Дидори руасои ҷумҳури Узбакистон ва Беларус

Руасои ҷумҳури Узбакистон ва Беларус дар дидоре дар шаҳри "Бишкек" дастури кори дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Шавкат Мирзёев” раисҷумҳури Узбакистон ва “Александр Лукашенко” раисҷумҳури Беларус дар ҳошияи нишасти давраӣ шӯрои русои ҷумҳури ҷомеаи кишварҳои мустақили муштаракул манофеъ дар шаҳри “Бишкек” дидор ва дастури кори дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Руасои ҷумҳур дар ин дидор бо ризоятмандӣ ба тавсеаи пуртаҳарруки равобити чанд ҷонибаи Узбакистон ва Беларус таъкид карданд.

Дар ин дидор эълом шуд ҳамакнун шохисҳои мубодилоти тиҷорӣ афзоиш меёбад, иҷрои лоиҳаҳои таовун дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ идома дорад. Маросимҳои муштарак дар заминаҳои фарҳангӣ, синмоӣ ва варзишӣ ба таври муназзам баргузор мешавад.

Сарони ду кишвар бар аҳамияти иттихози иқдомоти ҳамоҳанг барои густариши беш аз пеши ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ аз ҷумла созмондеҳии нишасти давраӣ комиссияи байнидавлатӣ, ҳамоиши манотиқ ва дидори русои донишгоҳҳои барҷастаи Узбакистон ва Беларус таъкид карданд.

Русои ҷумҳур ҳамчунин дар мавриди ҳамкориҳои мутақобил дар чорчуби ҷомеаи кишварҳои мустақили муштаракул манофеъ ва соири сохторҳои байналамллӣ табодули назар карданд.

Дар ин дидор барномаи маросимҳои оянда низ барраси шуд.

Мубодилоти бозаргонии Узбакистон ва Беларус дар 6 моҳи аввали соли 2022 мелодӣ дар сатҳи 190 миллион доллар қарор гирифта аст.

Беларус истиқлоли ин кишварро дар таърихи 27 декабр соли 1991 мелодӣ ба расмият шинохта ва дар таърихи 21 январи соли 1993 мелодӣ байни ин ду кишвар равобити дипломатик барқарор шудааст.

БеларусУзбакистонУзбакистон ва Беларус
Comments (0)
Add Comment