Таъкиди Душанбе ва Теҳрон ба густариши ҳамкориҳо

Тоҷикистон ва Эрон қасд доранд ҳамкориҳоро фаъолтар созанд.

Сарвазири Тоҷикистон ва муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон имкони ифтитоҳи парвозҳои ҷадид миёни кишварҳоро баррасӣ карданд.
Дар мулоқоти сарвазири ҷумҳурӣ Қохир Расулзода ва ноиби якуми президенти Эрон Муҳаммад Мухбир сухан дар бораи густариши фаъолиятҳо рафт.
Суҳбати онҳо дар Бишкек дар чаҳорчӯби ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай сурат гирифт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла афзоиши гардиши мутақобила, фаъолсозии бахши хусусӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои бонкӣ, дорусозӣ ва тибро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Расулзода ва Мухбир масъалаи боз ҳам пурзӯр намудани кори комиссияи байнихукуматиро муҳокима карданд.
Онҳо ҳамчунин имкони кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ, бахусус тавсеаи парвозҳо дар ду самтро баррасӣ карданд.
Қаблан нахустин нишасти Кумитаи сиёсии Тоҷикистону Эрон дар Душанбе баргузор шуда буд.

ДушанбеТеҳронТоҷикистонЭрон
Comments (0)
Add Comment