Рекордшикании саҳюнистҳо дар кӯдаккушӣ

Аз замони бомбаборон ва ҳамлаҳои девонавори режими наслкуш ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ба Ғазза дар рӯзи 7 октябр то имрӯз дастикам 3457 кӯдаки мазлум ва бедифои фаластинӣ ба шаҳодат расиданд.

Мақомоти тандурустӣ ва дармон дар Навори Ғазза мегӯянд теъдоди кушташудагон дар бомбаборонҳои режими ғосиби Исроил аз 8300 нафар гузаштааст. Гуфта мешавад як ҳазор кӯдаки дигар дар Навори Ғазза мафқуд шудаанд ва мумкин аст зери овор бошанд. Кӯдакон беш аз 40 дарсад аз беш аз 8300 нафаре, ки таъйид шуда дар Навори Ғазза кушта шудаандро ташкил медиҳанд. Аз замон оғози ҷанги Ғазза беш аз 6000 кӯдак дар Ғазза захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи масъулони тандурустӣ ва дармон дар Навори Ғазза, ки вобаста ба гурӯҳи Ҳамос ҳастанд, аз замони оғози ҳамалоти ваҳшиёнаи Исроил ба ин минтақа дасти кам 8306 нафар аз ҷумла 3457 кӯдаки Ғазза кушта шудаанд. Онҳо ҳамчунин эълом кардаанд, ки ин омор шомили 2136 зан ва 480 солманд мешавад. Созмони тандурустии ҷаҳонӣ ҳушдор додааст, ки бемористонҳои Навори Ғазза ба далели камбуди барқ ва таҷҳизоти аввалия ба сахтӣ дар ҳоли фаъолият ҳастанд. Ҳамчунин ҳеҷ маҳмулаи сӯхте аз оғози даргириҳо ба ин минтақа ирсол нашуда то барои тавлиди барқи бемористонҳо, паноҳгоҳҳо, нонвоиҳо, истгоҳҳои тасфия об ва системи фозилоб маврид истифода қарор бигирад.

Ҳамзамон Ожонси расидагӣ ба Фаластиниён дар Созмони Милал эълом кард, Исроил бемористони тахассусии дармони саратонро бомбаборон кард; Комиссари кулли Ожонси имдод ва кори Созмони Милали Муттаҳид (UNRWA), Исроилро ба “муҷозоти дастаҷамъӣ” мардуми мазлуми Ғазза муттаҳам кард.

Анҷумани наҷоти кӯдакон: ҳар 10 дақиқа як кӯдак дар Ғазза кушта мешавад

Созмони хайрияи наҷоти кӯдакон (Save The Children), ки яке аз бузургтарин ниҳодҳои имдодрасонӣ ба кӯдакон дар ҷаҳон аст мегӯяд «ҳар 10 дақиқа як кӯдак дар Ғазза кушта мешавад». “Ҷейсон Ли”, мудири минтақаӣ ин Созмон дар манотиқи фаластинӣ дар гуфтугӯи бо “BBC” гуфт: як севуми 20 ҳазор нафаре, ки дар Навори Ғазза маҷрӯҳ шудаанд кӯдак ҳастанд; Яъне аз ҳар се нафар як нафар кӯдак аст. Ҷейсон Ли гуфтааст: бо идомаи ҳамалоти Исроил ба Ғазза ва беҷо шудани беш аз як миллион аз сокинони ин минтақа, омори бемориҳои вогирадор ҳам рӯ ба афзоиш аст чаро, ки шароити риояти усули тандурустӣ барои оворагон муҳайё нест. Ӯ гуфта бими вахомати ҳамҳгирии зуком дар миёни ҷангздагон тайи рӯзҳои ахир афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи ин мақоми анҷумани наҷоти кӯдакон, мизони дору ва ақломи беҳдоштӣ ва тандурустие, ки тавассути комюнҳои инсондӯстона вориди Ғазза мешавад ҳам чун «қатрае дар дарё» аст ва барои имдодрасонӣ ба садҳо ҳазор паноҳҷӯ ҳаргиз кифоят намекунад. «ҷарроҳон бидуни истифода аз доруи беҳушӣ амали ҷарроҳӣ анҷом медиҳанд. Имдодгарон аз чароғи гӯшиҳои телефонҳои ҳамроҳи худ барои равшан кардани марокизи дармонӣ истифода мекунанд». «Ақломи пизишкии онҳо назири понсумон ва часби захм тамом шуда ва ҳамзамон 130 кӯдаки норас дар дастгоҳҳои ҳаётӣ нигаҳдорӣ мешаванд, ки мумкин аст (ба иллати қатъӣ барқ) ба шаҳодат бирасанд.

Ин дар ҳоле аст, ки режими кӯдакукш бо эълони инки амалиёти ваҳшиёнаи низомиаш алайҳи мардуми таҳти муҳосираи Ғазза вориди фози ҷадиде шуда мушаххасан – бино бар изҳороти фошшудаи мақомоти Телавив ва бархе кишварҳои ғарбӣ ва арабӣ- ҳадаф поксозии бахши аъзами Ғазза аз ҷамъияти маҳаллӣ ва кӯчондани Фаластиниҳои ин борика ба саҳрои Синоро думбол мекунад. Баровард мешавад беш аз як саввуми манозили Ғазза то инҷои кор вайрон шуда ва 300 ҳазор нафар бавижа аз манотиқи сукунаташон дар шимоли ин борика овора шудаанд.

 

 

ҒаззаИсроилкӯдаккушӣНавори ҒаззасаҳюнистӣсаҳюнистҳоТелавивФаластинФаластини
Comments (0)
Add Comment