Нахустин нишасти Кумитаи ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистону Эрон

 Нахустин нишасти Кумитаи ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба раёсати муовинони вазирони умури хориҷаи ду кишвар баргузор шуд.

Нахустин нишасти Кумитаи ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба раёсати муовинони вазирони умури хориҷаи ду кишвар баргузор шуд.

Нахустин нишасти Кумитаи ройзаниҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба раёсати Содиқи Имомӣ ва Алии Боқирӣ, муовинони вазирони умури хориҷаи ду кишвар баргузор шуд.

Муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон, ки дар раъси ҳайате ба Тоҷикистон сафар кардааст, дар ин нишаст бо ишора ба пайвандҳои забонӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва динии ду кишвар, зимни истиқбол аз раванди рӯ ба рушди равобит дар бахшҳои мухталиф, бар аҳамияти таъмиқ ва тақвияти муносиботи дуҷониба ва чандҷониба дар мавзӯъҳои мавриди алоқа ва нигарониҳои муштарак таъкид кард.

Бинобар иттилои сафорати Эрон дар Тоҷикистон, дар нахустин нишасти Кумитаи ройзаниҳои сиёсии ду кишвар раванди ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ, амниятӣ ва дифоӣ мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт ва дар бораи рафъи мушкилот ва монеаҳои рушди муносиботи дӯстона ва бародаронаи ду кишвар табодули назар сурат гирифт.

Ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳои ду кишвар дар чорчӯби созмонҳо ва маҷмаъҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ монанди Созмони ҳамкории иқтисоди, Созмони Ҳамкории Шангхай, Созмони ҳамкории исломӣ ибрози ризоят ва бар идомаи ҳимоятҳо аз мавқеи якдигар таъкид шуд.

Баррасии таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вазъияти Афғонистон ва охирин таҳаввулоти Ғазза ва ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми мазлуми Фаластин аз дигар мавзӯъҳои матраҳшуда дар ин нишаст буд.

Алии Боқирӣ, намояндаи сиёсии ҶИЭ бо ишора ба инки Ғазза пораи тани ҷаҳони Ислом аст, бар зарурати эҳтимоми ҷиддитари кишварҳои исломӣ дар маҳкумияти ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ ва ҳимоят аз мардуми бепаноҳи Фаластин таъкид кард.

ҒаззаКумитаи ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистону ЭронСозмони Ҳамкории ШангхайТоҷикистонФаластинҶумҳурии Исломии ЭронЭрон
Comments (0)
Add Comment