13 нафар дар бомбаборони як хона дар Ғазза шаҳид шуданд

Манобеи хабарӣ аз тадовуми бомбаборони Ғазза тавассути артиши режими саҳюнистӣ ва шаҳодати 13 фаластинӣ дар бомбаборони як хона дар урдугоҳи Ҷабалия хабар медиҳанд.

Ба гузориши хабаргузории “Алҷазира”, дар идомаи ҷиноёти артиши режими саҳюнистӣ дар ҳаққи Фаластиниёни сокини Навори Ғазза, артиши ин режим як хонаи маскуниро дар урдугоҳи Ҷабалия воқеъ дар шимоли Навори Ғазза бомбаборон кард.

Дар натиҷаи ин ҷинояти режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ дасти кам 13 фаластинӣ ба шаҳодат расиданд ва беш аз 40 нафари дигар низ захмӣ шуданд.

Аз сӯи дигар артиши режими кӯдак куши саҳюнистӣ дар ҷинояти ҷадид, хонаи “Вайл Ал-Даҳдуҳ” хабарнигори Алҷазираро дар урдугоҳи Ан-Насирот дар маркази Навори Ғазза ҳадаф қарор дод ва ҳамсар ва ду фарзанди духтар ва писари вайро ба шаҳодат расонд.

Хабарнигори Аламёдин низ эълом кард: ишғолгарон яке аз бузургтарин ҷиноётро дар Навори Ғазза муртакиб шуданд ва чандин манзили маскуниро дар минтақаи Алирмук ҳадаф қарор доданд. Беш аз 10 хона дар ин минтақа бо хок яксон шуда ва токунун теъдоди ниҳоӣ шуҳадои ин ҷиноят мушаххас нашудааст.

Пештар вазорати умури дохилии Ғазза эълом карда буд, ки чорроҳои хиёбонҳои Ал-Ҷала ва Алирмук ва як сохтумони маскунӣ воқеъ дар ин минтақа тавассути артиши режими хуношоми саҳюнистӣ бомбаборон шудааст ва дар натиҷаи он дасти кам 26 фаластинӣ ба шаҳодат расидаанд ва беш аз 100 нафар низ захмӣ шудаанд.

Аз сӯи дигар хабарнигори Алҷазира низ бо ишора ба тадовуми бомбаборони манотиқи мухталифи Навори Ғазза аз бомбаборони минтақае дар муқобили бемористони Ал-Вафо хабар дод.

Тӯпхонаи артиши режими ҷинояткори саҳюнистӣ низ манотиқи марзии наздик ба девораи амниятӣ дар шарқи Навори Ғаззаро ба шиддат гулӯлаборон кард.

Манобеи хабарӣ аз бомбаборони минтақаи Дайр ул-Балаҳ дар ҷануби Навори Ғазза низ хабар доданд. Ин бомбаборон дар ҳоле анҷом мешавад, ки режими кӯдак куши саҳюнистӣ борҳо муддаӣ шуда, ки манотиқи ҷануби Навори Ғазза манотиқи амн ҳастанд.

Ҳамчунин ҷангандаҳои артиши режими палиди саҳюнистӣ хонаеро дар хиёбони Ас-Салосинӣ воқеъ дар маркази шаҳри Ғазза бомбаборон карданд.

ҒаззаНавори ҒаззасаҳюнистӣФаластин
Comments (0)
Add Comment