Вазири Испания: Исроил дар ҳоли наслкушӣ дар Ғазза аст

Вазири ҳуқуқи иҷтимоӣ Испания гуфт, ки рафтори режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва маҳрум кардани садҳо ҳазор нафар аз об ва барқ ва ғизо, метавонад «ҷинояти ҷангӣ ва наслкушӣ барномарезӣ шуда» таъриф шавад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Иван Белара” вазири ҳуқуқи иҷтимоӣ Испания дар суханоне дар вокуниш ба иттифоқоти ин рӯзҳои Ғазза, гуфт, ки режими саҳюнистӣ даст ба муҷозоти дастаҷамъӣ сокинони Ғазза задааст.

Ба навиштаи вебсайти Ара б48, ӯ гуфт: «Исроил садҳо ҳазор нафарро бидуни барқ ва об ва ғизо раҳо карда ва иқдом ба бомбаборони ғайринизомиён мекунад, ки як муҷозоти дастаҷамъӣ ва нақзи хатарноки қавонини байналмилалӣ аст ва метавон онро ҷинояти ҷангӣ ва наслкушӣ донист».

Иван Белара рӯзи гузашта низ гуфта буд, ки Бенямин Нетаняҳу бояд таҳвили девони кайфарии байналмилалӣ (мустақар дар Ғазза) дода шавад; Ин вазири Испания гуфт: «Сокинони Ғазза дар маърази наслкушӣ ба ҳимояти Амрико ва Аврупо қарор доранд ва мехоҳам, ки мухолифатам бо ин шароитро нишон диҳам».

Вазири ҳуқуқи иҷтимоӣ Испания ҳамчунин гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико, Исроилро барои идомаи сиёсатҳои хасмонаи худ ташвиқ мекунанд.

Педро Санчес, нахуствазири Испания низ шомгоҳи шанбе хостори ба расмият шинохтани роҳиҳали ду давлатӣ ва ташкили кишвари Фаластин барои поёни даргириҳо шуд ва гуфт, ки ҷуз бо ин роҳиҳал Фаластиниҳо ва Исроилиҳо ҳаргиз бо сулҳ канори ҳам зиндагӣ нахоҳанд кард.

Дар ин миён садҳо нафар рӯзи гузашта дар Мадрид, пойтахти Испания ба хиёбонҳо омаданд ва ҷиноёти режими палид ва кӯдак куши Исроил дар Ғаззаро маҳкум карданд, тазоҳуроте, ки намояндагоне аз эътилофи ҳоким низ дар он ҳузур доранд; Илова бар Мадрид ва чанд шаҳри дигари Испания низ шоҳиди таҷаммӯъоти мухталиф дар маҳкумияти ҷиноёти саҳюнистҳо буд; Онҳо хостори қатъи робита бо режими саҳюнистӣ ва эъломи бароат аз мавозеи Иттиҳодияи Аврупо шуданд.

ҒаззаИспанияИсроилМадридсаҳюнистӣ
Comments (0)
Add Comment