Вазири хориҷа бо Комиссари Иттиҳоди Аврупо дидор кард

Дар дидори вазири умури хориҷа ва Комиссари Иттиҳоди Аврупо барои мушорикати байналмилалӣ заминаҳои густардаи ҳамкорӣ байни ду тараф баррасӣ шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Сироҷуддин Меҳриддин” вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо “Ҷота Орпилин” Комиссари Иттиҳоди Аврупо барои мушорикати байналмилалӣ дидор кард.

Дар ҷараёни ин мулоқот, ки дар ҳошияи нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо баргузор шуд, тайфи густурдае аз ҳамкориҳо матраҳ ва дар мавриди илҳоқи Тоҷикистон дар системи тарҷеҳоти гумрукии Иттиҳодияи Аврупо ва мувофиқатномаи мушорикат ва ҳамкорӣ тавсеа ёфта табодули назар шуд.

Сироҷуддин Меҳриддин, зимни баррасии ҳамкориҳои минтақавӣ ба зарфиятҳои барқи обӣ, маводди аввалия ва манобеи инсонии Тоҷикистон ишора ва хостори дар назар гирифтани авомили фавқ дар иҷрои тарҳи «дарвозаи ҷаҳонии» Иттиҳодияи Аврупо шуд.

Вазири умури хориҷа дар ҳошияи ин нишаст ҳамчунин бо “Питер Сиарто” вазири умури хориҷаи Венгрия дидор кард.

Тайи ин мулоқот мавзӯъоти аслии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Венгрия аз ҷумла дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ, омӯзишӣ, ҳифозат аз муҳити зист ва энергия мавриди баррасӣ ва бар лузуми тақвияти чорчуби қарордодӣ ва қонунӣ байни ду кишвар таъкид шуд.

Дар поёни ин дидор, вузарои умури хориҷа ҳамчунин ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар чорчуби барномаи бурсияи таҳсилии Венгрия барои солҳои 2023-2025-ро имзо карданд, ки барои табодули донишҷуён ва муаллимони муассисоти омӯзишии олӣ ва ҳамчунин таҳсили роягони онҳо дар донишгоҳҳои Венгрияро фароҳам мекунад.

Нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо 23 октябр дар Люксембург баргузор ва дар ҷараёни он дар мавриди вазъияти кунунӣ ва чашмандози ҳамкориҳои минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.

Дар «нақшаи роҳи» ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо, ки дар чорчуби ин нишаст ба тасвиб расид, омодагии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо барои густариши бештари ҳамкориҳо дар заминаҳои энергжӣ, ҳамбстагӣ, диҷитоли созӣ, истихроҷ ва фароварии маводди хом ва ҳамчунин амният, тақвияти марзҳо ва муқовимат дар баробари паёмадҳои тағйироти иқлимӣ, дарҷ шудааст.

Дар поёни ин нишаст эъломияи муштараки вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо ба тасвиб расид.

АврупоВенгрияИттиҳодияи АврупоКомиссари Иттиҳоди АврупоОсиёи марказӣТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment