Шодӣ Шабдолов, сиёсатмадори барҷастаи кишвар даргузашт

Шодӣ Шабдолов, собиқ раиси Ҳизби комунистӣ ва яке аз сиёсатмадорони барҷастаи тоҷик даргузашт.

Шодӣ Шабдолов, собиқ раиси Ҳизби комунистӣ ва яке аз сиёсатмадорони барҷастаи тоҷик даргузашт.

Зарагул Мирасанова, яке аз масъулони Ҳизби комунисти Тоҷикистон бо нашри як изҳороти расмӣ аз даргузашти Шодӣ Шабдолов, собиқ раиси Ҳизби комунисти Тоҷикистон, вакили собиқи парлумон ва яке аз сиёсатмадорони барҷастаи кишвар дар синни 80-солагӣ хабар додааст.

Мирасанова ба аҳли оила, аз ҷумла наздикону мукаррабони марҳум ва тамоми коммунистони Тоҷикистон ҳамдардии амиқ изҳор кардааст.

Ҳарчанд ӯ сабаби марги роҳбари собиқи коммунистҳои тоҷикро нагуфтааст, вале ба мо маълум аст, ки ӯ чанде пеш дар беморхона бистарӣ ва ҷарроҳӣ шуда буд. Эҳтимол маҳз бемории пас аз ҷароҳиаш сабаби марги ӯ шуда бошад.

Маросими ҷанозаи Шабдолов пагоҳ дар зодгоҳи сиёсатмадор – шаҳри Хоруғ баргузор мешавад. Дар назар аст, ки ӯро дар зодгоҳаш ба хок супоранд.

Шодӣ Шабдолов, ки ду рӯз пеш, 17-уми октябр ба синни 80-солагӣ расида буд.

Ӯ ба ҳайси яке аз ходимони собиқадори сиёсиву давлатӣ қариб 25 сол роҳбарии Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро ба уҳда дошт ва 4 маротиба вакили парлумон интихоб шуд. Аз камтарин сиёсатмадорон ва вакилони фаъоли парлумони Тоҷикистон дониста мешуд, ки вобаста ба масоили мубрам ҳамеша мавқеашро ошкоро ва боҷуръат баён медошт. Соли 2016 аз фаъолияти сиёсӣ канор рафт ва бознишаста шуд.

Шодӣ Шабдолов 17 октябри соли 1943 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ таваллуд шудааст.

ВМКБпарлумонТоҷикистонХоруғШодӣ Шабдолов
Comments (0)
Add Comment