Изҳороти сафири Фаластин пас аз таҷовузи ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ

Сафири Фаластин дар Душанбе ҳамлаҳои режими саҳюнистӣро ба Навори Ғазза ва Каронаи Ғарбӣ маҳкум кард.

Сафири Фаластин дар Тоҷикистон ҳамлаҳои артиши Исроилро ба Навори Ғазза ва Каронаи Ғарбӣ дар бештар аз даҳ рӯзи охир маҳкум кард.

Луай Исса дар нишасти хабарӣ гуфт, дар натиҷаи ин ҳамлаҳо бештар мардуми осоишта ҷон бохтанд. Исроил мегӯяд, мушакборони Ғазза посух ба ҳамлаи гуруҳи фаластинии “Ҳамос” аст ва ҳадафаш ҷангӯёнанд, на мардуми осоишта.

Луай Исса ба хабарнигорон дар Душанбе гуфт:”Давлати ишғолгари Исроил дар панҷ рӯз ба сари фаластиниҳо дар Ғазза бо вазни умумии беш аз 4 ҳазор тонна 6 ҳазор бомба партофтааст. Ин ба чаҳор бомби атомӣ баробар аст. Дар натиҷаи набудани маводи тиббӣ ва сӯзишворӣ бемористонҳо ба қабристон табдил ёфтанд. Фаластиниҳо дар Ғазза ба дафни наздикони худ дар қабрҳои дастҷамъона шуруъ карданд”.

Қайд карда мешавад, ки бар  асари амалиёти Тӯфони Ақсо, тавассути гурӯҳҳои муқовимати Фаластин ва дар дифоъ аз ҳаққи табиии худашон ва дифоъ аз сарзаминашон ва Масҷидулақсо, зиёда аз 1400 исроилӣ ҳалок шуда ва сеюним ҳазор нафар захмӣ шудаанд. Режими саҳюнисӣ дар садади амалиёти заминӣ дар Ғазза аст; аз як сӯ “Ҳамос” қаламравашро мушакборон кард ва аз сӯи тарси шадид аз вуруди дигар ҳаракатҳои муқовиматӣ дар саросари ҷаҳонро дорад ва барои ҳамин аст, Исроили ишғолар дигар тавоноии тасмимгирӣ надорад ва ба корҳои ғайри инсонӣ рӯй овардааст.

ИсроилМуқовиматРежими саҳюнистӣФаластинҲамос
Comments (0)
Add Comment