Сафирони Эрону Арабистон ҷиноёти режими саҳюнистиро маҳкум карданд

Дар дидори сафирони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, охирин вазъияти Фаластин баррасӣ ва бар лузуми маҳкумияти ҷиноёти режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ таъкид шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар дидори “Алиризо Ҳақиқиён” ва “Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Рашидон” сафирони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон дар хусуси охирин таҳаввулоти сарзаминҳои ишғолӣ ношӣ аз ҳамалоти ваҳшиёна ва ҷиноёти ҷангии режими кӯдаккуши саҳюнистӣ ба вижа вазъияти мардуми мазлуми Ғазза гуфтугӯ ва табодули назар сурат гирифт.

Дар ин дидор бар лузуми тадовуми маҳкумияти ҷиноёти саҳюнистҳо ва ҳамафзоӣ кишварҳои исломӣ барои ҳимояти ҷиддитар аз мардуми мазлуми Фаластин таъкид шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҷунбиши муқовимати Фаластин Ҳамос амалиёти “Тӯфони Ақсо”-ро дар таърихи ҳафтуми октябр алайҳи режими палид ва террористии саҳюнистӣ ба иҷро гузошт, ки мунҷар ба ҳалокати ҳадди ақал 1500 саҳюнист ва захмӣ шудани наздик ба 5000 нафар аз онҳо шуд. Дар пайи ин амалиёт кобинаи режими ишғолгари Қудс дастури оғози ҳамалоти густурда ба Навори Ғаззаро содир кард. “Ёав Галлант” вазири ҷанги Телавив бо дастури эъмоли муҳосираи ҳамаҷониба алайҳи Навори Ғазза, вуруди ҳаргуна ғизо, дору, сӯхт, барқ ва ҳатто об ба ин минтақаро мамнуъ кард.

Навори ҒаззаТоҷикистонТӯфони АқсоФаластинҲамосЭрону Арабистон
Comments (0)
Add Comment