба ҳамлаҳои маргбори худ идома диҳад, танҳо ҳарф задан кофӣ нахоҳад буд ва онҳо маҷбур ба иқдоми амалӣ барои бозгаштан аз масири оддисозии равобит бо Исроил ҳастанд, иқдоме, ки метавонад боиси хашми Амрико шавад.

Фуқдони иқдоми амалии раҳбарони кишварҳои арабӣ барои ҳимоят аз фаластиниён метавонад сабаби мавҷи ҷадиди бесуботӣ дар минтақа шавад. Афкори умумии аъроб, ҳамакнун бо сиёсатҳои шикастхӯрдаи иқтисодии хашмгин аст ва куштори васеи фаластиниён метавонад шӯълаи хашми онҳоро бештар кунад. Бори дигар ҳимояти Амрико аз ҷиноятҳои Исроил дар Ғазза, ҳимоят аз режимҳои арабӣ минтақаро коҳиш медиҳад.

Эрон низ агарчи ба далелҳои мутафовите, худро дар мавқеияти душворе дид. Раҳбари ҶИЭ ҳамлаи 7-уми октябр Ҳамосро сутуд дар ҳоле, ки ҳаргуна дахолат дар онро нафй кард. Теҳрон огоҳона талош кард, ки ба мувоҷеҳаи мустақим бо Исроил ва муттаҳиди он яъне Иёлоти Муттаҳида, кашида нашавад ва ҳамзамон аз Ҳамос низ ҳимоят кунад.

 Иҷмои Русия ва Чин

Дахолати Иёлоти Муттаҳида дар низои дигаре дар Ховари Миёна ва тазъифи иттиҳод бо кишварҳои арабӣ, боиси афзоиши нуфузи Пекин ва Маскав хоҳад шуд. Ҳар ду кишвар, тайи ду даҳаи гузашта аз дахолати хунини Вашингтон дар Ховари Миёна баҳраманд шудаанд. «ҷанг алайҳи терроризм» ба раҳбарии Амрико дар минтақа ба мавзеи ин кишвар дар минтақа оссеб зад ва боиси тақвияти тасвири мусбати Русия ва Чин дар миёни миллатҳои мусулмон шуд. Ин масъала ҳамчунин боиси саргарм шудани Иёлоти Муттаҳида дар Ховари Миёна ва наздик шудани сиёсатҳои Чин ва Русия барои афзоиши нуфузашон шуд.

Баъд аз мунсариф шудани Амрико аз тарҳи Ховари Миёнаи бузург, фишори зиёде рӯи Чин ва Русия омад, чароки боиси тамаркузи Амрико бар сиёсати осиёмеҳварӣ ва тақвияти иттиҳоди НАТО шуд. Ин масъала акнун эҳтимолан тағйир ёфтааст, чароки пойи Иёлоти Муттаҳида дубора ба минтақа кашида шудааст, ба гунае, ки наметавонад аз он раҳоӣ ёбад.

Афзоиши неруҳои низомӣ дар Ховари Миёна, кумакҳои бештар ба артиши Исроил ва тамаркузи ҳайатҳои дипломатики Иёлоти Муттаҳида барои ҳимоят аз Исроил ба ин маъно аст, ки манобеи низомӣ, молӣ ва дипломатики камтаре барои кумак ба Украина ва ҳимоят аз муттаҳидон дар Осиё, ки дар талош ҳастанд дар муқобили нуфузи Чин беистанд, вуҷуд дорад.

Ба илова ҳимояти беқайду шарти Иёлоти Муттаҳида аз куштори ғайринизомиёни фаластинӣ дар Ғазза тавассути Исроил, ҷойгоҳи Амрикоро дар ҷаҳони Ислом таҳлил мебурд ва майдонро ба Русия ва Чин вогузар мекунад. Ҳар ду кишвар хостори оташбаси фаврӣ дар Ғазза шудаанд ва Амрикоро муттаҳам ба ҳимоят аз ҷанг вайронгар кардаанд. Ба назар мерасад, ки Амрико ба ҷои маҳори Чин ва Русия дар Ховари Миёна ба пойи худ шиллик кардааст ва ба онҳо кумак кардааст, ки мавқеияти худро тақвият кунанд ва нақшаи худро дар минтақа, аз ҷумла кридори иқтисодии Ҳинд-Ховари Миёна- Аврупо, тазъиф кардааст.

Дар воқеъ амалиёти 7-уми октябр Ҳамос ба Исроил, мошаи тағйирот ва таҳаррукоте дар минтақаро кашида аст, ки мизони ин тағйирот ба ирода ва тавоноии Амрико барои контроли Исроил бастагӣ дорад. Агар Амрико ба Исроил фишор наоварад, ки ҷанг алайҳи Ғаззаро мутаваққиф кунад, муҳосираро бар дорад ва музокира бо фаластиниёнро оғоз кунад, тамоми минтақа мумкин аст дар шӯълаҳои оташ қарор гирад.

Эҳтимол инки ҷанг ба Лубнон, Сурия, Яман ва Ироқ густариш ёбад ва ё хезишҳои густарда дар ҷаҳон араб анҷом гирад, вуҷуд дорад. Ин масъала натанҳо ба муттаҳидини минтақаӣ Амрико осеб мезанад, балки дарҳоро барои мудохила бештари Русия ва Чин дар минтақа, комилан боз мекунад.

АмрикоАрабистони СаудӣРежими саҳюнистӣРусияФаластинХовари МиёнаҲамосЧинҶИЭЭрон
Comments (0)
Add Comment