Тазоҳуроти даҳҳо ҳазор ҳомии Фаластин дар Испания

Дар идомаи мавҷи густурдаи барпоӣ тазоҳурот дар ҳимоят аз Фаластин дар саросари ҷаҳон, даҳҳо ҳазор тазоҳуроткунанда дар маҳкумияти ҷинояткории режими саҳюнистӣ дар Ғазза ба хиёбонҳои шаҳри Барселонаи Испания омаданд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, наздик ба 70 ҳазор нафар асри шанбе дар маркази шаҳри Барселонаи Испания таҷаммӯъ карда ва шиори «наслкушӣ дар Фаластинро мутаваққиф кунед» сар доданд.

Ба навиштаи пойгоҳи “Ахбори Каталония”, тазоҳуроткунандагони шаҳри Барселона аз раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо хостанд оташбаси фавриро дар минтақа эъмол карда ва муомилаҳои таслиҳотӣ бо режими саҳюнистиро мутаваққиф кунад.

Тибқи манифесте, ки беш аз 300 созмон имзо карданд, мӯътаризон ҳамчунин дархост карданд, каридуре барои ирсоли кӯмаки башардӯстона бо ҳадафи иҷоза ба вуруди ғизо ва дору ба Ғазза эҷод шавад ва аз Иттиҳодияи Аврупо хостанд бо таҳрими режими саҳюнистӣ «ба ишғолгарӣ, истеъморгарӣ ва апартейд алайҳи Фаластиниҳо поён ва иҷоза ба бозгашти ҳашт миллион овораи фаластинӣ диҳад.»

Аслитарин шиори роҳпаймоёни шаҳри Барселона, «Фаластинро озод кунед» ва «Исроилро таҳрим кунед» буд.

Мӯътаризон ба ҳангоми зикри номи Урсула Фондерлайн, раиси комиссияи Аврупо тавассути суханрони таҷаммӯъ дар эътироз ба мавозеи мутафовити ӯ дар қиболи Украина ва Фаластин, ӯро таҳқир карданд.

Ҳомиёни Фаластин дар шаҳри Барселона зимни дархост барои таваққуфи ҷанг дар Фаластин, хостори қатъи равобити мақомоти байналмилалӣ, аврупоӣ, кишвари Испания ва минтақаи Каталония бо режими саҳюнистӣ шуданд.

Ба навиштаи “Ахбори Каталония”, “На Турло”, яке аз суханронҳои ин таҷаммӯъ гуфт: «мо ин достонро, ки ҳама чиз дар таърихи ҳафтуми октябр шурӯъ шуд рад мекунем. Кулли масъала дар15 май 1948 шурӯъ шуд.»

Ӯ идома дод: «75 сол аз шурӯъи поксозии қавмии тадриҷии раҳбарӣ шуда тавассути Исроил дар Фаластин мегузарад. Боиси хиҷолат аст, ки раҳбарони мо ба тавҷеҳи ин наслкушӣ ба иҷро дар омада тавассути Исроил идома медиҳанд. Мо ба апартейд на мегӯем.»

Даҳҳо ҳазор нафар дар саросари ҷаҳон дар кишварҳои осиёӣ, аврупоӣ ва Корраи Амрико рӯзҳои ҷумъа ва шанбе алайҳи бомбаборони Ғазза тавассути режими саҳюнистӣ тазоҳурот ва бо мардуми Фаластин эълом ҳамбстагӣ карданд. Манобеи расонаӣ аз тазоҳуроти анбӯҳи ҳомиёни Фаластин дар шаҳрҳои Биритониё шомили «Лондон» ва «Дублин» дар ҳимоят аз мардуми Фаластин, барқарории оташбаси фаврӣ ва поёни ишғолгарӣ хабар доданд.

"Ахбори Каталония"АмрикоБарселонаҒаззаИспанияРежими саҳюнистӣФаластин
Comments (0)
Add Comment