Созмони Милал хостори оташбаси фаврӣ дар Навори Ғазза шуд

Комиссари Олии ҳуқуқи башари Созмони Милал бо баёни инки вазъияти Ғазза ба далели камбуди об, барқ, дору ва ғизо рӯ ба фоҷиа аст, гуфт, ки мумониати Телавив аз вуруди кӯмакҳои башардӯстона нақзи қавонини байналмилалӣ аст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, комиссари Олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, бомдоди сешанбе гуфт: «мумониати Исроил аз дастрасии ғайринизомиёни Ғазза ба колоҳо ва хадамот ноқизи қавонини байналмилалӣ аст».

Вай дар бораи ҳамалоти ваҳшёнаи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба Навори Ғазза изҳор дошт: «Исроил бояд аз истифода аз силоҳҳои инфиҷорӣ бо асароти густурда дар манотиқи маскунӣ дӯрӣ кунад».

Ин мақоми Созмони Милали Муттаҳид, бо баёни инки мо хостори оташбаси густардаи инсонӣ дар Ғазза ҳастем, афзуд: «вазъияти Навори Ғазза ба далели камбуди об, барқ, дору ва ғизо рӯ ба фоҷиа аст».

Аз сӯи дигар, Вазорати беҳдошти Фаластин дар Навори Ғазза эълом кард, ки камтар аз 48 соат фурсат доранд то тамоми генераторҳои барқ дар бемористонҳои ин минтақа мутаваққиф шаванд.

Ба навиштаи вебгаҳи “Алҷазира”, ин вазоратхона тавзеҳ дод: «имрӯз мо фақат барои наҷоти ҷони маҷрӯҳоне кор мекунем, ки метавон онҳоро наҷот дод. Мо аз созукори истифода шуда барои расондани кӯмакҳои башардӯстона ва пизишкӣ ибрози таассуф мекунем».

Баъд аз иҷрои амалиёти “Тӯфони Ақсо” тавассути ҷунбиши муқовамати Ҳамос алайҳи режими террористии саҳюнистӣ дар таърихи ҳафтуми октябр, ки мунҷар ба ҳалокати ҳадди ақал 1500 саҳюнистӣ ва захмӣ шудани наздик ба 5000 нафар аз онҳо шуд, кобинаи режими ишғолгари Қудс дастури оғози ҳамалоти густарда ба Навори Ғаззаро содир кард.

Тибқи оморҳои вазорати беҳдошти Фаластин, теъдоди қурбониёни таҷовузоти ҳамаҷонибаи режими саҳюнистӣ ба мардум дар Навори Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ ба беш аз 5 ҳазор шаҳид ва ҳудуди 15 ҳазор маҷрӯҳ расидааст.

Навори ҒаззасаҳюнистӣСозмони МилалТӯфони АқсоҲамос
Comments (0)
Add Comment