Ҳеҷ чиз муҷозоти ҷамъиро сафед намекунад

Дабирикулли Созмони Милали Муттаҳид зимни таъкид бар лузуми ирсоли об, ғизо ва кумакҳои пизишкӣ ба Навори Ғазза эълом кард, рухдодҳои Ғазза қобили тавсиф нест ва ҳеҷ чиз муҷозоти ҷамъиро сафед намекунад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Антонио Гутерриш, дабирикулли СММ дар ҷараёни конфаронси матбуотии муштарак бо Сами Шукри, вазири хориҷаи Миср дар Қоҳира гуфт, бояд ба қавонини байналмилалӣ ва қавонини башардӯстона эҳтиром гузошта шавад ва ҳимояту ҳифозат аз ғайринизомиён авлавияти асосӣ бошад.

Вай дар идомаи афзуд, ҳадаф қарор додани марокизи пизишкӣ таҷовузи ошкор ва нақзи усули қавонини байналмилалӣ ва қавонини инсонӣ мебошад.

Дабирикулли СММ ҳамчунин таъкид кард, ончи дар Ғазза рух медиҳад, қобили тавсиф нест ва ҳеҷ чиз муҷозоти ҷамъиро тавҷеҳ намекунад.

Гутерриш ҳамчунин аз талошҳои Абдулфаттоҳ Ассиси, раисҷумҳури Миср дар ростои коҳиши таниши кунунӣ дар Навори Ғазза тамҷид кард.

Гутерриш ба Миср сафар карда то талошҳои дипломатики худро пас он ки хостори оташбаси инсонии фаврӣ миёни режими саҳюнистӣ ва Ҳамос шуд, пайгирӣ кунад.

Ҳудуди 3000 тонна маводи ғизоӣ аз рӯзи шанбе дар самти иисрии гузаргоҳи Рафаҳ дар интизори гирифтани муҷаввизи вуруд ба Ғаззааст. Рӯзи чоршанбе Шӯрои амнияти СММ дар мавриди қатъномае, ки хостори “вақфаҳои башардӯстона” барои ирсоли кумакҳо буд ба тавофуқ нарасид.

Антонио ГутерришҒазааРежими саҳюнистӣСММФаластин
Comments (0)
Add Comment