Муҳриддин хостори оташбас миёни Фаластин ва Исроил шуд

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба ҳамроҳи ҳамтоёни худ дар ҷаласаи Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил дар Бишкек нигаронии худро аз ташдиди даргириҳо байни Фаластин ва Исроил иброз доштанд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин зимни ибрози нигаронӣ хостори оташбас миёни неруҳои муқовимати Фаластин ва режими саҳюнистии Исроил шуд.

Муҳриддин аз ду тараф даъват кард, ки амалиёти ҷангиро фавран бас кунанду барои хуруҷи мардуми осоишта долонҳои башардӯстона боз кунанд.

Дар ин бора дар изҳороти муштараки сарони вазоратҳои хориҷаи кишварҳои муштаракулманофеъ гуфта мешавад ҳамаи вазирон якдилона ба ҳама гуна зуҳуроти ифротгароӣ, терроризм, инчунин гаравгонгирӣ ва истифодаи бесарусомонӣ ҳангоми амалиёти ҷангӣ дар Ховари Миёна мухолифат карданд.

Илова бар ин, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ аз “фалокати башардӯстона дар навори Ғазза” нигаронанд.

Онҳо зарурати якҷоя расондани ҳама гуна кумакҳои лозимиро ба ниёзмандон иброз доштанд.

Бар аҳамияти муколамаи дипломатӣ дар сатҳи байналмилалӣ барои ноил шудан ба сулҳ дар Ховари Миёна низ дар ин нишаст таъкид шудааст.

Тӯфони Ақсо

Рӯзи 7 октябри 2023 дунё бо як иттифоқи мутаҳайирона рӯбарӯ шуд “Тӯфони Ақсо” бузургтарин амалиёти зидди исроилӣ буд, ки дар дохили сарзаминҳои ишғолӣ дар таърихи Фаластин рақам хӯрд. Амалиёти раъдосои “Тӯфони Ақсо” бо шиллики панҷ ҳазор мушак аз самти Ғазза ба сӯи Исроили буд, ки ба эътирофи расонаҳои режими саҳюнистӣ бузургтарин ва пурхатартарин ҳамлаи ҳавоӣ будааст ва бештарин омори куштаву захмиро то ба ин лаҳза дар пай доштааст, ки бо шикасти комили низомӣ ва амниятии режими саҳюнистӣ ҳамроҳ буд.

Қобили зикр аст; неруҳои фаластинӣ барои тасарруф ва аз байн бурдани режими саҳюнистӣ аз замин, ҳаво ва дарё ба самти сарзаминҳои ишғолӣ пешравӣ кардаанду чандин шаҳраки саҳюнистнишинро ба тасарруфи худ даровардаанд. Ин ахбор ҳокӣ аз он аст, ки неруҳои муқовимат комилан ҳисобшуда, амалиёти худро иҷро кардаанд то битавонанд ба дили ин режим нуфӯз ва онро муталошӣ кунанд.

Аз ин рӯ ҳамалоти пай дар пайи ҳавоӣ ба Исроил дар канори талафоти ҷоние, ки барои ин режим дошт, бахши умдаи он ин буд, ки онҳоро саргарм кард то битавонанд дар амалиёти барномарезӣ шуда ба дохилу умқи арозии ишғолии Фаластин нуфуз кунанд то онҷое, ки то ба акнун тавонистаанд садҳо километри мураббаъро ба кантроли худ дароваранд.

Бар асоси ин гузориш тамоси фармондеҳи режими саҳюнистӣ бо нерӯҳояш қатъ шуда ва чандин тан аз низомиёни артиши режими Исроил асиру тибқи омори эълом шуда аз сӯи ин режим 1500 нафар кушта, ва 3715 нафар ҳам захмӣ шудаанд ва ҳамчунин неруҳои фаластинӣ муваффақ ба ғанимат гирифтан чанд дастгоҳи танки артиш шудаанд, ки ин нишон медиҳад ҷумбиши Ҳамос ин бор пирӯзи майдони набард шудааст.

Гуфтанӣ аст; расонаҳои исроилӣ аз аҳволи бади бисёре аз маҷрӯҳон хабар дода ва гуфта баъд аз ишғоли шаҳракҳои саҳюнистнишин тавассути фаластиниҳо ҳеч кадом аз фармондеҳони артиш аз онҳо ҳимоят накардааст ва бархе аз нашрияҳои саҳюнистӣ ба сароҳат шикасти режим дар баробари Ҳамосро сангин эълом кардаанд.

Ҳамалоти пай дар пайи муқовимати Фаластин ба Исроил ба гӯнае будааст, ки бархе расонаҳои саҳюнистӣ эълом карданд, “Исроил шикасти бузурги низомӣ ва иттилоотӣ хӯрд, ки ҳаргиз дар умрам шоҳиди чунин чизе набудам ва ин фоҷиа фақат шикасти иттилоотии Исроил нест, балки шикасти иттилоотии амиқи сарчашма гирифта аз сиёсати таҳти раҳбарии Иёлоти Муттаҳидааст” ва ҳамчунин навиштанд: “дар ҳоле, ки ҷанг дар ҷануби Исроил идома дорад, суоли аслӣ ин аст: оё Ҳизбуллоҳ ҳамлае ба шимол анҷом хоҳад дод ё не? лизо ин иқдом, Исроилро маҷбур мекунад дар 2 ҷабҳа биҷангад.”

Ҳамаи ин иттифоқот дар ҳоле рақам хӯрд, ки “Солеҳ Ал-арурӣ изҳор мекунад: иттилооте дар даст дорем, ки режими саҳюнистӣ дар ҳоли омода шудан буд то баъд аз айёми рӯзҳои истироҳат ба Каронаи Бохтарӣ ва Ғазза ҳамла кунад.

Ал-арурӣ, ки аз сарони Ҳамос ва масъули ҳамоҳангии утоқи амалиёти муштараки муқовимат аст, мегӯяд: дар пайи ҳамлаи ҳавоӣ ба Исроил чанд тан аз афсарони баландпоя аз исроилиҳоро ба асорат гирифтаему худамонро барои муқобила бо ҳаргуна ҳамла, бахусус ҳамлаи заминӣ омода кардаем.

Бар асоси ин гузориш ҳамлаи мушакии неруҳои муқовимат фақат ба партоби ракета хатм нашуда ва тактики набарди неруҳои муқовимат қобили тавваҷуҳ будааст, набарде, ки бо оташ оғоз мешавад, аммо неруҳои омодаи фаластинӣ зудтар вориди амал шуда пойгоҳҳоро бо тамомии таҷҳизот ба тасарруфи худ дармеоваранд ва ҳамчунин гурӯҳҳои сойберӣ ҳамзамон бо амалиёти “Тӯфони Ақсо” зерсохтҳои режими саҳюнистиро мавриди ҳадафи ҳамлаи сойберӣ қарор медиҳанд, гурӯҳи сойберие, ки бо нуфӯз ба ширкати Тога, ба маркази мудирияти шаҳрҳои мухталифи сарзамини ишғолӣ, дастрасӣ пайдо карда ва шаҳри Явнаро дар торикии комил фурӯ бурда ва ҳамаи мактабҳо ва марокизи омӯзишӣ дар сартосари Фаластини ишғолиро таътил кардааст.

Зикри ин нукта, ки хонаи шайтон бо хорӣ нобуд шуд ва асорати хиффатбори баъзе аз афсарони аршади режими саҳюнистӣ аз нишонаҳои шикасти Исроил дар баробари неруҳои муқовимат аст.

Бар асоси ин гузориш шояд ҳамлаи ракетии Ҳамос аз диди бархе фақат як ҳамлаи паҳподӣ бошад, аммо таҳлили бархе бар ин аст, ки ин зарбаи ҳалоккунанда ба қалби ин режим ва асир кардани теъдоде аз артишиён ва ё кушта шудан онҳо ба дасти нерӯҳои муқовимат як барги баранда барои мубодила бо усарои фаластинӣ аст, ки солиёни сол аст ба дасти ин режими ғосиб асир шудаанд.

ИсроилРежими саҳюнистӣСироҷиддин МуҳриддинТоҷикистонТӯфони АқсоФаластин
Comments (0)
Add Comment