Тӯфони Ақсо вокуниши табиӣ ба 75 сол ҷиноят аст

Сафорати Эрон дар Тоҷикистон тайи баёнияе эълон кард, ки Тӯфони Ақсо аз суи Ҷабҳаи муқовимати Фаластин ба номи Ҳамос вокуниши табиӣ ба 75 сол ҷиноят аст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, сафорати Эрон дар Тоҷикистон бо судури баёнияе дар бораи таҳаввулти ахир дар сарзаминҳои ишғолӣ бо таъкид ба ҳаққи қонунии мардуми Фаластин барои иҷрои Тӯфони Ақсо дар дифоъ аз худ ва сарзаминашон, режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни онро масъули вазъияти кунунӣ донист.

Сафорати Теҳрон дар Душанбе эълон кард: Амалиёти Тӯфон Ақсо вокунише табиӣ ба ҳадди ақал 75 сол ишғол, таҷовуз, ҷиноят ва кӯдаккушӣ алайҳи миллати мазлум ва бепаноҳи Фаластин аст.

Ин сафорат таъкид кард, режими кӯдаккуши саҳюнистӣ 15 сол аст, ки беш аз 2 миллион нафар аз сокинони Ғаззаро дар маърази муҳосира ва маҳрумият аз заруриёти зиндагии худ қарор додааст. Амалиёти Тӯфони Ақсо ҳаракати худҷӯши мардум ва гурӯҳҳои муқовимати фаластинии Ҳамсӯ бо “дифои қонунӣ” аз ҳуқуқи зотии миллати Фаластин бар асоси “усул ва ҳуқуқи бунёдини байналмилалӣ” аст.

Режими ишғолгари Исроил ва ҳомиёни он масъӯли вазъияти кунунӣ буда ва барои идома ва ташдиди хушунатҳо ва ҷиноёт алайҳи ғайринизомиёни фаластинӣ бояд посухгӯ бошанд.

Режими нажодпараст ва худсохтаи Исроил аз оғози пайдоиши нангини худ бо ишғолгарӣ, наслкушӣ, нажодпарастӣ, ҷиноёти ҷангӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият аҷин буда танҳо аз соли 2000 токунун беш аз 2300 кӯдаки фаластиниро куштаанд, ки беш аз 300 мавриди он тайи рӯзҳои ахир анҷом шудааст; оморе, ки мутаасифона ҳар рӯз ва ҳар соат дар ҳоли афзоиш аст.

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни маҳкум кардани ҷиноёти ҷангӣ ва иқдомоти зидди башарии режими ишғолгари саҳюнистӣ дар қиболи мардуми мазлуми Фаластин, дифои қонунӣ ва одилонаи ҷавонони фаластинӣ ва неруҳои муқовиматро ҳосили замоншиносӣ, ақли роҳбурдии онҳо дониста ва итминон дорад бо ҳиммату шуҷоати ҷавонони фаластинӣ ба хости Худованд Тӯфони Ақсо муқаддамае бар озодии тамомии сарзаминҳои ишғолии Фаластин хоҳад шуд.

ҒаззаИсроилРежими саҳюнистӣТӯфони АқсоФаластинЭрон
Comments (0)
Add Comment