Афзоиши бесобиқаи тиҷорати электронӣ дар кишварҳои ИИАО

Дар қаламрави кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО)  суръати рушди савдои электронӣ бештар аз ҷаҳонӣ аст ва дар соли гузашта рушд дар сатҳи 30% сабт шудааст.

Дар қаламрави кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО)  суръати рушди савдои электронӣ бештар аз ҷаҳонӣ аст ва дар соли гузашта рушд дар сатҳи 30% сабт шудааст.

Ба гузориши манбаъ:

Дар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тиҷорати электронӣ фаъолона ривоҷ ёфта, суръати афзоиши он аз сатҳи ҷаҳонӣ бештар шудааст.

Дар ин бора хадамоти матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.

Дар паёми Ернар Бакенов, мудири департаменти рушди тиҷорати Комиссия иқтисодии АвруОсиё гуфта мешавад:

“Суръати афзоиши савдои электронӣ аз суръати афзоиши он дар ҷаҳон зиёдтар аст, аз рӯи маълумоти агентиҳои миллии экспертӣ афзоиши аз ҳама бештар 30% дар соли 2022 дар Қазоқистон ва Русия ба қайд гирифта шудааст”.

Вай афзуд, ки Комиссияи иқтисодии Авруосиё якҷо бо кишварҳои узви иттиҳод феълан “барои татбиқи танзими махсуси бозори савдои электронӣ дар доираи ИИАО фаъолият дорад.

Ин манбаъ хабар додааст, ки дар соли 2022 фурӯши ҷаҳонӣ тавасути онлайн 19% бозори ҷаҳонии чаканаро ташкил дода, ба ҳисоби пулӣ аз 5,5 триллион доллар гузаштааст.

Ба гуфтаи коршиносон, дар соли 2027 ҳиссаи тиҷорати ҷаҳонӣ 25% ё 9,1 триллион долларро ташкил хоҳад дод.

 

ИИАОтиҷорати электронӣ
Comments (0)
Add Comment