Баррел ҳамалоти режими сиҳюнистӣ ба Ғаззаро ноқизи қавонини байналмилалӣ донист

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ҳамалоти режими палиди сиҳюнистӣ ба сокинони Навори Ғаззаро ноқизи қавонини байналмилалӣ донист.

Ба гузориши хабаргузории рӯзномаи “Де Волт” -и Олмон, ба гуфтаи “Ҷозеф Баррел”, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ҳамалоти режими ҷинояткори сиҳюнистӣ алайҳи Навори Ғазза ноқизи қавонини байналмилалӣ аст.

Ба гуфтаи “Ҷозеф Баррел”, дипломати аршади Иттиҳодияи Аврупо, режими сиҳюнистӣ бо ҳамалоти худ дар мубориза бо муқовимати Фаластин Ҳамос қавонини байналмилалиро нақз мекунад. Баррел рӯзи шанбе дар платформаи X (Твитери собиқ) навишт: Ғазза дар хомӯшии комил ва инзиво қарор дорад, зеро гулӯла боронҳои сангин идома дорад. Ба гуфтаи вай ожонси имдод ва кори Созмони Милал барои оворагони фаластинӣ нисбат ба вазъияти ноумед кунандаи мардуми Ғазза бидуни барқ, ғизо ва об ҳушдор медиҳад. Баррел гуфт: бисёре аз ғайринизомиён, аз ҷумла кӯдакон, кушта шудаанд. Ин хилофи қавонини байналмилалии башардӯстона аст.

Ҷозеф Баррел навишт, ки барои эҷоди имкони дастрасии башардӯстона ба таваққуф дар ҷанг ниёз фаврӣ аст. Вай ҳамчунин хостори озодии бидуни қайд ва шарти ҳамаи зиндониён ва асирон дар ин даргириҳо шуд.

Иттиҳодияи АврупоНавори Ғаззарежими сиҳюнистӣҶозеф Баррел
Comments (0)
Add Comment